Забон ва адабиёт

Шеърхонии Шоҳмансури Шоҳмирзо дар ҳузури раҳбари Эрон (видео)

Дил андӯҳпарвар набошад, набошад,

Ҳумо соягустар набошад, набошад.

Ба ширинии зикри Ҳақ дилхушам ман,

Сари суфра шаккар набошад, набошад.

Сипоҳам ба ҷанги дадон нури ишқ аст,

Сиёҳии лашкар набошад, набошад.

Хушо гум шудан дар миъоди нигоҳат,

Агар субҳи Маҳшар набошад, набошад.

Мабодо ҷудо гардад аз ман ғами ишқ,

Агар коми дилбар набошад, набошад.

Маро сарват ин нест ҷуз хоки кӯяш,

Гадо гар тавонгар набошад, набошад.

Ба лавҳи дили худ набиштем шеъре,

Ба девону дафтар набошад, набошад.

Маро бодае деҳ зи хумми вилоят,

Магӯ май зи Кавсар набошад, набошад.

Илоҳӣ сарат сабз бодо, ҳамеша,

Ба тан гар маро сар набошад, набошад.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.