Сиёсат

Домулло Исломуддин Файзалӣ: “ДОЪИШ барои баргардондани афкори умумӣ аз Қудс эҷод шудааст”

Дар мизи гирди коршиносӣ, ки ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии Қудс дар дафтари хабаргузории Форс дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, коршиносон ва соҳибназарон дидгоҳҳои худ перомуни ин мавзӯи меҳварии ҷаҳони Исломро матраҳ карданд.

Ба гузориши хабаргузории Форс, дар ин мизи гирд Исломуддин Файзалӣ, узви Шӯрои сиёсии ҲНИТ, Муҳаммадсалом Махшулов, коршиноси сиёсӣ ва пажӯҳишгари Окодемии улуми Тоҷикистон, Раҳматуллоҳ Абдулллоев, муовини раиси Маркази мутолеоти Афғонистон ва минтақа, Ҳайдаршо Акбаров, коршиноси масоили иҷтимоӣ ва намояндаи пешини порлумони Тоҷикистон, Бобоҷони Шафеъ, коршиноси сиёсӣ ва рӯзноманигор, Мардон Муҳаммад, таҳлилгари масоили сиёсӣ ва Иршод Сулаймонӣ, рӯзноманигор ва коршиноси сиёсӣ ҳузур ёфтанд.

Дар ин мизи гирд, Домулло Исломуддин Файзалӣ, узви Шӯрои сиёсии ҲНИТ, бо баёни ин ки рӯзи ҷаҳонии Қудс аз ёдгорҳои бисёр арзишманди Имом Хумайнӣ (р) барои таъмини ваҳдати уммати исломӣ ба шумор меравад, гуфт: “Он чӣ имрӯз дар Ховари Миёна бо меҳварияти нақши режими саҳюнистӣ ва муттаҳидони ғарбӣ ва шарқияш мегузарад, бо ҳадафи эҷоди ихтилоф ва парокандагӣ дар миёни кишварҳои исломӣ ва аз ин тариқ дар ҳошия қарор додани афкори умумии ҷаҳони Ислом дар мавриди Қудс аст.”

Вай бо таъкид бар аҳаммияти эъломи рӯзи ҷаҳонии Қудс аз сӯи Имом Хумайнӣ (р), тасреҳ кард: “Эъломи ин рӯз пас аз як сол аз пирӯзии Инқилоби Исломӣ, паёми бисёр бузурге ба ҳамроҳ дошт. Ба ин маъно, ки раҳбари Инқилоби Исломӣ иқдоми ҳакимонаи хешро дар шароите анҷом дод, ки ҳанӯз Эрон даргири мушкилоти мутаъаддид ва бисёр ҷиддӣ буд, аммо Имом Хумайнӣ (р) бо шинохти дақиқе, ки аз масоили калидии ҷаҳони Ислом дошт, озодии Қудсро бидуни таваҷҷӯҳ ба чигунагии вазъияти дохилӣ ва хориҷӣ, авлавияти шумораи аввал барои уммати исломӣ донист.”

Домулло Исломуддин Файзалӣ гуфт: “Ин мавзӯъ душманони қасамхӯрдаи Ислом ва ба хусус саҳюнизм ва муттаҳидонашро то ҷое нигарон кард, ки тайи сею ним даҳаи гузашта ҳамеша алайҳи рӯзи ҷаҳонии Қудс даст ба тавтиъа шуданд. Онҳо талош мекунанд вазъиятро дар самту сӯе қарор диҳанд, то аз аҳаммият ва ҷойгоҳи Қудс дар афкори умумии мусалмонон ва ҷаҳон коста шавад. Имрӯз кор ба ҷое расида, ки қасд доранд бо алам кардани гурӯҳи теруристии ДОЪИШ, мавзӯи Фаластин ва рӯзи Қудсро аз азҳони умумӣ дур кунанд.”

Файзалӣ афзуд: “Зимни баррасии мавзӯъ метавон ба ин натиҷа расид, ки ДОЪИШ тайи ҳузури низомии Омрико дар Ироқ эҷод ва сипас вориди майдон шудааст. Аз он мавқеъ ба ин тараф ҳамаи иқдомоти ДОЪИШ дар ростои манофеи саҳюнизм ва империёлизми ҷаҳонӣ будааст.”

ДОЪИШ ба тарви комил дар хидмати саҳюнизм аст

Домулло Исломуддин Файзалӣ бо ишора ба ҷиноёти ДОЪИШ ва латма задани он бар манофеи уммати исломӣ, гуфт: “Имрӯз теруристҳо бо гузоштани риш ва аммома зоҳири худро “исломӣ” дуруст карда ва бо нидои “Аллоҳу Акбар” сар аз тани мардум ҷудо мекунанд. Ин мусибати бисёр бузург барои ҳамаи мусалмонони ҷаҳон аст. Чаро ки чунин шеваи амал барои омӯзаҳои исломӣ комилан бегона аст. Ҷолиб ин ҷост, ки ваҳшигарии ҷиноёти ДОЪИШ тамоми дунёро ба ташвиш овардааст, вале “Исроил” ҳеч нигароние барои худ эҳсос намекунад.”

Файзалӣ афзуд: “Ба сурати табиӣ ин пурсиш пеш меояд, ки чаро режими ишғолӣ ва ғосиби саҳюнистӣ аз вуҷуди чунин гурӯҳҳои тундрави “исломӣ”, ки тамомияти арзии кишварҳоро ба чолиш кашидааст, нигаронӣ надорад? Зеро иқдомоти ДОЪИШ ба таври комил ҳамсӯи бо манофеи ин режим мебошад. Ин ки бархе аз манобеи расонаӣ аз мудово шудани теруристҳои захмӣ дар бемористонҳои режими саҳюнистӣ хабар медиҳанд, худ таъйиди вуҷуди решаҳои муштараки онҳо мебошад.”

Вай идома дод: “Мутаъассифона иддае аз кишварҳои арабӣ бо ДОЪИШ ва гурӯҳҳои теруристӣ ҳамкорӣ дошта ва аз онҳо ҳимояти молӣ анҷом медиҳанд. Ҳатто гуфта мешавад, ки сервисҳои амниятии бархе аз ин кишварҳо дар интихоби ҳадаф ва шиносоии вазъият, ба теруристҳо кӯмакҳои зиёде мекунанд.”

Устод Файзалӣ афзуд: “Ҷиҳатгирии иқдомоти ДОЪИШ нишон медиҳад, ки ин гурӯҳи теруристӣ бо ҳидоят ва ҳимоятҳои берунӣ марокиз ва конунҳоеро ҳадаф қарор додааст, ки дар он ҷо ҷунбишҳое барои ваҳдати ҷаҳони Ислом ва ё озодии минтақа вуҷуд дошта ва ё дар ҳоли шаклгирӣ мебошад. Ин ҷунбишҳо барои таҳаққуқи аҳдофи ҷаҳонхорони имрӯз музоҳимат эҷод мекунанд, ки мехоҳанд бо дастони теруристони муздур садои онҳоро хомӯш кунанд.”

Вай идома дод: “Имрӯз ҳатто дар хеле аз кишварҳои мусалмон бо баҳонаи ДОЪИШ ба дунболи маҳдуд ва маҳкум кардани ҳаракати гурӯҳҳои исломӣ ҳастанд, ки дорои андеша ва мавозеи мустақил мебошанд. Мо дар Амороти Муттаҳидаи Арабӣ шоҳид будем, ки чӣ гуна Ихвониҳоро барои муддатҳои бисёр тӯлонӣ роҳии зиндон ва ё дар Миср аз тариқи додгоҳҳои мармуз садҳо нафар аз онҳоро маҳкум ба эъдом карданд. Чунин иқдоме бидуни ҳимоятҳои хориҷӣ (ғарбӣ) барои ин давлатҳо ғайри мумкин аст.”

Буъди исломии масъалаи Қудс бо тағйири бунёдӣ дар Арабистон тақвият хоҳад шуд

Устод Файзалӣ дар бахши дигаре аз суханони худ дар ин мизи гирд изҳор дошт: “Дар матни таҳаввулоти ҷории Ховари Миёна ва куллан ҷаҳони Ислом бояд беш аз гузашта аҳаммияти иқдоми Имом Хумайнӣ (р) барои дифоъ аз Қудсро шинохт. Бояд буъди исломӣ ва минтақаии Қудс тақвият шавад, чаро ки буъди инсонии он аз марзҳои кишварҳои мусалмон фаротар рафта ва ҳатто теъдоди қобили таваҷҷӯҳе аз ҷавомеи ғарбӣ ва офриқоӣ аз рӯзи ҷаҳонии Қудс ҳимоят ба амал меоваранд ва режими саҳюнистиро (бар хилофи бештари кишварҳои мусалмон, ки дар баробари таҷовузоти душман сукутро тарҷеҳ медиҳанд) маҳкум мекунанд. Бинобар ин, набояд гузошт саҳюнизм бо найрангҳое, ки барои минтақа тарроҳӣ кардааст, буъди мазҳабӣ ва исломии қазияи Қудс ва Фаластинро тазъиф кунад. Чаро ки ин амр барои ояндаи уммати исломӣ бисёр хатарнок хоҳад буд.”

Вай дар идома таъкид кард: “Ҷумҳурии Исломии Эрон бар асоси тасмиме, ки ҳазрати Имом (р) дар беш аз 3 даҳа пеш гирифта буд, имрӯз бо қотеияти тамом аз Қудс дифоъ мекунад, вале ба далели ҳасодатҳо ва кӯтаҳбиниҳои иддае аз кишварҳои арабии вобаста ба саҳюнизм ва Ғарб, мавзӯи Фаластин натавонистааст ба меҳвари ваҳдат ва ҳамбастагии исломӣ ва минтақаӣ табдил шавад. Ҳамон гуна, ки коршиносони ширкаткунанда дар ин мизи гирд таъкид карданд, монеъи аслӣ режими Саудӣ аст ва агар тағйир ва таҳаввули мавриди интизор дар ин кишвар ба бор биёяд, умед аст, ки заминаи ҳамкорӣ байни Риёз ва Теҳрон ва боқии кишварҳои исломӣ барои дифоъ аз Қудс ва манофеи уммат ба сурати муносиб фароҳам хоҳад шуд.”

Таъкид бар зарурати ҳамкориҳои уламои исломӣ

Файзалӣ бо баёни ин ки феълан умеди зиёде ба давлатҳои мусалмон ва ба хусус кишварҳои арабии ҳамсӯ бо режими ишғолгар дар баҳси ваҳдати исломӣ боқӣ намондааст, гуфт: “Бояд саъй ва талош дар ҷиҳати ҳамкорӣ ва ҳамфикрии уламо, донишмандон ва фарҳангиёни исломӣ кард. Албатта дар торихи муосири ислом иқдомоте байни донишгоҳи Алазҳар ва Тақрибул-мазоҳиби Эрон сурат гирифт ва корҳои бисёр хубе ҳам анҷом шуд.”

Вай идома дод: “Ман аз он иттилоъ надорам, ки имрӯз баҳси Қудс дар ин чорчӯб то куҷо матраҳ буда ва ба он аҳаммият дода мешавад, вале мутмаиннан агар ҳамкорӣ ва ҳамфикрӣ байни уламои исломӣ дар масъалаа Қудс сурат гирад, ҳатман натоиҷе дар пай хоҳад дошт. Бинобар ин, ҳамон гуна ки Имом (р) дар ибтидои Инқилоб рӯи ҳамкорӣ бо миллатҳо таъкид дошт, ин мавзӯъ имрӯз аз аҳаммияти болотаре бархӯрдор шудааст. Чаро ки ба далели вобастагияшон ба қудратҳо умеде ба сиёсатмадорони бештари кишварҳои исломӣ боқӣ намондааст.”

Чароии бетаваҷҷӯҳии давлатҳои арабӣ нисбат ба масъалаи Қудс

Ба эътиқоди Домулло Исломуддин Файзалӣ, таъаллуқи нажодии арабҳо бар таъаллуқашон бар дин бартарӣ дошта ва ба ин далел мехостанд ҳамаи мабоҳисро аз тариқи формули “араб-араб” ҳал кунанд, ҳатто қазияи Фаластин тайи солҳои тӯлонӣ на исломӣ, балки арабӣ дониста мешуд.

Файзалӣ идома дод: “Ба ин далел буд, ки эъломи рӯзи ҷаҳонии Қудс аз тарафи як раҳбари динӣ ва он ҳам дар доираи ақидаи исломӣ, барои арабҳо бисёр сахт буд, чаро ки ба шиддат аз аҳаммияти унсури қавмии араб кам мекард. Шумо ба рӯзномаҳои арабӣ таваҷҷӯҳ кунед, ҳама “наҳнул-араб” мегӯянд ва тақрибан ҷое барои “наҳнул-муслимин” ва ё “Ваътасиму биҳаблиллоҳи ҷамиъан” боқӣ намегузоранд. Имрӯз дар шабакаҳои телевизюнии кишварҳои арабӣ ба нудрат симо ва муҳити исломиро метавонед мушоҳида кунед. Дар умури таблиғотӣ ва расонаии худ ҳатто мехоҳанд аз мазоҳири исломӣ низ фосила гиранд.

Вай идома дод: “Ин чолишҳои бузурге дар амри шинохти Қудс аз сӯи мардуми араб ва кӯмак ба бозгардондани ҳаққи қонунӣ ба мардуми мазлуми Фаластин мебошад. Ба ин далел буд, ки вақте ҷунбиши муқовимати исломии Ҳамос шакл гирифт, ҳеч як аз кишварҳои арабӣ онро қабул накард ва фақат Эрон буд, ки дасти ухувват ва бародарии исломӣ ба сӯи онҳо дароз кард. Мутаъассифона мушкиле, ки Ҳамос бо ҷаҳони араб дорад, дар асл камтар аз мушкили Ҳамос бо “Исроил” нест. Вуҷуди чунин таъассубе монеъи бузурге аст барои Қудс ва куллан ҷаҳони Ислом.”

Бино ба гуфтаи Устод Файзалӣ, имрӯз коре ки Арабистони Саудӣ бо ҳамдастии “Исроил” дар Яман анҷом медиҳад, дар мухолифати комил бо таъолим ва арзишҳои Ислом ва мусалмонон қарор дорад. Вобастагии Арабистони Саудӣ ба “Исроил” ва Омрико, мусибати бисёр бузурге аст ва ҳоло дигар ҷое барои шакку тардид боқӣ намонда, ки иттиҳод бо “Исроил” танҳо омили бақои Оли Сауд дар раъси қудрат мебошад.

Ба ҷои ДОЪИШ бояд сӯҳбат аз Қудс бошад

Ин донишманди исломии тоҷик, бо ишора ба афзоиши таваҷҷӯҳи бахше аз насли ҷавони кишварҳои Осиёи Марказӣ нисбат ба ДОЪИШ (ба унвони нерӯе, ки гӯё қудратҳои ҷаҳониро ба чолиш кашидааст), изҳор дошт: “Маълум аст, ки дастгоҳҳои таблиғотии байналмилалии вобаста ба саҳюнизм ва расонаҳои ҳамсӯяшон, дар фазои Шӯравии собиқ бо барнома ва ҳадафи мушаххас кор мекунанд.”

Вай идома дод: “Ин расонаҳо бо сервисҳои иттилоотӣ ва ниҳодҳои мутолеотии кишварҳои хоссе муртабит мебошанд ва хатти ҳаракаташонро таъйин мекунанд. Онҳо ақшоре аз ҷавомеъро, ки ба ниёзҳояшон метавонанд зудтар посух гӯянд, интихоб мекунанд, ки аз ин назар ҷавонон дар авлавият қарор доранд.”

Устод Файзалӣ афзуд: “Дар муқобили таблиғоти расонаӣ ва ғайри расонаии пинҳону ошкори саҳюнизм ва Ғарб, дар кишварҳои Осиёи Марказӣ дар сатҳи миллӣ тақрибан кори хоссе сурат намегирад. Зимнан дар чанд рӯз пеш матлабе бар он ишора мекард, ки тарвиҷи ақоиди салафият дар Тоҷикистон замина барои матраҳ шудани гурӯҳи теруристии ДОЪИШ-ро фароҳам кардааст. Ин ҳадаф на танҳо аз роҳи истифода аз расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ муҳаққақ шудааст, балки сафоратхонаҳое низ дар ин ҳавза пружаҳоеро ба натиҷа расондаанд.”

Вай дар поён идома дод: “Бинобар ин, шароити мавҷуди Ховари Наздик ва Ховари Миёна ва мубҳам будани ояндаи исломхоҳӣ дар соири манотиқ (шомили Осиёи Марказӣ), аз нухбагони дилсӯзи исломӣ ва донишмандон ва уламои уммат масъулиятшиносии ба маротиб бештаре дар қиболи дини худ дар баробари умматро металабад, ки дар ин росто Қудс бояд аз ҷойгоҳи истисноӣ бархӯрдор бошад.”

Farsnews

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.