Перейти к содержимому

Мардӣ набувад фитодаро пой задан

Мо тоҷикон, ки ба Рӯдакӣ — ки ба ҳақ ӯро сардафтари адабиёти порсӣ донистаанд — ифтихор мекунем ва хештанро аз сулола ва насли ин абармард мешуморем, оё ин ифтихор ва болидан ва худро аз насли ӯ донистан, танҳо ба ин аст, ки ба такрор аз ӯ ёд бикунем ва муҷассамаашро дар ин ё он шаҳри Тоҷикистон бунён ниҳем ва хондани ашъор ва сурудаҳояш лақлақаи забонамон гардад, ё ин ки на, дар дараҷаи аввал, миллате бошем, ки мазмуни ашъори Рӯдакӣ (ва ё ҳар бузурге аз бузургони ин сарзамин) дар вуҷуди мо, қабл аз дигарон, таҷассум ёфта бошад? Кадом як дурусттар аст?

Бе шак, амал ба мазмуни ашъори Рӯдакӣ аст, ки моро шоистаи ифтихор ба ӯ ва ин ки худро аз насл ва фарзандонаш бидонем месозад, на ин ки сурудаҳояш фақат лақлақаи забонамон бошад.

Ҳол, оё метавон нухбаҳои тоҷикро — аз донишмандонаш бигир то руасои аҳзоби сиёсиаш — мардумоне донист, ки ба мазмуни танҳо як шеър аз ашъори баланди Рӯдакии бузург, то чӣ расад ба соири сурудаҳояш, амал карда ва он мазмун дар вуҷудашон таҷассум ёфта бошад? Ба унвони намуна, оё нухбаҳои мо ба мазмуни ин шеъри Рӯдакӣ, ки мефармояд:

Мардӣ набувад фитодаро пой задан,

Гар дасти фитодае бигирӣ, мардӣ.

… амал карда ва мекунанд? Мазмуни ин байт бисёр возеҳ ва рӯшан аст ва ниёзе ҳам ба тавзеҳ надорад. Рӯдакӣ мегӯяд, мазлумеро пой задан, афтодаеро пой задан ва ҷабрдидаеро пой задан, ин мардӣ нест, балки камоли номардӣ аст. Ҷавонмардӣ он аст, ки ту дасти мазлумро бигирӣ, дасти афтодаро бигирӣ, дасти ҷабрдидаро бигирӣ.

Барои касе пӯшида нест, ки ҳудуди се чаҳор сол аст, ки Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон мавриди шадидтарин фишорҳо ва таъқибҳо аз сӯи ҳукумати Тоҷикистон қарор гирифта; аз таҳия ва пахши анвои наворҳои “сексӣ” дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва ҳатто пахши онҳо дар шабакаи симои кишвар гирифта то тӯҳмати “дуздӣ” ва “пулшӯӣ” барои раҳбаронаш ва ин охирҳо иҷбори аъзо ва ҳатто баъзе аз раҳбарони ин ҳизб барои “эъломи хуруҷ” аз суфуфи он… Ва ҳамаи ин корҳо фақат ба ин далел аст, ки ин ҳизб дар ҷомеа аз нуфузи чашмгире бархӯрдор аст; зеро наметавон дигар ҳеч далеле барои ин бархӯрдҳои ноҷавонмардона пайдо кард.

Имрӯза шояд натавон ҳеч ҳизб ва ниҳодеро дар дунё пайдо кард, ки мазлумтар, афтодатар ва ҷабрдидатар аз ҲНИТ бошад. Бо ин ҳол, ин ҳизб ва раҳбаронаш дар ин муддат сабр пеша карданд; ба ин умед, ки шояд ақл ва хирад бар эҳсосоти тасмимгирандагон чира гардад ва даст аз ин корҳо бардоранд, ва ё оқил ва хирадманде дар ин миён пайдо бишавад ва ба гӯши мақомот бирасонад, ки ин гуна бархӯрдҳо бархӯрдҳои дурусте нестанд ва авоқиби нохушоянде ба дунбол доранд. Аммо вақте косаи сабри ҲНИТ лабрез шуд ва ҳеч оқил ва хирадманде ҳам дар ин кишвар пайдо нашуд, ки мақомотро аз авоқиби рафторҳои бемантиқашон ҳушдор бидиҳад, ҲНИТ чорае ҷуз ин надошт, ки ба кишварҳои зомин ва ҳамчунин ба СММ ва дигар ниҳодҳои байналмилалӣ муроҷиа кунад. Зеро воқеан ситам ва зулм ба ин ҳизб ва аъзои он ба охирин дараҷаи худ расида буд.

Дар ин миён аммо, бархе аз нухбаҳои тоҷик ба ҷои ин ки дасти ин мазлум ва афтодаро бигиранд ва “мардӣ” бикунанд, шурӯъ карданд ба “пой задан”-и вай. Зеро, пас аз муроҷиати ҲНИТ ба СММ, САҲА ва кишварҳои зомини сулҳ дар Тоҷикистон ва шикояташ аз вазъи мавҷуд дар кишвар ва таъқибу фишорҳое, ки бо он рӯ ба рӯст, як дафъа сару каллаи аҳзобе сиёсӣ ҳамчун Ҳизби кумунист, Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ, Ҳизби кишоварзӣ ва Ҳизби демукроти Тоҷикистон аз “нокуҷообод” пайдо шуд ва аз худ хабар доданд, ки дар арсаи сиёсии Тоҷикистон ҳузур доштаанд ва нисбат ба таҳаввулоти ҷорӣ бетафовут набудаанд. Як узви аршади Ҳизби кумунист муроҷиати ҲНИТ-ро “тафриқаандозӣ” ва Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ онро “ғаразнок” ва Ҳизби демукроти Тоҷикистон изҳор дошт, ки чаро бидуни машварат бо онҳо, ҲНИТ якчунин муроҷиате карда? Ва аммо Ҳизби кишоварзӣ бошад, тавсия кардааст, ки “оё вақти он нест, ки раҳбарияти ҲНИТ шикояту бечоранолиҳо, таҳдидҳо оиди он, ки “аъзоёнаш ба сафи ташкилоти теруристии “Давлати исломӣ” мепайванданд” ва ахиран муроҷиатҳо ба кишвар ва созмонҳои хориҷиро як тараф гузошта, дар фикри ислоҳи камбудҳои дохилиҳизбӣ бошад?

Хуб, Шумо то ин ҷои кор ва то ин замон, ки ҲНИТ бо анвои фишорҳо рӯ ба рӯ буд (ва ҳаст) ва шикояте ҳам ба касе ва ҷиҳате накард, куҷо будед? Чаро боре ҳам дида нашуд, ки ба мақомот тавсия бикунед, ки даст аз ин фишорҳои тоқатфарсояш бардорад? Чаро лоақал баёнияе содир ва рафторҳои мақомотро маҳкум накардед? Шумо аҳзоби сиёсӣ ҳастед ё намоянда ва сухангӯи ҳамон мақомоте, ки бо ҲНИТ ва аъзо ва раҳбаронаш ин гуна бархӯрд раво дида ва мебинанд? Асосан, фалсафаи вуҷуди шумо, ба унвони аҳзоби сиёсии Тоҷикистон, дар чист? Оё фақат дар ин аст, ки ҳангоми интихобот аз худ хабар бидиҳед ва ҳамчун тарафе, ки орои мардумро дар интихобот пароканда мекунад ва аз орои ин ё он ҳизби фаъол мекоҳад аст? Оё ба ҷуз ин, барои худатон нақше дар ин ҷомеа қоил ҳастед ё хайр?

Оё ин мардӣ аст, ки имрӯз ба як афтода ва мазлум “пой мезанед”? Дасти афтодаро, ки ба унвони як “мард” намегиред, пас лоақал номардӣ накунед ва ба ӯ “пой назанед”.

Аз он сӯй ҳам, Худойбердӣ Холиқназар, раиси Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон, тавсия ба “баста шудан” ва “сари ҷояш шинондан”-и ҲНИТ карда. Ба гузориши хабаргузории Озодагон, оқои Холиқназар, дирӯз (06.07.2015), зимни як нишасти хабарӣ дар Душанбе, дар посух ба суоли хабарнигори ин хабаргузорӣ, ки “агар ҳукумат аз Шумо дар бораи бастан ё набастани ҲНИТ машварат пурсад, мавқеи шумо чӣ гуна хоҳад буд?”, изҳор доштааст: “Мо бар инем, ҳар ҳизбе, ки қонуншиканӣ мекунад, бояд баста шавад”. Бар пояи ин гузориш, вай афзудааст, ҳамарӯза тариқи расонаҳо аз қонуншиканиҳои аъзои ин ҳизб хабар дода мешавад ва “мо ҷонибдори онем, ки чунин ҳизбҳо дар ҷояшон шинонда шаванд”.

Хуб, чаро ва ба чӣ далел ҲНИТ сари “ҷояш шинонда шавад”? Кай ин ҳизб ба “қонуншиканӣ” роҳ додааст? Ё ин ки Шумо муроҷиати ҲНИТ ба он ниҳодҳоро навъе “қонуншиканӣ” талаққӣ мекунед? Магар ёдатон рафтааст, ки СММ, САҲА ва кишварҳое мисли Русия, Эрон, Қирғизистон ва чанд кишвари дигар, тибқи таъаҳҳудоте, ки бар ӯҳда гирифтаанд, зомин ва ба истилоҳ кафили иҷрои мафодди созишнома аз тарафи имзокунандаҳои он ба шумор мераванд? Созишномае, ки худи ҷанобашон низ ҷузъи имзокунандагони он аз сӯи ИНОТ будед.

Дар ин миён, ҷаноби муфтӣ низ дар канор намондааст. Ба гузориши хабаргузории Озодагон, ҷаноби Сайидмукаррам Абдулқодирзода дар торихи 03.07.2015 дар хутбаҳои намози ҷумъа дар Масҷиди марказии шаҳри Душанбе гуфтааст: “Дар моҳи мубораки Рамазон кори нохубе шудааст, ки тамоми ходимони дин, аз ҷумла аъзои Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистону имому сархатибони масоҷиди кишварро ранҷонидааст ва ин кор изҳороти бемантиқу беасоси Ҳизби наҳзати исломӣ мебошад”.

Ба ҳар сурат, ин рафторҳо рафторҳои “мардона” нестанд. Зоҳиран маломат, сарзаниш ва маҳкум кардани ҲНИТ, санг ба сӯяш партоб кардан ва хулоса ҳар чӣ аз баду бероҳ, ки дилат мехоҳад ба ин ҳизб ва раҳбараш гуфтан, имрӯзҳо барои ин аҳзоб ва ин шахсиятҳо, “нардбоне” шуда барои изҳори вуҷуд ва расондани ин паём ба ҷомеа ва ба хусус он боло-болоҳо, ки мо ҳам ҳастем!

Албатта, ҲНИТ ба назарам, танҳо ба ҳамин як нома ва муроҷиат иктифо нахоҳад кард. Ба назар мерасад, дар такмили ин муроҷиат ва натиҷа додани он, бояд чанд гоми дигар бардошта шавад, ки яке аз онҳо ин аст, ки ҲНИТ дар пойтахти яке аз кишварҳои ба истилоҳ кафил ва зомин, нишасте бо ҳузури намояндае аз СММ, Иттиҳодияи Урупо ва ҳамчунин шахсиятҳое, ки зери Созишномаи сулҳи Тоҷикистон имзо гузоштаанд, баргузор карда ва ҷараёнро аз наздик барои онҳо ташреҳ бикунад. Албатта, ин дигар марбут ба тасмими худи раҳбарияти ҲНИТ ва Шӯрои сиёсии он аст.

Дар поён, ҷуз ин намемонад, ки боре дигар шеъри Рӯдакии бузургро ёдовар бишавам, ки:

Мардӣ набувад фитодаро пой задан,

Гар дасти фитодае бигирӣ, мардӣ.

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: