Перейти к содержимому

Даъвати Вазорати хориҷаи Эрон аз мусалмонон ва озодихоҳони ҷаҳон

rooz-ghods-yasgroup.ir_

Ба муносибати фаро расидани Рӯзи ҷаҳонии Қудс, Вазорати умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон зимни интишори баёнияе, аз тамомии мусалмонони ҷаҳон ва озодихоҳони дунё даъват ба амал овард, ки дар рӯзи ҷумъаи охири моҳи Рамазон (ду рӯзи баъд), бо баргузории роҳпаймоиҳо ва нишастҳо дар сар то сари дунё, “аз ормони инсонӣ ва раҳоибахши миллати Фаластин ва муқовимати қаҳрамонона, машрӯъ ва таҳсинбарангези ин миллат алайҳи ишғолгарони саҳюнист ҳимоят кунанд.”

Ба гузориши хабаргузории Форс матни ин баёния ба шарҳи зерин аст:

“Рӯзи ҷаҳонии Қудс рӯзи ҳамбастагии байналмилалии ҷаҳони Ислом ва яке аз ёдгорҳои мондагор ва ҷовиди ҳазрати Имом Хумайнӣ (р) раҳбари кабири Инқилоби Исломӣ ва бунёнгузори Ҷумҳурии Исломии Эрон аст, ки ҳамаи озодихоҳон ва мусалмонони ҷаҳон дар ин рӯз ҳимоят аз ормони Фаластинро ба намоиш гузошта ва бо баргузории маросиме бо шукӯҳ инзиҷори худро аз ишғолгарони сазюнист иброз мекунанд.

Бузургдошти Рӯзи ҷаҳонии Қудс дар соли ҷорӣ дар шароите сурат мегирад, ки оташи фитнаи режими саҳюнистӣ на танҳо Фаластин ва Қудс, балки сар то сари Ховари Миёнаро дарбар гирифта ва бо ҳамроҳии ин режим бо ҷараёнҳои такфирӣ, ваҳшигарии он ба маротиб бештар аз гузашта намоён шудааст.

Талоши барномарезишудаи режими саҳюнистӣ барои яҳудисозии комили Қудс ва тағйири ҳувияти торихӣ ва тамаддунии он аз тариқи шаҳраксозӣ, ҳатки ҳурмат ва иқдомоти мустақим дар ҷиҳати нобудии Масҷидулақсо, маҳрумияти дастрасии фаластиниёни мазлум ба амокини муқаддас ва кӯчондани иҷбории сокинони ғайри яҳудии Қудс, занги хатарро дар ин минтақа ба садо дароварда ва вазъияти ногувор ва дарднокеро эҷод кардааст.

Тадовуми иқдомоти таҷовузкорона ба манотиқи мухталифи Фаластин аз ҷумла Ғазза, куштори кӯдакон, занон ва мардони бе дифоъ, таҳмили муҳосираи зидди инсонии тӯлонӣ муддат ва баста шудани нуқоти убури марзӣ ва гузаргоҳҳо, қатъи ирсоли маводди ғизоӣ ва доруӣ, афзоиши боздоштшудагон ва таъарруз ба муборизон ва сокинони фаластинӣ дар ин манотиқ, аз ҷумлаи иқдомоти дадманишонаи режими саҳюнистӣ аст, ки ҳамчунон алайҳи мардуми мазлуми Фаластин эъмол мешавад ва ба вижа борикаи Ғаззаро дар остонаи як фоҷеъаи инсонӣ қарор додааст.

Талоши бевақфаи режими саҳюнистӣ барои хориҷ кардани масъалаи Фаластин аз авлавияти ҷаҳони Ислом ва зарба ба муқовимат, дар шароите анҷом мешавад, ки миллати Фаластин бо дарки дурусти воқеиёт ва бо илҳом аз таҷрибаи 67-солаи рӯёрӯӣ бо ишғолгарон, имрӯз бо иттикоъ ба тавоноиҳои зотии хеш, роҳи худро дар истимрори муқовимат то иҳқоқи комили ҳуқуқи хеш ёфта ва муқовимати машрӯи гурӯҳҳои фаластинӣ тавониста нақши худро ба унвони омили муассир ва таъйин кунанда дар муодилаи мавҷуди бӯҳрони Фаластин тасбит кунад.

Ҷумҳурии Исломии Эрон бар мабнои раҳнамудҳои Мақоми Муаззами Раҳбарӣ бар ин бовар аст, ки барқарории сулҳ ва оромиши пойдор дар минтақаи Ховари Миёна, ҷуз аз тариқи эҳқоқи ҳуқуқи комили миллати мазлуми Фаластин муҳаққақ нахоҳад шуд ва миллати Фаластин муборизаи машрӯъ ва қонуниро барои дастёбӣ ба ҳуқуқи ҳаққаи худ идома хоҳанд дод. Дастёбӣ ба ин ҳадаф мусталзими бархӯрд бо таҷовуз ва зиёдахоҳиҳои режими саҳюнистӣ ва тавонмандсозии фаластиниён дар пойдорӣ муқобили ин иқдомот аст, зеро пойдорӣ ва муқовимат ягона роҳи сиёнат аз ҳуқуқ ва озодсозии сарзамин Фаластин ва Қудси шариф аст.

Вазорати умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон аз оҳоди миллати муқовим ва озодаи Эрони азиз, мусалмонон ва озодихоҳон даъват мекунад, то бо ширкати густардаи худ дар маросими бузургдошти Рӯзи ҷаҳонии Қудс дар саросари ҷаҳон, аз ормони инсонӣ ва раҳоибахши миллати Фаластин ва муқовимати қаҳрамонона, машрӯъ ва таҳсинбарангези ин миллат алайҳи ишғолгарони саҳюнист ҳимоят кунанд.”

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: