Сиёсат

Ҳайдаршо Акбаров: “Таҳти ҳеч шароите набояд Қудс фаромӯш шавад”

13940416000428_PhotoL

Дар мизи гирде, ки ба муносибати рӯзи ҷаҳонии Қудс дар дафтари хабаргузории Форс дар Душанбе баргузор шуд, Ҳайдаршо Акбаров, коршиноси масоили иҷтимоӣ ва намояндаи пешини порлумони Тоҷикистон, бо таъкид бар ин ки “таҳти ҳеч шароите набояд аҳаммияти Қудс барои уммати исломӣ коста шавад ва вазифаи имонии ҳамаи мусалмонон ва қабл аз ҳама рӯшанфикрони исломӣ аст, то бидуни таваҷҷӯҳ ба сиёсатҳо ва амалкардҳои давлатҳояшон, аз вазъияти Фаластин ва ҷиноёти ишғолгарон ба мардум иттилоърасонӣ ва афкори умумии ҷавомеи худро ҳамеша мутаваҷҷеҳи ин масъала кунанд” гуфт: “Дар ғайри ин сурат, ҷараёни ифрот ва ба хусус гурӯҳи теруристии ДОЪИШ, бо иқдомоте, ки анҷом медиҳад, на танҳо мехоҳад Қудс ба фаромӯшӣ супурда шавад, балки мардуми дунё нисбат ба Ислом инзиҷор ва нафрат пайдо кунанд. Шинохти ин мавзӯъ ба ҷилавгирӣ аз афтодани ҷавонон ба доми гурӯҳҳои ифротӣ ва теруристӣ ва ба вижа ДОЪИШ кӯмак хоҳад кард.”

Ба гузориши хабаргузории Форс, Ҳайдаршо Акбаров тайи суханоне, Рӯзи ҷаҳонии Қудсро мероси мондагор ва бисёр арзишманди Имом Хумайнӣ (р) донист ва гуфт: “Дар ин рӯз аст, ки милёнҳо нафар мусалмон, аз мардуми мазлуми Фаластин ҳимоят ва хашму нафрати худ нисбат ба режими ишғолгарро изҳор мекунад.”

Вай афхуд: “Агар ин ибтикори торихӣ ва ҳакимонаи Имоми роҳил набуд, эҳтимолан хеле аз мусалмонон номи Қудси шарифро ҳам аз ёд мебурданд. Бинобар ин, идомаи роҳи Имом зарурӣ аст ва хушбахтона Ҷумҳурии Исломии Эрон барои озодии Қудс ва муқобила бо ишғолгарон ҳамеша дар канори миллати мазлуми Фаластин буда ва аз ҳеч навъ кӯмак ва ҳамкорӣ дареғ накардааст. Вале мутаассифона хеле аз кишварҳои исломӣ ва ба хусус арабӣ, на танҳо нисбат ба мазлумияти Қудс бе тафовутанд, балки ба ишғолгарон низ кӯмак мекунанд, ки ин хиёнате бас бузург аст.”

Ин мақоми пешини тоҷик бо ишора ба иқдомоти Теҳрон барои таъмини ҳамбастагии уммати исломӣ, тасреҳ кард: “Имрӯз Ҷумҳурии Исломи Эрон аст, ки барои ваҳдати мусалмонон талош мекунад ва ба таври самимона мехоҳад то кишварҳои мусалмон мустақил бошанд ва бо таваҷҷӯҳ ба манофеи миллӣ ва муштаракашон иқдом кунанд. Аммо ба ин далел, ки бештари кишварҳои арабии ҳошияи Халиҷи Форс вобаста ба Омрико буда ва ҳамзамон аз иродаи режими саҳюнистӣ низ пайравӣ мекунанд, монеъи бозӣ кардани нақши муассири Эрон дар амри таъмини ҳамбастагии уммат мешаванд.”

Ҷараёни ифрот ба суди режими саҳюнистӣ ва Ғарб иқдом мекунад

Ҳайдаршо Акбаров дар бахши дигаре аз сӯҳбатҳои худ, ба баррасии таҳаввулоти ҷории Ховари Миёна пардохт ва изҳор дошт: “Ман тардиде надорам, ки аз таҳаввулоти феълии минтақа ва ба хусус буруз ва зуҳури ДОЪИШ, бархе аз қудратҳо ва кишварҳо аз ҷумла Омрико, режими саҳюнистӣ ва Ангилис суди зиёде бурдаанд.”

Вай идома дод: “Тазъифи кишварҳои мусалмони минтақа ба дасти гурӯҳҳои теруристӣ ва ҷанг ва даргирӣ ва ҳарҷу марҷи амниятӣ бо нақши гурӯҳҳои ифротӣ дар кишварҳои Ховари Миёна, боиси коҳиши таваҷҷӯҳи миллатҳои минтақа ба мавзӯи Фаластин мешавад.”

Вай бо таъкид бар ин ки рушди ҷараёни ифрот дар минтақа ба нафъи саҳюнистҳо аст, изҳор дошт: “Маълум аст, ки даргир кардани Сурия ва Ироқ ва талоши кашондан доманаи ҷанг ба кишварҳои дигари минтақа, мӯҷиби тазъифи меҳвари муқовимати минтақаӣ хоҳад шуд. Режими ишғолгар ва муттаҳидонаш ба дунболи онанд то аз тариқи эҷоди ҳарҷу марҷ бо нақш ва ҳузури мустақими гурӯҳҳои теруристӣ дар минтақа ва фароҳам кардани заминаи даргириҳои фарсоишӣ, афкори умумии ҷаҳони Исломро аз масъалаи Қудс мунҳариф кунанд ва бар ҷиноёти худ алайҳи Фаластин идома диҳанд.”

Акбаров афзуд: “Дигар ин ки вуҷуди милёнҳо нафар паноҳанда, тахриби иқтисод ва зербиноҳои кишварҳои минтақа боиси тазъифашон шуда ва ҳатто онҳоро ба марзи фурӯпошӣ меронад. Вуҷуди чунин шароите ба суди Омрико ва Ғарб аст. Зеро ҷудо аз баҳси фурӯши силоҳ ва таҷҳизот ба гурӯҳҳо ва тарафҳои даргир ва фароҳам кардани заминаи баҳрабардорӣ аз захоири ин кишварҳо, ҳатман Вошингтун дар либоси довар ва миёнҷӣ барои “ҳалл”-и мушкил ҳузур пайдо мекунад.”

Тақвияти ҷабҳаи муқовимат зарурӣ аст

Акбаров бо баёни ин ки муваффақияти ҷабҳаи муқовимат дар Сурия, Ироқ, Яман ва Лубнон дар мубориза алайҳи теруризм, бар ҷараёнҳои муқовимати фаластинӣ асари мусбат хоҳад дошт, тасреҳ кард: “Ман тардиде надорам, ки тақвият шудани ҷабҳаи муқовимат дар муқобили ҷабҳаи таҷовуз натоиҷи хуберо дар пай хоҳад дошт. Маълум аст, ки режими саҳюнистӣ аз ин мавзӯъ бим дорад ва бо ҳамкории муттаҳидони худ талош мекунад, то аз роҳҳои мухталиф ва аз ҷумла эъмоли фишор, гурӯҳҳои муқовимати фаластинӣ ва ба хусус Ҳамосро водор ба қабули режими саҳюнистӣ кунад.”

Вай афзуд: “Арабистони Саудӣ аз ҷумлаи кишварҳое аст, ки дунболи ин барнома буда ва аз созиш байни Фаластин ва режими саҳюнистӣ ҳимоят ба амал овардааст. Вале чунин сиёсате ҳамвора ба нафъи ишғолгарон тамом шуда ва фақат муқовимати Фаластин аст, ки қодир ба ақибнишинии режими саҳюнистӣ хоҳад буд. Ба ин далел аст, ки Риёз имрӯз ҳазинаҳои зиёдеро мутаҳаммил мешавад, то нагузорад дар минтақа ҷараёни муқовимат тақвият шуда ва ҳузури пурранг пайдо кунад. Ин ҷо дигар Арабистони Саудӣ бо режими саҳюнистӣ комилан ҳамсӯ амал мекунад. Бидуни шак агар муқовимати Фаластин дар баробари фишорҳои байналмилалӣ ҷиҳати созиш бо режими ишғолгари Қудс тан диҳад, пас чунин як иқдоме на танҳо ҳеч гуна натиҷаи қобили таваҷҷӯҳе ба ҳамроҳ нахоҳад дошт, балки Фаластинро дар шароити вобастагӣ нигаҳ хоҳад дошт.”

Акбаров дар бахши поёнии сӯҳбатҳои худ дар ин мизи гирд таъкид кард: “Таҳти ҳеч шароите набояд аҳаммияти Қудс барои уммати исломӣ коста шавад ва вазифаи имонии ҳамаи мусалмонон ва қабл аз ҳама рӯшанфикрони исломӣ аст, то бидуни таваҷҷӯҳ ба сиёсатҳо ва амалкардҳои давлатҳояшон, аз вазъияти Фаластин ва ҷиноёти ишғолгарон ба мардум иттилоърасонӣ ва афкори умумии ҷавомеи худро ҳамеша мутаваҷҷеҳи ин масъала кунанд. Дар ғайри ин сурат, ҷараёни ифрот ва ба хусус гурӯҳи теруристии ДОЪИШ, бо иқдомоте, ки анҷом медиҳад, на танҳо мехоҳад Қудс ба фаромӯшӣ супурда шавад, балки мардуми дунё нисбат ба Ислом инзиҷор ва нафрат пайдо кунанд. Шинохти ин мавзӯъ ба ҷилавгирӣ аз афтодани ҷавонон ба доми гурӯҳҳои ифротӣ ва теруристӣ ва ба вижа ДОЪИШ кӯмак хоҳад кард.”

Лозим ба ёдоварист, дар ин мизи гирд ҳамчунин Исломуддин Файзалӣ, узви шӯрои сиёсии ҲНИТ, Муҳаммадсалом Махшулов, коршиноси сиёсӣ ва пажӯҳишгари Окодемии улуми Тоҷикистон, Раҳматуллоҳ Абдуллоев, муовини раиси Маркази мутолеоти Афғонистон ва минтақа, Бобоҷон Шафеъ, коршиноси сиёсӣ ва рӯзноманигор, Мардон Муҳаммад, таҳлилгари масоили сиёсӣ ва Иршод Сулаймонӣ, рӯзноманигор ва коршиноси сиёсӣ ҳузур ёфтанд.

Тасовире аз ин мизи гирд:

13940416000422_PhotoL

13940416000424_PhotoL

13940416000430_PhotoL

13940416000435_PhotoL

Farsnews

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.