Перейти к содержимому

“Арабистон муздурӣ барои “Исроил”-ро ҳувияти арабӣ ва ҳар кӣ бо “Исроил” муқобила кунад, ӯро эронӣ тавсиф мекунад”

Абдулмалик Бадруддин Ҳусӣ, раҳбари Ансоруллоҳи Яман, ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии Қудс, дар суханоне, бо таъкид бар ин ки Эрон имрӯза масъулияти ҳимоят аз парвандаи Фаластинро бар ӯҳда гирифтааст, гуфт: “Аммо Арабистон мехоҳад, ки муздурӣ барои “Исроил”-ро ҳувияти арабӣ ва ҳар кӣ бо “Исроил” муқобила мекунад, ӯро эронӣ тавсиф мекунад”

Ба гузориши шабакаи Алмасира, раҳбари Ансоруллоҳи Яман дар ин суханронӣ, дар вокуниш ба иддаъои бархе ҳампаймонони арабии “Исроил” дар минтақа мабнӣ бар зарурати мубориза бо нуфузи Эрон дар Ховари Миёна гуфт: “Бар хилофи он чӣ ки бархе иддаъо мекунанд, масъалаи кунунӣ дар минтақа, масъалаи мубориза ва муқобила бо нуфузи Эрон нест, балки масъалаи аслӣ, масъалаи густариши нуфузи “Исроил” дар минтақа аст.”

Абдулмалик Бадруддин Ҳусӣ афзуд: “Эрон масъулияти ҳақиқӣ ва аслиро дар ҳимоят аз масъалаи Фаластин ва ҳимоят аз муқовимат бар ӯҳда гирифтааст ва тамоми озодаҳои ҷаҳон низ ҳамин масъулиятро бар ӯҳда доранд. Аммо Арабистон мехоҳад, ки муздурӣ барои “Исроил”-ро ҳувияти арабӣ бидонад ва ҳар кӣ бо “Исроил” муқобила мекунад, онро эронӣ тавсиф мекунад.”

Вай афзуд: “Исроил режими саудиро ба иртикоби ҷиноёти ваҳшиёнатаре дар муқоиса бо худ, водор кард. Шумори зиёде аз мардуми Яман кушта шуданд ва манозили яманиҳо таҳти пӯшиши ҳимояти Омрико ва бо силоҳи омрикоӣ вайрон шуд. Аммо мардуми Яман мехоҳанд дар канори муқовимати Фаластин ва Лубнон бо “Исроил” муқобила кунанд ва мо барои ҳамин меҷангем. Муҳимтарин далели таҷовуз ба Яман низ, муҷозоти мардуми Яман барои мавозеъи онҳо дар қиболи қазияҳои уммати Ислом аст.”

Раҳбари Ансоруллоҳи Яман дар бораи масъалаи оташбаси эъломшуда аз сӯи Созмони Милал, ки қарор аст аз аввалин сонияҳои бомдоди шанбе то поёни моҳи мубораки Рамазон идома дошта бошад, гуфт: “Мо умеди зиёде ба муваффақияти ин оташбас надорем ва таҷрибаи мо дар оташбаси пешин бисёр талх буд. Муваффақияти ин оташбаси ҷадид низ ба мизони пайбандии режими саудӣ ба он ва марҳуни таваққуфи комили таҷовуз ба Яман аст.”

Абдулмалик Бадруддин Ҳусӣ таъкид кард: “Таҷовуз ба Яман бояд мутаваққиф шавад ва мо нахоҳем пазируфт, ки дар ҳаққи мо ин ҷиноят идома ёбад. Мо наметавонем дар қиболи ин таҷовуз сукут кунем. Артиши Яман ва кумитаҳои мардумӣ низ ба ҳамин далел барои муқобилаи мустақим бо душман роҳии марзҳо шудаанд. Агар ин таҷовуз идома ёбад, мо низ гомҳои роҳбурдӣ ва истротежики бузурге барои муқобила бо он бархоҳем дошт. Миллати Яман пеш аз посух ба таҷовузи Арабистон, 40 рӯз сабр ва сукут карданд, то барои ҷаҳониён дурӯғин будани иддаъои Арабистони Саудӣ фош ва собит шавад.”

Раҳбари Ансоруллоҳи Яман дар идома афзуд: “Тадовуми таҷовузи ба Яман, моро ба бардоштани гомҳои бузурги роҳбурдӣ ногузир мекунад, то мароҳили ҷадид ва муҳимме дар сатҳи минтақа оғоз шавад. Дар сурати тадовуми таҷовуз ба Яман, мо дар ҳамаи сатҳҳо барои муқобила бо Арабистон басиҷи умумӣ роҳ хоҳем андохт. Мо барои иттихози ин гомҳои роҳбурдӣ омодаем ва талош мекунем, ки ин иқдом бар асоси тасмим ва иродаи тамоми яманиҳо бошад. Ба ҳамин манзур, аз тамомии гурӯҳҳои сиёсии Яман мехоҳам, ки шикофҳои мавҷуд дар қудратро пур кунанд ва ба масъалаи амният дар Яман эҳтимом варзанд.”

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: