Дуо ва муноҷот

Ситоиш Худойро, ки ман Ӯро мехонам ва Ӯ иҷобатам мекунад…

Бахше аз муноҷот дар моҳи мубораки Рамазон

Абӯҳамзаи Сумолӣ ривоят кардааст, ки ҳазрати Имом Зайнулобидин Алӣ ибни Ҳусайн (а), наваи гиромии Паёмбари Акрам (с), дар моҳи мубораки Рамазон, дар бештар аз шаб намоз мегузорид ва чун саҳар мешуд, ин дуоро мехонд.

Инак, қисмате аз ин дуо:

“Худоё! Куҷо хайре тавонам ёфт, дар сурате ки хайр ҷуз пеши ту нест.

Ва аз куҷо роҳи наҷоте хоҳам ҷуст, ва ҳол он ки ҷуз ба лутфи ту наҷот муяссар нест.

Эй Худо! На он кас ки некӯкор аст, аз ёрии ту ва лутф ва раҳматат бениёз аст, ва на он ки бадкор аст ва бар ҳукми ту бебокӣ карда ва ба роҳи ризо ва хушнудият нарафта, аз қудратат берун аст.

Эй Парвардигори ман!… Ман туро ба ту шинохтам ва ту маро бар вуҷуди худ далолат фармудӣ ва ба сӯйи худ хондӣ. Ва агар ту набудӣ, ман намедонистам ту чистӣ…

Ситоиш Худойро, ки ман Ӯро мехонам ва Ӯ иҷобатам мекунад, ҳарчанд вақте ки Ӯ маро мехонад, кундӣ ва коҳилӣ мекунам.

Ва ситоиш Худойро, ки чун аз Ӯ чизе дархост кунам, ба ман ато мекунад, ҳарчанд ҳангоме ки Ӯ аз ман қарз мехоҳад, ман бухл меварзам.

Ва ситоиш Худойро, ки барои ҳар ҳоҷате ҳаргоҳ Ӯро хостам, нидо хоҳам кард, ва ҳар вақте барои розу ниёз бо Ӯ халват тавонам кард ва бидуни ҳеч восита ва шафеъ ҳоҷатамро раво месозад.

Сипос Худойро, ки танҳо Ӯро ба дуо мехонам, на ғайри Ӯро, ва агар ба ғайраш умед медоштам, маро ноумед мегардонид.

Ситоиш Худойро, ки кори маро ба худаш вогузошт ва гиромиям дошт ва ба ғайраш вонагузошт, то хорам гардонад.

Ситоиш Худойро, ки бо ман изҳори камоли дӯстӣ фармуд, бо он ки аз ман бениёз буд.

Ва сипос Худойро, ки аз хато ва гуноҳонам ҳилм ва бурдборӣ кард, чунонки гӯӣ гуноҳе аз ман сар назадааст.

Пас Худои ман пешам маҳбубтарин мавҷуд аст ва ба ҳамду ситоиш ман Ӯ сазовортар аз ҳамаи олам аст…»

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.