Ҳама чиз дар бораи закоти фитрия

Закоти фитрия закоте аст, ки бо ифтори Рамазон ва пас аз моҳи Рамазон воҷиб мегардад. Ин закот бар ҳар фарди мусалмон — кучак ё бузург, мард ё зан, озод ё барда — воҷиб мебошад.

Бухорӣ ва Муслим аз ҳазрати Умар ривоят кардаанд, ки гуфт: “Паёмбари Худо (с) закоти фитрияи моҳи Рамазонро фарз кард, ки барои ҳар фарди мусалмон як соъ (2176 грамм) аз хурмо ё ҷав (ё гандум) бобати барда ва озод, мард ва зан, кучак ва бузург дода шавад.”

Фалсафаи закоти фитрия

Дар соли дуввуми ҳиҷрӣ закоти фитрия воҷиб гардид, то ба ин васила рӯзадор каффораи суханони ёва ва зиштеро, ки шояд бар забон рондааст, адо карда ва кӯмаке низ ба фақирон ва мустамандон карда бошад.

Абӯдовуд, Ибни Моҷа ва Дориқутнӣ аз Ибни Аббос ривоят карда, ки гуфт: “Паёмбар (с) закоти фитрияро фарз кард, то рӯзадор аз гуноҳи суханони ёва ва зишт пок гардад ва хӯроке низ барои мискинҳо бошад. Ҳар кас пеш аз адои намози ид онро бипардозад, ӯ закоти мақбулеро додааст ва ҳар кас баъд аз адои намоз онро пардохт кунад, ӯ садақае аз садақотро додааст.”

Закоти фитрия бар чӣ касе воҷиб аст?

Закоти фитрия бар ҳар мусалмони озодае, ки молики миқдори як соъ (2176 грамм) беш аз нафақаи як шабонарӯзи худ ва хонаводааш бошад, воҷиб аст. Бар ҳар кас воҷиб аст, ки закоти фитрияи худ ва касонеро, ки нафақаи онҳо бар вай воҷиб бошад, пардохт кунад, монанди ҳамсар ва фарзандон ва хидматкороне, ки сарпарастии умури онҳоро ба ӯҳда дорад ва харҷ ва ҳазинаи зиндагии онҳо ба ӯҳдаи ӯ будааст.

Миқдори закоти фитрия

Миқдори воҷиб аз закоти фитрия барои ҳар фард як соъ яъне 2176 грамм аз гандум ё ҷав ё хурмо ё мавиз ё панир ё биринҷ ё зуррат ё амсоли он аз он чӣ қут ба ҳисоб меояд, мебошад.

Имом Абӯҳанифа пардохти қимат ва баҳои онро низ ҷоиз дониста ва гуфта: агар аз гандум ним соъ бидиҳад кофӣ аст. Абӯсаиди Худрӣ гуфта: “Вақте ки Паёмбар (с) дар миёни мо буд, мо закоти фитрияро бобати ҳар фарде — кучак ё бузург, озода ё барда — як соъ хӯрокӣ ё як соъ аз панир ё ҷав ё хурмо ё мавиз медодем. Мо ҳамин корро анҷом медодем, то ин ки Муъовия барои ҳаҷ ё умра ворид шуд, бар минбар бо мардум сухан гуфт. Ва аз ҷумлаи суханони вай ин буд, ки гуфт: ба раъйи ман ним соъ аз гандуми Шом баробари як соъ аз хурмо аст. Ва мардум ба он амал карданд ва ба ҷои як соъ хурмо ним соъ гандум медоданд. Абӯсаид гуфт: вале ман то зиндаам, як соъ медиҳам, на ним соъ. Гурӯҳи муҳаддисон инро ривоят карданд.

Тирмизӣ гуфтааст: баъзе аз аҳли илм ва Имом Шофеӣ ва Исҳоқ гуфтаанд: аз ҳар чизе бояд як соъ дод, вале баъзеи дигар аз аҳли илм ва Суфён ва Ибни Муборак ва аҳли Кӯфа мегӯянд: аз ҳар чизе як соъ аст, магар гандум, ки ним соъи он кофӣ аст.

Чӣ мавқеъ закоти фитрия воҷиб мегардад?

Фуқаҳо иттифоқ доранд бар ин ки дар охири моҳи Рамазон воҷиб мегардад, вале дар таъйини вақти он ихтилоф доранд.

Саврӣ, Аҳмад, Исҳоқ ва Шофеӣ бино ба қавли ҷадид ва дар ривояте аз Имом Молик мегӯянд: вақти вуҷуби закоти фитрия ғуруби хуршеди охирин рӯзи Рамазон ва шаби иди Фитр аст, чун он мавқеъ мавқеи фитри Рамазон аст.

Абӯҳанифа, Лайс ва Шофеӣ бино ба қавли қадим ва ривояти дуввумӣ аз Имом Молик мегӯянд: вақти вуҷуби закоти фитр тулӯи фаҷри рӯзи иди Фитр аст.

Самараи ихтилоф дар он аст, ки оё баччае, ки пеш аз тулӯи фаҷри рӯзи ид ва баъд аз ғуруби хуршеди охирин рӯзи Рамазон мутаваллид шуд, закоти фитрия бар вай воҷиб аст ё хайр? Бино ба раъйи аввал, закоти фитрия воҷиб нест, чун баъд аз вақти вуҷуби он зода шудааст. Ва бино ба райъи дуввум, закоти фитрияи вай низ воҷиб аст, чун пеш аз вақти вуҷуби он зода шудааст.

Таъҷил дар пардохти закоти фитрия ва пардохти он пеш аз вақти вуҷуб

Ҷумҳури фуқаҳо бар он ҳастанд, ки як рӯз ё ду рӯз пеш аз ид метавон закоти фитрияро пардохт кард.

Абдуллоҳ ибни Умар гуфтааст: “Паёмбар (с) ба мо дастур дод, ки закоти фитрияро пеш аз берун рафтан барои намози ид бипардозем.”

Нофеъ гуфтааст: Ибни Умар ҳамвора як рӯз ё ду рӯз пеш аз ид закоти фитрияро пардохт мекард. Вале дар хусуси пардохти он пеш аз ид дар бештар аз ду рӯз ихтилоф ҳаст: Имом Абӯҳанифа мегӯяд: метавон онро пеш аз моҳи Рамазон пардохт. Имом Шофеӣ гуфтааст: аз аввали моҳи Рамазон ба баъд метавон онро пардохт. Аммо раъйи Молик ва машҳури мазҳаби Имом Аҳмад ин аст, ки: фақат як ё ду рӯз пеш аз ид метавон онро пардохт.

Ҳамаи пешвоёни фиқҳ мӯътақиданд, ки баъд аз он ки закоти фитрия воҷиб гардид, бо таъхир андохтани он, соқит намегардад, балки ба сурати дайн ва қарз дар зиммаи шахсе, ки бар вай воҷиб шудааст, боқӣ мемонад, то замоне ки онро пардохт кунад, ҳарчанд ки дар охири умраш бошад. Ва иттифоқ доранд бар ин ки таъхири он аз рӯзи иди Фитр ҷоиз нест. Лекин аз Ибни Сирин ва Нахаъӣ ривоят шудааст, ки гуфта: таъхири он аз рӯзи иди Фитр ҷоиз аст. Имом Аҳмад гуфтааст: умед аст, ки ишколе надошта бошад. Ибни Раслон гуфтааст: ба иттифоқ ин таъхир ҳаром аст, чун таъхири закот гуноҳ аст ва фитрия низ закот аст. Пас ҳамон гуна ки таъхири намози воҷиб аз вақти он гуноҳ ва ҳаром аст, таъхири фитрия аз рӯзи ид низ ҳаром ва гуноҳ аст. Дар ҳадис омадааст:

من أداها قبل الصلاة، فهي زكاة مقبولة، ومن أداها بعد الصلاة، فهي صدقة من الصدقات

Ҳар кас онро пеш аз намози ид пардохт, закоти ӯ пазируфтааст, ва ҳар кас онро баъд аз намози ид пардохт, ӯ як садақаи маъмулӣ пардохтааст.”

Закоти фитрия ба чӣ касоне дода мешавад?

Закоти фитрия ба ҳамон гурӯҳҳое дода мешавад, ки ба онон закот дода мешавад ва дар ояти 60 сураи Тавба зикр шудаанд:

إِنَّمَا الصَّدَقَاتُ لِلْفُقَرَاءِ وَالْمَسَاكِينِ وَالْعَامِلِينَ عَلَيْهَا وَالْمُؤَلَّفَةِ قُلُوبُهُمْ وَفِي الرِّقَابِ وَالْغَارِمِينَ وَفِي سَبِيلِ اللَّهِ وَابْنِ السَّبِيلِ فَرِيضَةً مِنَ اللَّهِ وَاللَّهُ عَلِيمٌ حَكِيمٌ

Ҳамоно садақаҳо (закот) барои фақирон (ниёзмандон), мискинҳо (дармондагон), коркунон барои гирдоварии он, навохтадилон (касоне ки вақте барояшон эҳсон шавад, ба ислом мегароянд), дар роҳи озодии бардагон, қарздорон, товонзадагон (касоне ки муфлис шудаанд), дар роҳи Худо ва дар роҳ мондагон аст; фаризае аст аз Худо, ва Худо доно ва боҳикмат аст.”

Пардохти он ба фуқаро беҳтар аз дигарон аст, чун дар ҳадис омадааст, ки: Паёмбар (с) закоти фитрияро воҷиб намуд, то ба ин васила рӯзагиранда аз гуноҳи суханони ёва ва зишт покиза гардад ва хӯроке низ насиби фақирон ва мискинҳо шавад.

Байҳақӣ ва Дориқутнӣ аз Ибни Умар ривоят кардаанд, ки гуфтааст: Паёмбар (с) закоти фитрияро фарз намуд ва фармуд:

أغنوهم في هذا اليوم

Дар ин рӯз фақиронро бениёз кунед.”

Оё метавон ба ғайри мусалмон закоти фитрия дод?

Зуҳрӣ, Абӯҳанифа ва Муҳаммад раво доштаанд, ки фитрия ба зиммӣ дода мешавад, чун Худованд мефармояд:

لا ينهاكم الله عن الذين لم يقاتلوكم في الدين ولم يخرجوكم من دياركم أن تبروهم وتقسطوا إليهم إن الله يحب المقسطين

Худованд шуморо манъ намекунад аз он ки некӣ кунед ва адолат биварзед нисбат ба кофироне, ки дар роҳи дин бо шумо наҷангидаанд ва шуморо аз диёратон берун накардаанд, бе гумон Худованд дӯст дорад адолатпегшагонро.” (Мумтаҳина, 8)

Реклама


Рубрики:Аҳкоми рӯза, Рамазон

Метки: , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

w

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: