Сиёсат

Чаро тавофуқи Эрон ва кишварҳои 5+1-ро (дар сурати ҳосил шудан) “иттифоқи бузург дар торихи ҳуқуқи байналмилал” медонанд?

Мақолае дар пойгоҳи хабарӣ-таҳлилии Asriran

Муҳаммадҷаводи Зариф ва ҳамкоронаш дар тими музокироти ҳастаӣ, дар тӯли 2 соли гузашта кӯшидаанд, ки илова бар аз байн бурдани таҳримҳои Омрико ва Урупо, қатъномаҳои Шӯрои амнияти Созмони Милал алайҳи Эронро низ лағв кунанд. Хабарҳо аз Вен ҳокӣ аз он аст, ки ин талошҳо дар остонаи самарадиҳӣ аст ва агар тарафҳои муқобил дар лаҳазоти охир музокиротро баҳам нарезанд, иттифоқи бузурге дар торихи ҳуқуқи байналмилал рух хоҳад дод.

Таъбири “иттифоқи бузург дар торихи ҳуқуқи байналмилал” на аз сари эҳсос ё хушҳолӣ аз тавофуқи эҳтимолӣ, балки бар мабнои воқеиятҳои ҳуқуқии ҳоким бар равобити байналмилал аст.

То кунун Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид, алайҳи кишварҳои мутаъаддиде қатъномаҳои таҳримӣ содир кардааст. Маншури Созмони Милали Муттаҳид, фасле дорад, ки ба он чӣ “сулҳи ҷаҳониро ба хатар меандозад” ишора мекунад. Ин фасл, ки 7-умин фасли маншур аст, ба Шӯрои амният иҷоза медиҳад, ҳар гоҳ кишваре сулҳ ва амниятро ба хатар бияндозад, таҳримҳоеро алайҳи он вазъ кунад ва ҳатто дар ниҳоят бо ташкили нерӯи чандмиллиятӣ ба он кишвар ҳамлаи низомӣ кунад.

Дар ҳамаи мавориде, ки Шӯрои амният парвандаи кишвареро ба фасли 7-ум бурда ва алайҳи он эъмоли таҳрим кардааст, яке аз ин се иттифоқ афтодааст:

  1. Иҷрои комили мусавваботи Шӯрои амният:

Кишвари таҳти таҳрим мӯ ба мӯ ба қатъномаҳои Шӯрои амният амал карда ва баъд аз иҷрои комили қатънома, аз таҳримҳо муъоф шудааст, монанди Либӣ дар қазияи суқути ҳавопаймоӣ дар Локербӣ.

  1. Тағйири режим:

Режими кишвари таҳти таҳрим бар асари иттифоқоти дохилӣ тағйир карда ва бар асари тағйири режим, хостаҳои Шӯрои амният муҳаққақ шудааст, монанди қазияи Офриқои ҷанубӣ, ки режими опортойд бо хезиши мардумӣ ба раҳбарии Монделло аз байн рафт ва бо нобудияш, иқдомоти нажодпарастонаи он режим, ки маншаи қатъномаҳои таҳримӣ буданд, аз байн рафтанд.

  1. Ҳамлаи низомӣ:

Севвумин ҳолат низ, ҳамлаи низомии хориҷӣ ба кишвари таҳти таҳрим будааст, ки қатъномаҳоро иҷро накардааст. Ҳамлаи низомӣ ба Ироқ ва Югусловӣ баъд аз амал накардани ин кишварҳо ба қатъномаҳои Шӯрои амният, ду намунаи бориз дар ин хусус ҳастанд, ки таҳаққуқи муфодди қатъномаҳо, бо ҳамлаи низомӣ сурат гирифт.

Дар як ҷамъбандӣ, метавон гуфт, ки то имрӯз ҳамаи мусавваботи Шӯрои амният, ба яке аз се сарнавишт расидаанд: ё кишварҳо ба онҳо тан додаанд, ё аз дохил дучори тағйири режим шудаанд ва ё бо ҳамлаи низомии хориҷӣ мувоҷеҳ шудаанд ва ниҳоятан мусаввабот иҷро шудааст.

Агар дар музокироти Эрон ва 5+1, тавофуқи ниҳоӣ ҳосил шавад, барои аввалин бор дар торихи ҳуқуқи байналмилал, гузинаи чаҳоруме ба ин мавориди сегона афзуда мешавад ва он, лағви мусавваботи Шӯрои амният аз роҳи гуфтугӯ ва бидуни амал кардан ба онҳо аст.

Ин иттифоқи муҳим дар ҳоле рух медиҳад, ки 6 қатъномаи ахири Шӯрои амният алайҳи Эрон – ки то қабл аз музокироти ҷорӣ алайҳи Эрон тасвиб шудааст — сангинтарин таҳримҳоро алайҳи Эрон вазъ карда ва дастуротеро мутаваҷҷеҳи Эрон мекунад, ки аз он ҷумла таваққуфи комили ғанисозӣ дар кишвар аст. Ҳол он ки бо ҳусули тавофуқ, Эрон ба фаъолиятҳои ҳастаияш идома медиҳад ва Шӯрои амният бар хилофи мусавваботи қаблияш ва бидуни ин ки ба онҳо амал шавад, қатъномаи ҷадиде медиҳад ва мусавваботи пешини худро лағв мекунад.

Ин як пирӯзии беназир барои Эрон аст ва як иттифоқи бузург дар торихи ҳуқуқи байналмилал.

Дар зер, чанд намуна аз муҳимтарин парвандаҳои фасли 7-уми Шӯрои амният меояд; парвандаҳое, ки аъзои доими Шӯрои амниятро умедвор сохта буд Эрон низ ба яке аз се сарнавишти дар боло гуфташуда дучор шавад, вале тадбири давлатмардони эронӣ, иттифоқи чаҳорумро рақам мезанад. То соатҳои оянда, мушаххас мешавад, ки ин иттифоқи бузург муҳаққақ мешавад ё хайр?

Офриқои ҷанубӣ

Режими опортойди Офриқои ҷанубӣ, ба унвони таҳдиде барои мардуми ин кишвар ва ҳамсоягонаш, се қатънома аз Шӯрои амният дарёфт кард. Қатъномаи аввал дар торихи 4 ноябри соли 1977 ба шумораи 418 содир шуд ва дуввумин қатънома низ дар торихи 13 июни 1980 ба шумораи 473 содир гардид. Ҳамчунин 13 декабри 1984 қатъномаи дигаре ба шумораи 558 алайҳи ин кишвар содир шуд. Ин қатъномаҳо аз режими опортойд мехостанд, даст аз сиёсатҳои нажодпарастона ва хушунат бардорад ва кишварҳои ҷаҳонро мулзам бар таҳримҳои густардае алайҳи Офриқои ҷанубӣ мекарданд.

Бо ин ҳол, ҳукумати вақт таваҷҷӯҳе ба ин қатъномаҳо накард ва ҳамчунон таҳти таҳримҳо монд, то он ки муборизоти мардумии ин кишвар ба раҳбарии Нелсун Монделло натиҷа дод ва режими опортойд сарнагун ва интихоботи озод дар ин кишвар баргузор шуд. Баъд аз он буд, ки Шӯрои амният дар торихи 25 майи 1994 ташкили ҷаласа дод ва бо судури қатъномаи 919 ба таҳримҳои 17 солаи Офриқои ҷанубӣ поён дод.

Ироқ

4 рӯз баъд аз ҳамлаи Ироқ ба Кувайт дар 2 августи 1990 ва ишғоли ин кишвар, Шӯрои амният бо судури қатъномаи 661 зайли фасли 7-уми маншур, ин кишварро таҳти таҳрим қарор дод. Баъд аз судури ин қатънома, Бағдод таваҷҷӯҳе ба он накард, ки боъис шуд қатъномаҳои дигаре алайҳи ин кишвар содир шавад ва ниҳоятан кор ба ҷанг бикашад.

Баъд аз ҷанг ва раҳосозии Кувайт аз ишғоли артиши Ироқ, таҳримҳо ҳамчунон побарҷо монд, то он ки Омрико бори дигар ба Ироқ ҳамла кард ва ҳукумати ин кишварро сарнагун кард. Баъд аз ин иттифоқоти фоҷеъабор ва рӯи кор омадани давлати мунтахаби мардумӣ дар Ироқ, Шӯрои амният бо судури қатъномаи 1483 дар соли 2013 ба таҳримҳо поён дод.

Югусловӣ

Ҷанги дохилӣ дар Югусловӣ, пойи Шӯрои амниятро ба ин минтақа кашонд ва чанд қатънома алайҳи ин кишвар содир шуд. Аз ҷумла қатъномаи 713 дар торихи 25 сентябри 1991 ва қатъномаи 724 дар 15 декабри 1991 ва…

Ин қатъномаҳо танҳо замоне лағв ва бо қатъномаи 1367 таҳримҳо бардошта шуданд, ки нерӯҳои эътилофи байналмилалӣ, ба бомбборони Югусловӣ пардохтанд ва нерӯҳои мутаҷовиз ақиб нишастанд. Натиҷаи ин ҷанги дохилӣ таҷзияи Югусловӣ буд.

Ҳоитӣ

Дар соли 1991 дар Ҳоитӣ кудато шуд ва давлати мунтахаби Бернорд Ористид сарнагун гардид. Шӯрои амнияти Созмони Милал дар торихи 16 июни 1993 қатъномаи 841 ва дар торихи 6 майи 1994 қатъномаи 917-ро алайҳи ин кишвар содир ва таҳримҳоеро алайҳи он вазъ намуд.

Бо беэътиноии давлати кудато ба ин қатъномаҳо, Шӯрои амният дар торихи 31 июли 1994 бо судури қатъномаи 940 нерӯи низомии чандмиллиятӣ бо ҳадафи бозгардондани давлати қонунӣ бар сари кор ташкил дод ва ниҳоятан бо хуруҷи кудаточиён аз қудрат ва бозгашти Ористид ба қудрат, Шӯрои амният бо судури қатъномаи 948, ба таҳримҳо поён дод.

Либӣ

Торихи 21 декабри 1988 як фарванд ҳавопаймои омрикоӣ бар фарози Локербӣ мунҳадим шуд ва 259 нафар кушта шуданд. Се соли баъд, додситонии Омрико се шаҳрванди либиёиро ба унвони мазнунони ин ҳодиса шинохт ва аз давлати Либӣ дархости истирдод кард. Қаззофӣ зери бор нарафт ва Шӯрои амният вориди амал шуд ва дар зайли фасли 7-уми маншури Милали Муттаҳид бо тасвиби қатъномаи 748 муҷозотҳоеро алайҳи ин кишвар тасвиб кард ва дар қатъномаи баъдӣ ба шумораи 883 дар 11 ноябри 1993 доманаи таҳримҳоро афзоиш дод.

Либӣ бисёр кӯшид дар баробари таҳримҳо муқовимат кунад, вале ниҳоятан таслим шуд, муттаҳамонро таҳвил дод ва ғаромати мусофирон ва ҳавопайморо пардохт кард, то таҳримҳо бар асоси қатъномаи 1506 дар торихи сентябри 2003 лағв шуданд.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.