Пароканда

Иди саиди Фитр муборак бод!

Бисмиллоҳир Раҳмони Раҳим

Фаро расидани иди саид ва хуҷастаи Фитрро ба яко-яки ҳаммиҳанони азизам табрик ва таҳниат мегӯям. Биёед дар ин рӯзи фархунда, барои якдигар дуо кунем, барои ислом ва мусалмонони ҷаҳон дуо кунем. Дуо кунем, то мушкилоти ҷаҳони ислом бартараф шавад. Муҳаббат ва маваддат, ҷойи кина ва нафрати мусалмонон нисбат ба ҳамдигарро бигирад. Оташи ҷангҳои хунин ва бемаъние, ки имрӯзҳо миёни мусалмонон дар минтақаи Ховари Миёна барпост, хомӯш гардад.

Ин ҷанг ғолиб ва мағлуб надорад. Ҳамаи мусалмонон мағлуб хоҳанд шуд. Ва агар барои чунин ҷанге ғолиб ва пирӯзе тасаввур бишавад, бе шак он пирӯз ҷуз душмани ислом ва мусалмонон нест.

Албатта, хомӯш гардидани оташи ин ҷанги бемаънӣ, дар дараҷаи аввал марҳуни огоҳӣ ва басирати худи мусалмонон аст. Яъне бояд онҳо дар асбоб ва авомили шӯълавар шудани ин даргириҳо ва дар бораи пушти пардаҳои он нек биандешанд ва таҳлиле дуруст ва воқеъбинона аз чунӣ ва чароии он дар даст дошта бошанд.

Бе тардид, яке аз авомил дарунист, яъне тақсир ва кӯтоҳӣ аз худашон аст ва ин ҷаҳолат ва таъассуб аст, ки заминаро барои шӯълавар шудани ин даргириҳо фароҳам карда. Ва албатта, омилҳои хориҷӣ ҳам дар ин миён дахил ҳастанд, ки яке аз онҳо, режими саҳюнистӣ аст, ки солҳо барои ин кор барномарезӣ карда ва ҳаминак дар ҳоли чидани самараҳои он барномаҳояш аст.

Пас, бояд талош кунем ва саъй кунем, то агар омил аз дарун аст, ба ислоҳи он ва агар аз берун аст, ба қатъ он бипардозем.

* * *

Иди саиди Фитр, ки яке аз ду иди бузурги мусалмонон ба шумор меравад, баҳонае аст бисёр муносиб барои диду боздид аз якдигар, зиёрати наздикон ва хешон ва эҳсон ва некӯкорӣ ба дармондагон ва ниёзмандон.

Дар ин рӯзи хуҷаста, шоиста аст ба фикри азизоне ҳам бошем, ки дар зиндонҳо ба сар мебаранд. Агар тавонистем, саре ба онҳо бизанем ва аз аҳволашон бохабар шавем. Ва ҳамчунин, иёдати беморон ва ба вижа беморони саъбулилоҷ дар ин рӯз, аз аъмоле шумурда шудааст, ки подоши фаровоне барояш ваъда шуда.

Барои қарздорон ҳам дуо кунем, ки Худованд ононро аз он бираҳонад. Бисёриҳо дар Тоҷикистон аз рӯи ночорӣ аз бонкҳо қарз мегиранд ва сипас дар натиҷаи адами тавонои пардохти он, зери бори қарз мемонанд ва балое барои онҳо ва хонаводаашон мегардад. Дуо кунем, то Худованд кори эшонро осон бинамояд.

Дар Саҳифаи Саҷҷодия дуое ҳаст аз Имом Зайнулобидин (а), ки аз забони қарздорон замзама фармудаанд, ки дӯст дорам бо ин дуо, паёми худро ба поён бирсонам:

* * *

Худоё! Бар Муҳаммад ва хонадонаш дуруд фирист ва маро раҳоӣ бахш аз қарзе, ки чеҳраамро афсурда ва ғамгин созад, андешаамро биошӯбад, фикрамро парешон гардонад ва рӯзгоре дароз маро ба кӯшиш водорад!

Паноҳ мебарам ба Ту аз андӯҳ ва андешаи бадеҳкорӣ ва дилнигарон будан ва бехобӣ кашидан барои он. Пас, бар Муҳаммад ва хонадонаш дуруд фирист ва маро аз ранҷи қарз дар паноҳ овар!

Парвардигоро! Дар баробари зиллат ва хории қарздорӣ дар зиндагӣ ва паёмадҳои он пас аз мурдан, умеди ман ба пуштибонии туст. Пас, ба Муҳаммад ва хонадонаш дуруд фирист ва маро ба моле саршор ё моле баандоза ва пайваста, ёрӣ фармо!

Худоё! Бар Муҳаммад ва хонадонаш дуруд фирист ва маро аз исроф ва зиёдаравӣ ба дур дор ва бо бахшиш ва миёнаравӣ маро мустақим бидор. Чунон кун, ки дар кори худ андоза нигаҳ дорам ва ба лутфи ту моли худро беҳуда харҷ накунам. Рӯзиамро пайваста аз роҳҳои ҳалол бар ман равон гардон ва инфоқи маро дар роҳи корҳои нек андоз ва молеро, ки барои ман худбузургбинӣ оварад ё ба ситам мунҷар шавад ва ё ба саркашӣ анҷомад, аз ман дур гардон!

Худоё! Ҳамнишинӣ бо фақиронро хушоянди ман соз ва маро бо шикебоии некӯ дар ҳамсӯҳбати бо онон, ёрӣ кун!

Он чӣ аз молу сарвати ин ҷаҳони зудгузар, ки аз ман гирифтаӣ, дар ганҷинаҳои боқии худ захира намо!

Ва он баҳраи бемиқдори дунявиро, ки ба ман арзонӣ доштаӣ ва дар ин ҷаҳон ато фармудаӣ, дастовезе барои расидан ба раҳматат ва пайвастан ба мақоми қурб ва дохил шудан ба биҳишти худ қарор деҳ, ки ту эҳсоне бузург дорӣ, ва Ту бахшандаи бузургворӣ!

* * *

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Рубрики:Пароканда, Рамазон

Помечен как:,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.