Омӯзиши фалсафа

Омӯзиши фалсафа (11) – Вуҷуд ва моҳият

Вуҷуд ва моҳият

Дар боби вуҷуд ва моҳият муҳимтарин баҳс ин аст, ки оё вуҷуд асил аст ё моҳият? Мақсуд ин аст, ки мо дар ашё ҳамвора ду маънӣ ташхис медиҳем ва ҳар ду маъниро дар бораи онҳо содиқ медонем. Он ду чиз яке ҳастӣ аст ва дигаре чистӣ. Масалан, медонем, ки инсон ҳаст, дарахт ҳаст, адад ҳаст, миқдор ҳаст… аммо адад як чистӣ ва як моҳият дорад ва инсон моҳият ва чистии дигаре. Агар бигӯем, адад чист, як посух дорад, ва агар бигӯем, инсон чист, посухи дигаре дорад.

Хеле чизҳо ҳастии равшане доранд, яъне медонем, ки ҳастанд, аммо намедонем, ки чистанд. Масалан, медонем, ки ҳаёт ҳаст, барқ ҳаст, аммо намедонем, ки ҳаёт чист, барқ чист.

Бисёр чизҳоро медонем, ки чистанд, масалан доира таърифи равшане пеши мо дорад ва медонем доира чист, аммо намедонем дар табиати айнӣ доираи воқеӣ вуҷуд дорад ё надорад. Пас маълум мешавад, ки ҳастӣ ғайр аз чистӣ аст.

Аз тарафе медонем, ки ин касрат — яъне дугонагии моҳият ва вуҷуд — сирфан зеҳнӣ аст, яъне дар зарфи хориҷ ҳар чизе ду чиз нест. Пас яке аз ин ду айнӣ ва асил аст ва дигарӣ эътиборӣ ва ғайри асил.

Албатта ин баҳс доманаи дарозе дорад ва ғарази мо дар ин баҳсҳо фақат ошноӣ бо истилоҳ аст. Он чӣ ин ҷо бояд бидонем ин аст, ки масъалаи асолати вуҷуд ва моҳият‏, собиқаи торихии зиёде надорад. Ин масъала дар ҷаҳони ислом ибтикор шудааст. Форобӣ, Бӯалӣ ва Хоҷа Насируддини Тӯсӣ ва ҳатто Шайхи Ишроқ баҳсе ба унвони асолати моҳият ва асолати вуҷуд тарҳ накардаанд. Ин баҳс дар замони Мирдомод (авоили қарни ёздаҳуми ҳиҷрӣ) вориди фалсафа шуд.

Мирдомод асолати моҳиятӣ буд, аммо шогирди номдораш Садрулмутааллиҳин асолати вуҷудро ба исбот расонд ва аз он торих, ҳамаи фалосифае, ки андешаи қобили таваҷҷӯҳе доштаанд, асолати вуҷудӣ будаанд.

Зимнан, ин нукта низ хуб аст гуфта шавад, ки дар асри мо, фалсафае равнақ гирифта, ки он низ гоҳе ба номи Фалсафаи асолати вуҷуд хонда мешавад ва он фалсафаи Экзистонсиёлизм (Existentialism) аст. Он чӣ дар ин фалсафа ба номи асолати вуҷуд хонда мешавад, марбут ба инсон аст ва дар бораи ин матлаб аст, ки инсон бар хилофи соири ашё, як моҳияти мушаххаси пешбинишуда ва як қолиби муайяни табиӣ надорад. Инсон чистии худро худ тарҳрезӣ мекунад ва худ месозад. Ин матлаб то ҳудуди зиёде матлаби дурусте аст ва дар фалсафаи исломӣ таъйид шудааст. Вале он чӣ дар фалсафаи исломӣ ба номи асолати вуҷуд хонда мешавад, аввалан ихтисос ба инсон надорад, балки марбут аст ба ҳамаи ҷаҳон. Сониян, дар асолати вуҷуди исломӣ баҳс дар бораи асолат ба маънии айният дар муқобили эътиборият ва зеҳният аст ва баҳси Экзистонсиёлизм дар бораи асолат ба маънии тақаддум аст, ва ба ҳар ҳол ин дуро набояд яке пиндошт.

Идома дорад

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.