Пароканда

Руҳонӣ: “Мо нишон додем, ки ҳам дар дониши фаннӣ ва ҳам дар дониши сиёсӣ саромад ҳастем”

Дуктур Ҳасани Руҳонӣ, раисиҷумҳури Эрон, дар паёме, бо табрики иди саиди Фитр гуфт: “Мо тавонистем нишон диҳем, ҳамон гуна ки дар дониши фаннӣ мустақил ва тавсиъаёфта ҳастем, дар дониши сиёсӣ ҳам дорои маҳорат ва таҷриба ҳастем ва метавонем ҳам дар улуми фаннӣ ва ҳам дар улуми инсонӣ саромад бошем”. Вай ҳамчунин афзуд: “Мо дар баробари фишори таҳрим истодем ва тақвои сиёсӣ пеша кардем ва собит кардем, иродае ҷуз сулҳҷӯӣ дар дастёбӣ ба дониши ҳастаӣ надорем ва ҳеч фард ва давлате наметавонад моро ба аз он маҳрум кунад.”

Ба гузориши Форс, матни паёми Ҳасани Руҳонӣ ба ин шарҳ аст:

Бисмиллоҳир Раҳмонир Раҳим

Фаро расидани иди саиди Фитр пас аз як моҳ парҳезкорӣ ва хештардорӣ, бар ҳамаи шумо бандагони хуби Худо хуҷаста бод.

Рамазон, моҳи озмуни тақвост ва ҳар сол, ки иди Фитр фаро мерасад, растгортарин мардумон ва мӯъминон, ононанд, ки дар ин моҳи шариф бо пеша кардани тақво, ҷони худро сабук карда ва руҳи худро аз ҳисори ҳавоҳои нафсонӣ озод кардаанд.

Дини ҳанифи Ислом албатта ҳаргиз аҳли руҳбоният ва зуҳди риёӣ нест ва баҳрамандӣ аз мавоҳиб ва неъматҳои илоҳиро ҳаққи ҳар инсон медонад, ки бо баҳра бурдан аз ҷаҳони ҳастӣ, тоати Худоро бо ҷон мегузинад ва тасбиҳи Ҳақ мегӯяд. Аммо ҳамон ойини ҳаниф ҳам, инсонро барда ва бандаи дунё намехоҳад ва мекӯшад, бо рушди порсоӣ ва парҳезкорӣ, ӯро на асири дунё, ки ҳоким бар дунё қарор диҳад ва ин ҳамон омӯзаи бузурге аст, ки бар ҳамаи зиндагии мусалмонон ҳоким аст.

Имсол мо дар миёни ду ид қарор гирифтаем; иди иродаи миллӣ, ки дар рӯзи торихии 23-уми тир бо муваффақияти торихӣ дар парвандаи ҳастаии Эрон ва эътирофи қудратҳои бузургтар нисбат ба ҳаққи фановарии сулҳомези ҳастаиамон падидор шуд, ва иди парҳезкории динӣ, ки акнун фаро расидааст.

Мо ҳамон гуна ки дар баробари фишори нахӯрдан ва наошомидан ва ба гуноҳ наёлудани тан ва равон сабр кардем ва ба иди Фитр расидем, дар баробари фишори таҳрим ва мазоиқи иқтисодӣ ва сиёсӣ истодем ва тақвои сиёсӣ пеша кардем ва собит кардем, ки иродае ҷуз сулҳҷӯӣ дар дастёбӣ ба дониши ҳастаӣ надорем ва ҳеч фард ва давлате наметавонад моро аз он маҳрум кунад.

Ин шодии миллӣ маҳсули он парҳезкории сиёсӣ аст, чунон ки ин шодобии ахлоқӣ, маҳсули як парҳезкории динӣ аст. Мо бино ба омӯзаҳои динии худ, заррае дар ҳаққи баҳрамандии инсон аз табиат ва зарурати фановарӣ тардид надорем, ки Худо хоста инсон бар табиат мусаллат бошад; аммо ҳамон дин ба мо омӯхта, ки тахриби табиат, куштори инсон ва табоҳии навъи башар, ғайри ахлоқӣ ва ғайри шаръӣ аст ва сохти силоҳи ҳастаӣ бо усули илоҳӣ ва инсонӣ мунофот дорад.

Ин амри муҳим, ки дар фатвои Мақоми Муаззами Раҳбарӣ ва роҳбурди эшон таҷаллӣ ёфта буд, аз сӯи давлати тадбиру умед ва фарзандони шумо дар дастгоҳи сиёсати хориҷии Эрон ба як барномаи печидаи музокира бадал шуд ва пас аз 22 моҳ бо ҳимояти шумо миллати Эрон, ба сурати як дастоварди миллӣ ва намоде аз тавон ва дониши ҳуқуқӣ ва сиёсии Ҷумҳурии Исломии Эрон ҷилвагар шуд.

Мо тавонистем нишон диҳем, ҳамон гуна ки дар дониши фаннӣ мустақил ва тавсиъаёфта ҳастем, дар дониши сиёсӣ ҳам дорои маҳорат ва таҷриба ҳастем ва метавонем ҳам дар улуми фаннӣ ва ҳам дар улуми инсонӣ саромад бошем.

Мо ба мадади тақвои динии худ, тақвои сиёсии худро собит кардем, бошад, ки ҷаҳон садоқати худро собит кунад.

Ман ба унвони Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон, ин ду иди сиёсӣ ва маънавиро ба ҳамаи эрониён ва низ дигар мусалмонон, ки дил дар гарави истиқлол ва иқтидори ҷаҳони Ислом доранд, табрик мегӯям.

Имрӯз рӯзе аст, ки ҳам чархи сонтрифиюжҳои Эрон мечархад ва ҳам чархи иқтисоди Эрон дар остонаи як таҳаввул дар ҷиҳати равнақи густарда аст. Ба умеди рӯзе, ки иди тавсиъа ва таъолии миллиро ҳам ҷашн бигирем, ки он рӯз дур нест.

Ҳасани Руҳонӣ

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.