Пароканда

Сиёсати мо дар муқобили Омрико ҳеч тағйире нахоҳад кард… Мо аз ҳимояти дӯстонамон дар минтақа, даст барнахоҳем дошт

Раҳбари Эрон бо таъкид бар ин ки “сиёсати миллат ва низоми Ҷумҳурии Исломӣ дар муқобили Омрико ҳеч тағйире нахоҳад кард” гуфт: “Чӣ матни таҳияшуда тасвиб шавад, чӣ нашавад, миллати Эрон аз ҳимояти миллати мазлуми Фаластин, Яман, Баҳрайн ва миллат ва давлатҳои Сурия ва Ироқ ва муҷоҳидони содиқи Лубнон ва Фаластин даст барнамедорад.”

Ба гузориши пойгоҳи иттилоърасонии дафтари раҳбари Эрон, Оятуллоҳ Хоманаӣ имрӯз (18.07.2015) дар хутбаҳои намози иди саиди Фитр дар мусаллои Теҳрон, бо табрики иди саиди Фитр ба миллати Эрон ва ҳамаи мусалмонони ҷаҳон, моҳи Рамазони имсолро ба маънои воқеии калима моҳи бориши баракоти илоҳӣ бар миллати Эрон хонд ва афзуд: “Рӯзадорӣ дар рӯзҳои гарм ва баланди тобистон, маҳофили густардаи Қуръон, маҷолиси зебои дуо ва тавассул ва тазарруъ, суфраҳои содаи ифтор дар масоҷид ва маобири умумӣ ва дар ниҳоят, роҳпаймоии азими Рӯзи ҷаҳонии Қудс, аз нишонаҳои ин баракати осмонӣ буд.”

Вай афзуд: “Роҳи дурусти шинохти миллати Эрон, таъаммул дар ин гуна воқеиёт аст; воқеиёте, ки нишон медиҳад, миллат дар арсаи ибодат он ҷур амал мекунад ва дар саҳнаи мубориза бо истикбор низ, ин гуна роҳро ба дигар миллатҳо нишон медиҳад.”

Раҳбари Эрон бо ишора ба шиорҳои “Марг бар Исроил!” ва “Марг бар Омрико!”-и миллати Эрон дар Рӯзи ҷаҳонии Қудс, хотирнишон кард: “Ҷиҳатгириҳои азими ҳаракати миллатро бояд аз ин шиорҳо дарк кард, на аз забони муғризи бегонагон, ки мутаассифона дар дохил низ бархе каҷфаҳмҳо онҳоро такрор мекунанд.”

Оятуллоҳ Хоманаӣ дар бахши дигаре аз хутбаҳои намози ид, бо ишора ба ҳаводиси ногувори минтақа гуфт: “Мутаасифона дастҳои номуборак ва сияҳкор моҳи мубораки Рамазонро барои бисёре аз миллатҳои минтақа дар Яман, Баҳрайн, Фаластин ва Сурия талх ва сахт душвор карданд, ки ин масоил барои мардуми Эрон муҳим аст.”

Раҳбари Эрон дар идома, бо ташаккур аз дастандаркорони музокироти тӯлонӣ ва нафасгири ҳастаӣ, ба хусус заҳамот ва талошҳои ҳайъати музокиракунандаи эронӣ, афзуд: “Барои тасвиби матни таҳияшуда, бояд масири қонунии пешбинишуда тай шавад. Албатта, чӣ ин матн тасвиб шавад, чӣ нашавад, аҷри музокиракунандагон маҳфуз аст иншоаллоҳ.”

Оятуллоҳ Хоманаӣ хитоб ба дастандаркорони баррасии “матни таҳияшудаи ҳастаӣ” таъкид кард: “Бар асоси масолеҳи кишвар ва манофеи миллӣ, бо диққат кори худро анҷом диҳед, то битавонед ҳосили баррасиҳоро бо гардани афрошта, ба миллат ва Худованд ироа диҳед.”

Вай бо таъкид бар муқобилаи Ҷумҳурии Исломӣ бо ҳар гуна суистифода аз “матни таҳияшуда” гуфт: “Чӣ матни таҳияшуда тасвиб шавад, чӣ нашавад, ба ҳеч кас иҷозаи хадша бар усули асосии низоми исломиро намедиҳем.”

Раҳбари Эрон бо ишора ба фазои таҳдидомези мавҷуд ва такяи душманон бар масоили дифоии Эрон, афзуд: “Ба фазли илоҳӣ, қобилиятҳои дифоӣ ва ҳарими амнияти кишвар ҳифз хоҳад шуд ва Ҷумҳурии Исломӣ ҳаргиз таслими зиёдахоҳии душманон нахоҳад шуд.”

Оятуллоҳ Хоманаӣ ҳамчунин гуфт: “Чӣ матни таҳияшуда пас аз тайи раванди қонунии дохили кишвар, тасвиб шавад, чӣ нашавад, миллати Эрон аз ҳимояти миллати мазлуми Фаластин, Яман, Баҳрайн ва миллат ва давлатҳои Сурия ва Ироқ ва муҷоҳидони содиқи Лубнон ва Фаластин даст барнамедорад.”

Раҳбари Эрон бо таъкид бар ин ки дар ҳар сурат, сиёсати миллат ва низоми Ҷумҳурии Исломӣ дар муқобили Омрико ҳеч тағйире нахоҳад кард, афзуд: “Мо дар бораи масоили дуҷониба, минтақаӣ ва ҷаҳонӣ ҳеч музокирае бо Омрико нахоҳем дошт, магар дар мавориди истисно ҳамчун ҳастаӣ, ки қабл аз ин ҳам собиқа доштааст.”

Вай бо интиқоди шадид аз сиёсатҳои Омрико дар “ҳимоят аз давлати теруристӣ ва кӯдаккуши саҳюнизм” баён дошт: “Сиёсатҳои мо ва Омрико дар минтақа, саду ҳаштод дараҷа ихтилоф дорад.”

Оятуллоҳ Хоманаӣ дар идома афзуд: “Давлатмардон ва давлатзанони Омрико ин рӯзҳо барои ҳалли мушкилоти дохилӣ, ба ночор машғули раҷазхонӣ ҳастанд, аммо зиёдагӯиҳои онҳо ҳақиқат надорад.”

Вай бо ишора ба яке аз раҷазҳои омрикоӣ мабнӣ бар ҷилавгирӣ аз тавлиди силоҳи ҳастаӣ дар Эрон хотирнишон кард: “Мо солҳо қабл бар асоси мабонии ислом, фатвои ҳурмати тавлиди силоҳи ҳастаӣ додаем ва барои тавлиди ин силоҳ монеъи шаръӣ дорем, аммо омрикоиҳо бо вуҷуди ин ки гоҳе ба аҳаммияти ин фатво эътироф мекунанд, дар таблиғот ва раҷазхониҳо дурӯғ мегӯянд ва иддао мекунанд, таҳдиди онҳо ҷилави сохти силоҳи ҳастаии Эронро гирифтааст.”

Раҳбари Эрон афзуд: “Мақомоти феълии Омрико аз таслими миллати Эрон ҳарф мезананд. Албатта панҷ раисиҷумҳури қаблии онҳо низ пас аз инқилоб аз ин орзуҳо доштанд, аммо ё мурданд ё дар торих гум шуданд ва шумо ҳам мисли онҳо, таслими Эронро магар ба хоб бибинед.”

Оятуллоҳ Хоманаӣ бо ишора ба эътирофи раисиҷумҳури кунунии Омрико ба чанд маврид аз иштибоҳоти гузаштаи ин кишвар дар қиболи Эрон аз ҷумла кудатои 28 мурдод ва ҳимоят аз Саддом, афзуд: “Инҳо танҳо муште аз харвор аст ва иштибоҳоти бисёре вуҷуд дорад, ки омрикоиҳо ҳанӯз ҳозир нестанд ба онҳо эътироф кунанд.”

Вай ба мақомоти омрикоӣ тавсия кард, аз иштибоҳоти ҷорӣ даст бардоранд, то мақомоти ояндаи ин кишвар маҷбур нашаванд ба иштибоҳоти феълии онҳо эътироф кунанд.

Раҳбари Эрон бо таъкид бар иқтидори рӯзафзуни Ҷумҳурии Исломии Эрон изҳор дошт: “Ҳудуди 12 сол аст шаш кишвари бузурги ҷаҳон талош мекунанд Эронро аз пайгирии санъати ҳастаӣ боздоранд ва ҳамон гуна ки бархе гуфтанд, печу муҳраҳои ҳастаии Эронро ба куллӣ боз кунанд, аммо имрӯз маҷбур шудаанд гардиши чанд ҳазор сонтрифюж ва идомаи таҳқиқ ва тавсиъаро дар Эрон бипазиранд ва таҳаммул кунанд ва ин, маъное ҷуз иқтидори миллати Эрон надорад.”

Вай, иқтидор ва қудрати рӯ ба густариши Ҷумҳурии Исломии Эронро ношӣ аз истодагӣ ва муқовимати миллат ва шаҳомат ва ибтикори донишмандон хонд ва бо таҷлил аз донишмандони шаҳиди ҳастаӣ ва раҳравон ва хонаводаҳои онон афзуд: “Раҳмати Парвардигор бар миллате, ки ин гуна пойи ҳарфи ҳаққи худ меистад.”

Оятуллоҳ Хоманаӣ дар поён бо ишора ба ҳарфи раисиҷумҳури феълии Омрико мабнӣ бар “тавони нобуд кардани артиши Эрон” гуфт: “Қадимҳо ба ин гуна ҳарфҳо “лоф дар ғарибӣ” мегуфтанд.”

Раҳбари Эрон хитоб ба мақомоти омрикоӣ таъкид кард: “Мо аз ҳеч ҷанге истиқбол ва ҳеч ҷангеро оғоз намекунем, аммо агар ҷанге рӯй диҳад, он кас ки аз набард саршикаста хориҷ мешавад, Омикои мутаҷовиз ва ҷинояткор аст.”

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.