Омӯзиши фалсафа

Омӯзиши фалсафа (12) – Айнӣ ва зеҳнӣ

Айнӣ ва зеҳнӣ

Яке аз тақсимоти вуҷуд ва ҳастӣ он аст, ки ҳастӣ ва вуҷуди як шайъ ё айнӣ аст ва ё зеҳнӣ. Ҳастии айнӣ яъне ҳастии хориҷӣ, ки мустақил аз зеҳни инсон аст. Медонем, ки масалан кӯҳ, дарё ва саҳро дар хориҷ аз зеҳни мо ва мустақил аз зеҳни мо вуҷуд доранд. Зеҳни мо хоҳ онҳоро тасаввур кунад ва хоҳ тасаввур накунад, балки хоҳ мо ва зеҳни мо вуҷуд дошта бошем ва хоҳ вуҷуд надошта бошем, кӯҳ, дарё ва саҳро вуҷуд дорад.

Вале ҳамин кӯҳ, дарё ва саҳро вуҷуде ҳам дар зеҳни мо доранд. Он гоҳ ки мо тасаввур мекунем онҳоро, дар ҳақиқат онҳоро дар зеҳни худ вуҷуд медиҳем. Вуҷуде, ки ашё дар зеҳни мо пайдо мекунанд, вуҷуди зеҳнӣ номида мешавад.

Ин ҷо ду пурсиш ҳаст. Яке ин ки: ба чӣ муносибат тасвирҳое, ки аз ашё дар зеҳни мо пайдо мешаванд, ба унвони вуҷуде аз он ашё дар зеҳни мо талаққӣ мешавад? Агар чунин аст, пас мебоист тасвире ҳам, ки аз ашё бар рӯи девор ё коғаз нақш мебандад, навъе дигар аз вуҷуд хонда шавад ба номи вуҷуди деворӣ ё коғазӣ. Мо агар тасвироти зеҳниро ба навъе вуҷуд барои шайъи тасвиршуда таъбир кунем, дар ҳақиқат як маҷоз ба кор бурдаем, на ҳақиқат, ва ҳол ин ки сару кори фалсафа бояд бо ҳақиқат бошад.

Дигар ин ки масъалаи вуҷуди зеҳнӣ дар ҳақиқат марбут ба инсон аст ва яке аз масоили равонии инсонӣ аст ва чунин масъалае мебоист дар равоншиносӣ матраҳ шавад, на дар фалсафа. Зеро масоили фалсафа масоили куллӣ аст ва масоили ҷузъӣ марбут ба улум аст.

Дар посухи пурсиши аввал мегӯем, ки робитаи сурати зеҳнӣ бо шайъи хориҷӣ, масалан робитаи кӯҳ ва дарёи зеҳнӣ бо кӯҳ ва дарёи хориҷӣ, басе амиқтар аст аз робитаи акси кӯҳ ва дарё рӯи коғаз ё девор бо кӯҳ ва дарёи хориҷӣ. Агар он чӣ дар зеҳн аст, танҳо як тасвири сода мебуд, ҳаргиз маншаи огоҳӣ намешуд, ҳамчунон ки тасвир бар рӯи девор маншаи огоҳии девор намегардад, балки тасвири зеҳнӣ айни огоҳӣ аст.

Фалосифа дар масъалаи вуҷуди зеҳнӣ ба исбот расонидаанд, ки иллати огоҳии мо ба ашёи хориҷӣ ин аст, ки тасвироти зеҳнии мо, як тасвири сода нест, балки навъе вуҷуд ёфтани моҳияти ашёи хориҷӣ аст дар зеҳни мо. Ва аз ҳамин ҷо посухи пурсиши дуввум низ равшан мешавад, ва он ин ки ҳарчанд масъалаи тасвироти зеҳнӣ аз як назар як масъалаи равонии инсонӣ аст ва аз ҳамон назар бояд дар илми маърифатуннафс мавриди баҳс қарор гирад, вале аз он назар, ки зеҳни инсон воқеан як нашъаи дигар аз вуҷуд аст ва сабаб мегардад, ки ҳастӣ дар зоти худ ду гуна гардад: зеҳнӣ ва айнӣ, ҷои он дар фалсафа аст.

Бӯалӣ дар авоили илоҳиёти “Шифо” ба таври ишора ва Садрулмутааллиҳин дар таълиқоти хеш бар илоҳиёти “Шифо” ба таври сареҳ ва ба тафсил гуфтаанд, ки гоҳе як масъала аз ду назар ба ду фанн марбут мешавад. Масалан, ҳам ба фалсафа марбут мешавад ва ҳам ба улуми табиӣ.

Идома дорад

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.