Машоҳир

Сиёсатмадори масъулиятшинос

34343420 июл зодрӯзи Муҳиддин Кабирӣ аст. Ӯ имрӯз қадам ба 50-солагии худ гузошт. Дар бораи ин шахсияти тоҷик, пештар ва ба муносибати зодрӯзаш, нукотеро ёдовар шуда будам. Имрӯз ҳам мехоҳам яке ду нуктаро дар бораи ин шахсият хотирнишон бикунам.

Чунон ки азизон огоҳанд, се чаҳор соли ахир барои Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон солҳои бисёр сахт ва душворе буданд. Ин ҳизби сиёсӣ бе он ки муртакиби ҷурм ва ҷинояте шуда бошад, бо анвоъи фишорҳо рӯ ба рӯ шуд (ва ҳоло ҳам рӯ ба рӯст) ва иллаташ ҳам барои ҳамагон ва ҳатто барои касоне ки ноҷавомардона рӯйи ин ҳизб фишор ворид месозанд, рӯшан аст. Ва он ин ки ҲНИТ танҳо ҳизби фаъол дар арсаи сиёсии Тоҷикистон ва рақибе ҷиддӣ барои ҳизби ҳоким ба шумор меравад; ба гунае ки агар интихобот дар кишвари мо ба сурати озод ва шаффоф баргузор шавад, касби орои қобили таваҷҷӯҳ ва ҳатто пирӯзии ин ҳизб, аз эҳтимол ба дур нест. Далели ҳамаи он фишорҳо ва “обирӯй рехтанҳо”, чизе ҷуз ҳамин воқеият нест.

Аммо рафтор ва мавзеъгириҳои Кабирӣ дар баробари ин фишорҳо чӣ гуна буданд? Ба назари ман, он чӣ аз ӯ дар баробари ин рафторҳои ноҷавонмардона мебинем, нишон медиҳад, ӯ фарде масъулиятшинос ба тамоми маъно будааст.

Кабирӣ, бар хилофи давлатмардони кунунии Тоҷикистон, шароити ҳоким ва вазъияти мавҷуд дар минтақа ва пиромуни Тоҷикистонро нек фаҳмида ва дарк кардааст, ки кучактарин иштибоҳ аз сӯи як сиёсатмадор дар ин марҳила, чи басо мунҷар ба сар задани як ҷанг ва даргирии хонумонсӯз бишавад; ба гунае ки агар Худой нокарда оташи он шӯълавар гардад, ҳамаро — аз ҷумла ҳукуматдорони кунуниро – хоҳад балъид ва хомӯш кардани он ҳам, дар тавони аҳаде нахоҳад буд.

Ба назари ман, Кабирӣ ба унвони раҳбари як ҳизби сиёсӣ ва исломии қудратманд ва бонуфуз дар кишвар, тамоми саъй ва талоши худро ба харҷ дод (ва медиҳад), то Тоҷикистон аз қарор гирифтан дар доираи “кишварҳои майдони ҷанг”-и ДОЪИШ ва ҷангҷӯёнаш масун бимонад. Шояд ин иддаъо ба назари баъзеҳо иғроқомез бинумояд, вале ҳақиқат ҷуз ин нест. Касе ки қироати дуруст аз шароити ба вуҷуд омада дар минтақа дошта бошад, он чиро, ки гуфтам, нек мефаҳмад. Зеро пас аз зуҳури ДОЪИШ ва пирӯзиҳои ғайри мунтазираи он дар минтақа ва ҳатто ҷаҳон, барои бисёре аз исломгароён ба хусус ҷавонони бошӯр, ин пиндор чира гардида, ки барномаи исломи сиёсии мӯътадил ва миёнарав номуваффақ будааст ва роҳи чора дар гузиниши барномаи “ҷиҳодии” ДОЪИШ будааст, хусусан пас аз он балое, ки ба сари Ихвонул-муслимини Миср оварданд; Ихвонул-муслимине, ки аз тариқи интихобот ва бо раъйи мардум сари кор омада буд.

Касоне ки бо падидаи исломи сиёсӣ дар ҷаҳон ошноӣ доранд, нек медонанд, ки исломи сиёсии мӯътадил – ки то чанде пеш ҳарфи аввал дар миёни исломгароён азони ӯ буд – имрӯзҳо тарафдорони чандоне барояш пайдо намешавад. Бо камоли таъассуф, ҳарфи аввал имрӯзҳо азони ифротгароён ва тундравон шудааст, ҳатто дар Миср ва дар миёни ҷавонони тобеъи Ихвону-муслимини ин кишвар.

Агар Кабирӣ ва ҲНИТ, пас аз он ҳама фишорҳо ва рафторҳои хушунатомез, ки бо он рӯ ба рӯ шуд (ва ҳанӯз рӯ ба рӯст), “чароғи сабзе” нишон медод ва ҳатто ба сурати талвеҳӣ ба ҷавонони хаста аз рафторҳои ноҷавонмардона ишорае ба ин мазмун мекард, ки “дигар кор аз кор гузашта ва худатон медонед чӣ кор бикунед”, оё медонед чӣ мешуд? Ин рақаме, ки имрӯзҳо аз тоҷикони ба саффи ДОЪИШ пайваста эълон мешавад, ки гоҳе гуфта мешавад 300 нафар ҳастанд ва гоҳе ҳам рақаме болотар аз он ироа мешавад, ки то 400 нафар будаанд, дар қиёс бо ҳолате, ки агар аз тарафи ҲНИТ ва шахси Кабирӣ “ишорае” мешуд, чизе нестанд. Аммо Кабирӣ ба ин кор иқдом накард ва дуруст ҳам ҳамин буд, балки тамоми талоши худро сарфи ин намуд, ки то аз пайвастани ҷавонон ба саффи ҷангҷӯёни ДОЪИШ бикоҳад; ҷавононе, ки аз фишорҳо ва таъқибҳои ҳукуматҳои худкома дар минтақаи мо ранҷ мебаранд.

Оё мардум ва ба хусус давлатмардони кунунии Тоҷикистон медонанд, ки агар ин рақам ба 1000 нафар мерасид (ва умед дорем, ки нарасад), бо чӣ шароите кишвари мо рӯ ба рӯ хоҳад шуд? Ҳоло, ҷиҳати иттилоъ барои касоне ки мутталеъ нестанд, бигӯям. Тибқи барномаи калони ДОЪИШ барои кулли ҷаҳон (ки ин барнома ду моҳ пеш тавассути ниҳоди амниятии Олмон кашф ва дар рӯзномаи Der Spiegel мунташир ҳам шудааст), агар теъдоди ҷангҷӯён аз кишваре, ба 1000 нафар бирасад, он кишвар тавассути Вазорати ҷанги ДОЪИШ, дар доираи “майдони ҷанг” қарор дода хоҳад шуд ва ДОЪИШ ба ҳар роҳе ҷангҷӯёнашро ба он ҷо хоҳад фиристод. Имрӯза, ба ҷуз аз Ироқ ва Сурия, кишварҳое назири Арабистони Саудӣ, Ниҷерия, Миср, Либӣ, Тунис ва ахиран Алҷазоир, бар асоси барномаи калони ДОЪИШ, ҷузъи “кишварҳои майдони ҷанги ДОЪИШ” маҳсуб мешаванд. Зеро шумори ҷангҷӯёни доъишӣ аз ин кишварҳо, ба беш аз ҳазор нафар расидаанд.

Ба ҳар сурат, ман намехоҳам касеро битарсонам ва аз Худо ҳам мехоҳам, ки ҳаргиз пойи ин моҷароҷӯён ва теруристҳо ба кишвари мо нарасад, вале оқил ва хирадманд касе аст, ки пеш аз вуқӯи як ҳодиса, ба фикри ҷилавгирӣ аз он мешавад. Аммо оё роҳи ҷилавгирӣ ин аст, ки мо аз минбарҳои созмонҳои байналмилалӣ “хутба” бихонем ва ё роҳи ҷилавгириро дар кӯбидани асли ислом ва завоҳири исломӣ бидонем? Инҳо роҳи ҷилавгирӣ нестанд, балки баръакс, роҳи ҳамворкунандаи вуруди ДОЪИШ мебошанд. Эй кош ин давлатмардони мо имрӯзҳо андак вақтеро ҳам барои қироати он чӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз сӯи “доъишҳои тоҷик”, ки аз қазо бисёр фаъол ҳам ҳастанд, навишта мешавад ихтисос медоданд ва медиданд, хитоби онҳо ба ҲНИТ ва Кабирӣ чист? Мегӯянд, оё шумо “хаста нашудед?”, “боз чӣ қадр бояд бар шумо фишор ворид бишавад, ки ба саффи мо бипайвандед?”, “оё вақти он нест, ки ҷиҳод эълон кунед?”…

Аммо Кабирӣ дар баробари инҳо, на танҳо сабр мекунад ва чизе намегӯяд, балки ҳеч равзанаеро барои онҳо намегузорад, ки аз он суистифода бикунанд. Албатта, инро ҳам изофа бикунам, ки мавзеъгириҳо ва рафторҳои баъзе аз давлатмардони мо ҳам, бо камоли таъассуф, дақиқан шабеҳи мавзеъгириҳои доъишиҳост; гӯӣ ин ки онҳо ҳам орзу доранд, Кабирӣ ва ҲНИТ эълом бикунад, ки “дигар кор ва кор гузашта”. Ба Худо, инҳо намедонанд чӣ кор мекунанд?!

Ба ҳар сурат, Кабирӣ имрӯз дар миёни ин ду тундрав қарор гирифта ва бо ҳикмат ва дироят ва дурандешӣ ҳар дуро мудирият мекунад. Бале, ҳар дуро мудирият мекунад; коре ки таваққӯъ ин буд, ки баландпоятарин масъули кишвари мо онро мекард, ки зоҳиран ӯ ҳам ҳанӯз аз шароит ва вазъияти мавҷуд дар минтақа ва пиромуни Тоҷикистон огоҳ нест ва хабаре надорад. Аммо Кабирӣ на ба ҳарфи он тундравҳо таваҷҷӯҳ мекунад ва на ба суханони заҳролуди ин тундравҳо, балки ҳамон кореро, ки мекунад, ки маслиҳат ва манфиати ислом ва мусалмонон ва кишвар дар он аст.

Сайидюнуси Истаравшанӣ

* * *

Шарҳи ҳоли Кабирӣ ба нақл аз Википедиа: Муҳиддин Кабирӣ зодаи ноҳияи Файзобод деҳаи Қасамдара (20 июли соли 1965) мебошад. Пас аз хатми синфи 8-и мактаби таҳсилоти ҳамагонӣ, соли 1982 ба Техникуми омори шаҳри Ордҷонекидзеобод (феълан Ваҳдат) дохил шуда, баъди хатми он, донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон риштаи шарқшиносӣ мегардад. Ва дар як вақт дар Донишгоҳи Санъои Ҷумҳурии Яман низ таҳсил ва таҷриба омӯхтааст.

Кабирӣ аз овони наврасӣ ва ҷавонӣ дар назди уламои маъруфи кишвар аз ҷумла устод Муҳаммадшариф Ҳимматзода улуми гуногуни исломиро омӯхтааст.

Дар айёми донишҷӯӣ ҳамчун як узви фаъоли ҳизбӣ, дар байни донишҷӯён ба фаъолияти тарғиботии сиёсии динӣ машғул буда, роҳбарии маҳфили донишҷӯёни наҳзатиро ба ӯҳда доштааст.

Вакили анҷумани таъсисии Ҳизби Наҳзати Исломии Иттифоқи Советӣ ва Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон мебошад. Дар даврони бархӯрдҳои сиёсӣ ва низомии кишвар ба ҳайси узви риёсати Иттиҳоди баналмилалии донишҷӯёни мусалмон, мудири намояндагии ин созмонро дар Иттиҳоди Давлатҳои Муштаракулманофеъ (ИДМ) дар шаҳри Маскав ба ӯҳда доштааст. Солҳои 1995—1997, ҳамчун Директори генералии ширкати “НМВ” ва раиси Маркази фарҳангии тоҷикони “Сино”-и шаҳри Маскав фаъолият кардааст.

Аз октябри соли 1997 бо даъвати устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ (р) ба Тоҷикистон баргашта, ёвари раиси КОМ интихоб мешавад. Ва моҳи октябри соли 1999 узви КОМ дарёфт мекунад. Дар соли 1999 узви Раёсати олии ҲНИТ интихоб гашта, чанде баъд муовини Раиси ҲНИТ таъйин мегардад. Пас аз баргузории анҷумани панҷуми ҲНИТ, соли 2003 бо пешниҳоди устод С.А.Нурӣ (р), муовини аввали раиси ҲНИТ интихоб гардид.

Маҳз дар давраи муовини аввали устод С.А.Нурӣ (р), фаъолият карданашро чун сиёсатмадор ва ташкилотчии баркамол нишон дода тавонист. Ҳамин буд, ки устод С.А.Нурӣ (р) дар мавридҳои зарурӣ роҳбарии ҳизбро ба ӯ месупорид. Пас аз вафоти устоди шодравон Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, Анҷумани ғайринавбатии ҲНИТ, соли 2006 бо пешниҳоди Риёсати олии ҳизб Муҳиддин Кабириро якдилона раиси ҲНИТ интихоб кард.

Муҳидин Кабирӣ хатмкардаи Академияи дипломатии шаҳри Маскав буда, номзади илмҳои сиёсатшиносӣ мебошад. Ба забонҳои форсӣ, русӣ, арабӣ, ангилисӣ озодона ҳарф мезанад.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.