Перейти к содержимому

Омӯзиши фалсафа (13) – Ҳақиқат ва хато

Ҳақиқат ва хато

Масъалаи вуҷуди зеҳнӣ аз як зовияи дигар, ки мавриди мутолеа қарор гирад, марбут мешавад ба арзиши воқеънамоии идрокот. Яъне марбут мешавад ба ин ки идрокот ва тасаввуроти мо дар бораи олами хориҷ, чӣ андоза воқеънамо аст.

Яке аз масоили муҳим, ки аз қадимулайём мавриди таваҷҷӯҳи фалосифа будааст ин аст, ки оё он чӣ мо ба василаи ҳавосс ё ба василаи ақл дар бораи ашё идрок мекунем, бо воқеъ мутобиқат дорад ё на?

Гурӯҳе чунин фарз мекунанд, ки бархе идрокоти ҳиссӣ ё ақлии мо бо воқеъ мутобиқат дорад ва бархе надорад. Он идрокоте, ки бо воқеият мутобиқ аст, ҳақиқат хонда мешавад ва он чӣ ки мутобиқ нест, хато номида мешавад. Мо порае аз хатоҳои ҳавоссро мешиносем. Босира, сомеъа, зоиқа, ломиса, шомма ҷоизаулхато аст.

Дар айни ҳол, аксари идрокоти ҳиссии мо айни ҳақиқат аст. Мо шабу рӯзро, дуриву наздикиро, бузургиву кучакии ҳаҷмро, дуруштиву нармиро, сардиву гармиро бо ҳамин ҳавосс ташхис медиҳем ва шак надорем, ки айни ҳақиқат аст ва хато нест.

Ҳамчунин ақли мо ҷоизулхато аст. Мантиқ барои ҷилавгирии хатои ақл дар истидлолот тадвин шудааст. Дар айни ҳол, аксари истидлолоти ақлии мо ҳақиқат аст.

Вале суфистҳои юнонӣ, ки қаблан ҳам аз онҳо ёд кардем, тафовути ҳақиқат ва хато-ро мункир шуданд ва гуфтанд, ҳар кас ҳар гуна эҳсос кунад ва ҳар гуна биандешад, барои ӯ ҳамон ҳақиқат аст. Онҳо гуфтанд, миқёси ҳама чиз инсон аст. Суфистҳо ё суфастоиён асосан воқеият-ро инкор карданд ва чун воқеият-ро инкор карданд, дигар чизе боқӣ намонд, то идрокот ва эҳсосоти инсон дар сурати мутобиқат бо он, ҳақиқат бошад ва дар сурати адами мутобиқат, хато.

Ин гурӯҳ муосир бо Суқротанд. Яъне асри Суқрот муқорин аст бо поёни давраи суфастоиён.

Суқрот, Афлотун ва Арасту бар зидди инҳо қиём карданд. Прутогурос (Protagoras) ва Гургиёс (Gorgias) ду шахсияти маъруфи суфастоӣ мебошанд.

Дар давраҳои баъд аз Арасту, дар Искандария гурӯҳе дигар падид омаданд, ки шаккок ё Септисист (Seepticism) хонда шуданд ва маъруфтарини онҳо шахсе аст ба номи Пурҳу (Pyrrho). Шаккокон воқеиятро аз асл мункир нашуданд, вале мутобиқати идрокоти башарро бо воқеият инкор карданд.

Онон гуфтанд, инсон дар идроки ашё таҳти таъсири ҳолоти дарунӣ ва шароити хосси берунӣ ҳар чизро як гуна мебинад. Гоҳе ду нафар як чизро дар ду ҳолати мухталиф ва ё аз ду зовияи мухталиф менигаранд ва ҳар кадом ӯро ба гунае менигаранд.

Як чиз дар чашми яке зишт аст ва дар чашми дигаре зебо, дар чашми яке кучак аст ва дар чашми дигаре бузург, дар чашми яке яке аст ва дар чашми дигаре дуто, як ҳаво дар ломисаи яке гарм аст ва дар ломисаи дигаре сард, як таъм барои яке ширин аст ва барои дигаре талх. Суфастоиён ва ҳамчунин шаккокон мункири арзиши воқеънамоии илм шуданд.

Ақоиди суфастоиён ва шаккокон бори дигар дар асри ҷадид зинда шуд. Аксари фалосифаи Урупо тамоюл ба шаккокият доранд. Бархе аз фалосифа монанди суфастоиён воқеиятро аз асл инкор кардаанд.

Файласуфи маъруфе ҳаст ба номи Беркелей (Berkeley), ки зимнан усқуф низ мебошад, ки ба куллӣ мункири воқеияти хориҷӣ аст. Далелҳое, ки бар муддаъои хеш иқома кардааст, ончунон муғолатаомез аст, ки бархе муддаъӣ шудаанд, ки ҳанӯз аҳаде пайдо нашуда, ки битавонад далелҳои ӯро рад кунад, бо ин ки ҳама медонанд, ки муғолата аст.

Касоне ки хостаанд посухи суфастоиёни қадим аз қабили Прутогурос ва ё суфастоиён ва идеолистҳои ҷадид аз қабили Беркелейро бидиҳанд, аз роҳе ворид нашудаанд, ки битавонанд рафъи шубҳа намоянд.

Аз назари фалосифаи исломӣ, роҳи ҳалли асосии ин шубҳа он аст, ки мо ба ҳақиқати вуҷуди зеҳнӣ пай бибарем, танҳо дар ин сурат аст, ки муаммо ҳал мегардад.

Ҳукамои исломӣ дар мавриди вуҷуди зеҳнӣ аввал ба таъриф мепардозанд ва муддаъӣ мегарданд, ки илм ва идрок иборат аст аз навъе вуҷуд барои идрокшуда дар идроккунанда, он гоҳ ба зикри порае бароҳин мепардозанд барои исботи ин муддаъо ва сипас эродҳо ва ишколҳои вуҷуди зеҳниро нақл ва рад мекунад.

Ин баҳс ба ин сурат дар авоили давраи исломӣ вуҷуд надоштааст, ва ба тариқи авло, дар давраи юнонӣ вуҷуд надоштааст. Аввалин бор ба василаи Хоҷа Насируддини Тӯсӣ баҳсе ба ин ном вориди кутуби фалсафа ва калом шуд ва сипас ҷои шоистаи хешро дар кутуби фалсафа ва калом бозёфт, ба тавре ки дар кутуби фалосифае монанди Садрулмутааллиҳин ва Ҳоҷӣ Мулло Ҳодии Сабзаворӣ, ҷои муҳимме дорад.

Форобӣ ва Бӯалӣ, ҳатто Шайхи Ишроқ ва пайравони онҳо, бобе ба номи вуҷуди зеҳнӣ дар кутуби хеш боз накардаанд. Истилоҳи вуҷуди зеҳнӣ баъд аз даври Бӯалӣ падид омадааст.

Албатта он чӣ аз калимоте, ки Форобӣ ва Бӯалӣ ба муносибатҳои дигар тарҳ кардаанд бармеояд ин аст, ки ақидаи онҳо низ ин будааст, ки идрок иборат аст аз таҷассуми ҳақиқати идрокшуда дар идроккунанда, вале онҳо на бар ин муддаъо иқомаи бурҳон кардаанд ва на онро ба унвони як масъалаи мустақил аз масоили вуҷуд ва як тақсими мустақил аз тақсимоти вуҷуд талаққӣ кардаанд.

Идома дорад

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: