Перейти к содержимому

Омӯзиши фалсафа (14) – Ҳодис ва қадим

Ҳодис ва қадим

Аз ҷумлаи баҳсҳои фалсафӣ, ки аз дерзамон ҷалби таваҷҷӯҳ кардааст, масъалаи ҳодис ва қадим аст.

Ҳодис дар урф ва луғат ба маънои нав, ва қадим ба маънои кӯҳна аст. Вале ҳодис ва қадим дар истилоҳи фалсафа ва калом, бо он чӣ дар урфи омм вуҷуд дорад фарқ мекунад. Мақсуди фалосифа аз ҳодис будан ва нав будани як чиз, он аст, ки он чиз пеш аз он ки буд шудааст, нобуд будааст. Яъне аввал набуда ва баъд буд шудааст. Мақсудашон аз қадим будан ва кӯҳна будан ин аст, ки он чиз ҳамеша будааст ва ҳеч гоҳ набудааст, ки набуда.

Пас агар мо дарахтеро фарз кунем, ки милёрдҳо сол умр карда бошад, он дарахт дар урфи омм кӯҳан ва бисёр кӯҳан аст, аммо дар истилоҳи фалсафа ва калом, ҳодис ва нав аст. Зеро ҳамон дарахт қабл аз он милёрдҳо сол набудааст.

Фалосифа ҳудус-ро ба масбуқ будани ҳастии шайъ ба нестии худаш ва қидам-ро ба масбуқ набудани ҳастии шайъ ба нестии худаш таъриф мекунанд. Пас, ҳодис иборат аст аз чизе ки нестияш бар ҳастияш тақаддум дошта бошад, ва қидам иборат аст аз мавҷуде, ки нестии муқаддам бар ҳастӣ барои ӯ фарз намешавад.

Баҳси ҳодис ва қадим ин аст, ки оё ҳама чиз дар олам ҳодис аст ва ҳеч чиз қадим нест? Яъне ҳар чиро дар назар бигирем, қаблан набуда ва баъд ҳаст шудааст? Ё ҳама чиз қадим аст ва ҳеч чиз ҳодис нест? Яъне ҳама чиз ҳамеша будааст, ё бархе чизҳо ҳодисанд ва бархе чизҳо қадим? Яъне масалан шаклҳо, суратҳо, зоҳирҳо ҳодисанд, аммо моддаҳо, мавзӯъҳо ва нопайдоҳо қадиманд? Ва ё ин ки афрод ва аҷзоъ ҳодисанд, аммо анвоъ ва куллҳо қадиманд? Ё ин ки умури табиӣ ва моддӣ ҳодисанд, вале умури муҷаррад ва мофавқи моддӣ қадиманд? Ва ё ин ки фақат Худо — яъне холиқи кулл ва иллатулилал — қадим аст ва ҳар чӣ ғайри ӯст ҳодис аст? Билохира, ҷаҳон ҳодис аст ё қадим?

Мутакаллимони исломӣ мӯътақиданд, ки фақат Худованд қадим аст ва ҳар чӣ ғайр аз Худост, ки ба унвони ҷаҳон ё мосиво номида мешавад — чӣ модда ва чӣ сурат, чӣ афрод ва чӣ анвоъ, чӣ аҷзоъ ва чӣ куллҳо, чӣ муҷаррад ва чӣ моддӣ — ҳама ҳодисанд. Вале фалосифаи исломӣ мӯътақиданд, ки ҳудус аз вижагиҳои олами табиат аст, вале оламҳои мофавқи табиат муҷаррад ва қадиманд. Дар олами табиат низ усул ва куллиёт қадиманд, вале фуруъ ва ҷузъиёт ҳодисанд. Бар ҳамин асос, ҷаҳон аз назари фуруъ ва ҷузъиёт ҳодис аст, аммо аз назари усул ва куллиёт қадим аст.

Баҳс дар ҳудус ва қидами ҷаҳон кашмакашҳои сахтеро миёни фалосифа ва мутакаллимон барангехтааст. Ғаззолӣ, ки дар бештари мабоҳис завқи ирфонӣ дорад ва дар камтарини онҳо завқи каломӣ, Бӯалӣ Синоро ба сабаби чанд масъала, ки яке аз онҳо қидами олам аст, такфир мекунад. Ғаззолӣ китоби маъруфе дорад ба номи “Таҳофутул-фалосифа”. Дар ин китоб 20 масъаларо бар фалосифа мавриди эрод қарор додааст ва ба ақидаи худ, таноқузгӯиҳои фалосифаро ошкор кардааст. Ибни Рушди Андалусӣ ба Ғаззолӣ посух гуфтааст ва номи китоби хешро “Таҳофутут-таҳофут” гузоштааст.

Мутакаллимон мегӯянд, агар чизе ҳодис набошад ва қадим бошад, яъне ҳамеша буда ва ҳеч гоҳ набуда, ки набудааст, он чиз ба ҳеч ваҷҳ ниёзманд ба холиқ ва иллат нест. Пас агар фарз кунем, ки ғайр аз зоти Ҳақ ашёи дигар ҳам вуҷуд доранд, ки қадиманд, табъан онҳо бениёз аз холиқ мебошанд, пас дар ҳақиқат онҳо ҳам монанди Худованд воҷибулвуҷуди биззотанд, вале бароҳине, ки ҳукм мекунад, ки воҷибулвуҷуди биззот воҳид аст, иҷоза намедиҳад, ки мо ба беш аз як воҷибулвуҷуд қоил шавем, пас беш аз як қадим вуҷуд надорад ва ҳар чӣ ғайр аз ӯст ҳодис аст.

Пас, ҷаҳон — чӣ муҷаррад ва чӣ моддӣ, чӣ усул ва чӣ фуруъ, чӣ афрод ва чӣ анвоъ, чӣ аҷзоъ ва чӣ куллҳо, чӣ модда ва чӣ муҷаррад, чӣ пайдо ва чӣ нопайдо — ҳодис аст.

Фалосифа ба мутакаллимон посухи муҳкам додаанд. Гуфтаанд, ки ҳамаи иштибоҳи шумо дар як матлаб аст, ва он ин аст, ки пиндоштаед агар чизе вуҷуди азалӣ ва доим дошта бошад, ҳатман бениёз аз иллат аст, ва ҳол он ки матлаб инчунин нест. Ниёзмандӣ ва бениёзии як шайъ нисбат ба иллат, ба зоти шайъ марбут аст, ки воҷибулвуҷуд бошад ё мумкинулвуҷуд, ва рабте ба ҳудус ва қидами ӯ надорад. Масалан, шуъои хуршед аз хуршед аст. Ин шуъоъ наметавонад мустақил аз хуршед вуҷуд дошта бошад. Вуҷудаш вобаста ба вуҷуди хуршед ва ношӣ аз ӯст, хоҳ он ки фарз кунем замоне буда, ки ин шуъоъ набудааст ва хоҳ он ки фарз кунем, ки ҳамеша хуршед буда ва ҳамеша ҳам шуъоъ доштааст. Агар фарз кунем, ки шуъои хуршед азалан ва абадан бо хуршед будааст, лозим намеояд, ки шуъоъ бениёз аз хуршед бошад.

Фалосифа муддаъӣ ҳастанд, ки нисбати ҷаҳон ба Худованд, нисбат‏и шуъоъ ба хуршед аст, бо ин тафовут, ки хуршед ба худ ва кори худ огоҳ нест ва кори худро аз рӯи ирода анҷом намедиҳад, вале Худованд ба зоти худ ва ба кори худ огоҳ аст.

Дар мутуни аслии исломӣ гоҳе ба чунин таъбироте бармехӯрем, ки ҷаҳон нисбат ба Худованд ба шуъои хуршед ташбеҳ шудааст, ояти каримаи Қуръон мефармояд:

الله نور السموات والأرض

Худованд нури осмонҳо ва замин аст.” (Нур, 35)

Муфассирон дар тафсири он гуфтаанд, яъне Худованд нурдиҳандаи осмонҳо ва замин аст. Ба иборати дигар, вуҷуди осмон ва замин шуъоест илоҳӣ.

Фалосифа ҳеч далеле аз худи олам бар қадим будани олам надоранд. Онҳо аз он ҷиҳат ин муддаъоро дунбол мекунанд, ки мегӯянд, Худованд файёзи мутлақ ва қадимулэҳсон аст. Имкон надорад, ки файз ва эҳсони ӯро маҳдуд ва мунқатеъ фарз намоем. Ба иборати дигар: фалосифаи илоҳӣ бо навъе бурҳони лиммӣ, яъне бо муқаддима қарор додани вуҷуд ва сифоти Худо, ба қидами олам расидаанд. Маъмулан мункирони Худо қидами оламро унвон мекунанд. Фалосифаи илоҳӣ мегӯянд, ҳамон чизе ки шумо онро далели нафйи Худо мегиред, аз назари мо лозимаи вуҷуди Худованд аст, ба илова, аз назари шумо қидами олам як фарзия аст ва аз назари мо як матлаб мубарҳан.

Идома дорад

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: