Перейти к содержимому

Омӯзиши фалсафа (15) – Собит ва мутағайир (1)

Собит ва мутағайир (1)

Яке дигар аз баҳсҳои фалсафӣ, баҳси собит ва мутағайир аст, ки бо баҳси ҳодис ва қадим наздик аст. Тағйир яъне дигаргунӣ ва сабот яъне якнавохтӣ.

Бидуни шак, мо доиман шоҳиди тағйирот ва дигаргуниҳо дар ҷаҳон мебошем. Худи мо, ки ба дунё омадаем, доиман аз ҳоле ба ҳоле мунтақил шуда ва давраҳо тай карда ва хоҳем кард, то ба марги мо мунтаҳӣ шавад. Ҳамчунин аст вазъи замин, дарёҳо, кӯҳҳо, дарахтон, ҳайвонот, ситорагон, манзумаи шамсӣ, каҳкашонҳо ва ғайра…

Оё ин дигаргуниҳо зоҳирӣ аст ва марбут ба шакл ва сурат ва аърози ҷаҳон аст, ё амиқ ва асосӣ аст ва дар ҷаҳон ҳеч амри собите вуҷуд надорад? Ба илова, оё тағйироте, ки дар ҷаҳон рух медиҳад, дафъӣ ва онӣ аст, ё тадриҷӣ ва замонӣ?

Ин масъала низ масъалае куҳан аст ва дар Юнони бостон низ матраҳ будааст. Димуқротис (Democritus), ки падари назарияи атом шинохта мешавад ва ба файласуфи хандон ҳам машҳур аст, муддаъӣ буд, ки тағйирот ва таҳаввулот ҳама сатҳӣ аст. Зеро асоси ҳастии табиат зарроти атомӣ аст ва он заррот азалан ва абадан дар як ҳоланд ва тағйирнопазиранд. Ин тағйироте, ки мо мушоҳида мекунем, назири тағйироте аст, ки дар як тӯдаи сангреза мушоҳида кунем, ки гоҳе ба ин шакл ва гоҳе ба шакли дигар гирди ҳам ҷамъ шаванд, ки ба ҳар ҳол дар моҳият ва ҳақиқати онҳо тағйире рух намедиҳад.

Ин дид ҳамон аст, ки ба диди мошинӣ маъруф аст, ва ин фалсафа навъе фалсафаи меконикӣ аст.

Вале файласуфи дигаре ҳаст ‏юнонӣ ба номи Ҳероқлитус (Heraklit ё Heraelitus), ки ӯ баръакс муддаъӣ аст, ки ҳеч чизе дар ду лаҳза ба як ҳол нест. Ин ҷумла аз ӯст: “Наметавон ду бор дар як рӯдхона пой ниҳод”. Зеро дар лаҳзаи дуввум на фард ҳамон фард аст ва на рӯдхона он рӯдхона аст. Албатта ин фалсафа аз он ҷиҳат нуқтаи муқобили фалсафаи Димуқротис қарор гирифтааст, ки ҳама чизро дар ҳоли ҷараён ва адами сабот мебинад, аммо аз назари зидди меконикӣ — яъне аз назари ба истилоҳ диномикӣ — баёне надорад.

Дар фалсафаи Арасту дар ин ки ҳамаи аҷзоъи табиат тағйир мепазирад, баҳсе нест (яъне мавриди қабул аст), сухан дар ин аст, ки чӣ тағйироте тадриҷӣ ва замонӣ аст ва чӣ тағйироте дафъӣ ва онӣ? Тағйироти тадриҷӣ дар ин фалсафа ба номи ҳаракат номида мешавад ва тағйироти дафъӣ ба номи кавну фасод, яъне ба вуҷуд омадани дафъӣ ба номи кавн хонда мешавад ва фонӣ шудани дафъӣ ба номи фасод. Ва чун аз назари Арасту ва пайравони ӯ, тағйироти асосии ҷаҳон — махсусани тағйироте, ки дар ҷавҳарҳо рух медиҳад — ҳама дафъӣ аст, ин ҷаҳонро ҷаҳони кавну фасод мехонанд.

Он ҷо ки тағйирот дафъӣ аст, яъне сирфан дар як лаҳза сурат мегирад, дар ғайри он лаҳза сабот барқарор аст. Пас агар тағйиротро дафъӣ бидонем, назар ба ин ки он тағйирот дар як он сурат мегирад ва дар ғайри он он, яъне дар замон, собитанд, инчунин мутағайироте мутағайири нисбӣ ва собити нисбӣ мебошанд. Пас агар тағйир ба наҳви ҳаракат бошад, тағйири мутлақ аст ва агар тағйир ба наҳви кавну фасод ва ба наҳви онӣ бошад, тағйири нисбӣ аст.

Пас, аз назари арастуиён, агарчӣ шайъи собити якнавохти мутлақ дар табиат вуҷуд надорад (бар хилофи назари димуқротисиён), балки ҳама чиз мутағайир аст, аммо назар ба ин ки умда дар табиат ҷавҳарҳо ҳастанд ва ҷавҳарҳо тағйироташон дафъӣ аст, пас ҷаҳони саботи нисбӣ ва тағйири нисбӣ дорад ва сабот беш аз тағйир бар ҷаҳон ҳоким аст.

Арасту ва арастуиён — чунон ки медонем — ашёро ба наҳви хоссе дастабандӣ кардаанд ва маҷмӯан ашёро дохил – ё таҳти — даҳ ҷинси аслӣ, ки онҳоро мақула меноманд донистаанд; ба ин тартиб: мақулаи ҷавҳар, мақулаи кам, мақулаи кайф, мақулаи айн, мақулаи вазъ, мақулаи мато, мақулаи изофа, мақулаи ҷида, мақулаи феъл, мақулаи инфиъол.

Ба ақидаи арастуиён, ҳаракат танҳо дар мақулаи кам ва мақулаи кайф ва мақулаи айн воқеъ мешавад, дар соири мақулот ҳаракат сурат намегирад. Тағйироти соири мақулот ҳама дафъӣ аст, ва ба иборати дигар, соири мақулот аз саботи нисбӣ бархӯрдоранд ва се мақулае ҳам, ки ҳаракат дар онҳо вуқӯъ меёбад, назар ба ин ки худи ҳаракат доим нест, гоҳ ҳаст ва гоҳ нест, бар он се мақула низ саботи нисбӣ ҳукмфармост. Пас дар фалсафаи Арасту, сабот беш аз тағйир ва якнавохтӣ беш аз дигаргунӣ ба чашм мехӯранд.

Абӯалӣ ибни Сино мӯътақид шуд, ки дар мақулаи вазъ низ ҳаракат сурат мегирад. Яъне ӯ собит кард, ки бархе ҳаракот, монанди ҳаракати курра бар гирди меҳвари худаш, аз навъи ҳаракати вазъӣ аст, на аз навъи ҳаракати айнӣ. Аз ин рӯ, ҳаракоти айнӣ баъд аз Сино ихтисос ёфт ба ҳаракоти интиқолӣ. Он чӣ Абӯалӣ ибни Сино кашф кард ва мавриди қабули дигарон воқеъ шуд, вуҷуди як ҳаракати дигар набуд, балки тавзеҳи моҳияти як навъ ҳаракат буд, ки дигарон онро аз навъи ҳаракати айнӣ медонистанд ва ӯ собит кард, ки аз навъи ҳаракати вазъӣ аст.

Идома дорад

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: