Машоҳир

Меросе, ки Абдулкалом барои Ҳинд гузошт

Мардуми Ҳинд ин рӯзҳо дар азои дуктур Абдулкалом, донишманд ва сиёсатмадоре ба сар мебаранд, ки паёми зиндагии пурфарозу нишеби илмӣ ва андешмандонааш сахткӯшӣ, умед, бовар ва касби дониш барои расидан ба муваффақият буд.

Абӯбакр Зайнулобидин Абдулкалом, ки бештар бо номи дуктур Абдулкалом ва бо лақаби “падари ҳастаӣ”-и кишвари Ҳинд шинохта мешавад, дар соли 1931 дар хонаводае мусалмон ва аз табақаи мутавассит дар Ромисвороми иёлати ҷанубии Томил Ноду мутаваллид шудааст. Таҳсилоти донишгоҳии вай дар риштаи физик ва муҳандисии ҳавофазо буд, аммо ба хотири талошҳои ҳамаҷонибааш дар иртиқои ҷойгоҳи иқтисодӣ ва текникии Ҳинд дар ҷаҳон, тавонист риёсати ҷумҳурии ин кишварро байни солҳои 2002 то 2007 ба ӯҳда бигирад.

Ӯ, ки дар хонаваодае пурҷамъият парвариш ёфт, робитаи отифии бисёр қавие бо аъзои хонавода ва падару модараш дошт.

Падараш Зайнулобидин марде маънавӣ буд, ки дағдағаи аслиаш кӯмак ба мардум буд ва барои ҳамин, Абдулкалом дар хотироташ мегӯяд, ки мехоста роҳи падарашро дар фоида расондан ба мардум идома диҳад, албатта дар дунёи илму текнулужӣ. Абдулкалом менависад: “Ҳар гоҳ падарам аз масҷид ба хона бозмегашт, мардуми зиёде аз динҳои мухталиф мунтазири вай нишаста буданд, бисёре аз онҳо бо кӯзаи об назди падарам меомаданд, то ӯ ангуштонашро дар об фурӯ барад ва дуое барои шифои бемороне, ки дар хона доштанд, бихонад. Ман ба хотир дорам, ки мардуми зиёде низ пас аз беҳбуди худ ё беморашон барои ташаккур ба хонаи мо меомаданд ва падарам лабханд мезад ва ба эшон мегуфт, бояд аз Худованди бахшандаи меҳрубон ташаккур кунед.”

Абдулкалом барои идомаи таҳсил дар Институи текнулужии Мадрас қабул шуд ва аз он ҷо ки пардохти ҳазор рупия шаҳрияи вурудӣ барои падари вай сангин буд, хоҳараш Зуҳра бо фурӯши зеваролоташ, ба Абдулкалом дар сабти ном кӯмак кард, то вай аз идомаи таҳсил бознамонад. Пас аз итмоми таҳсилот, Абдулкалом ба унвони коромӯз вориди Созмони ҳавонавардии Ҳиндустон шуд.

Вай пас аз он бо муассисоти мутаъаддиди илмӣ-пажӯҳишӣ ба унвони муҳандиси ҳавофазо ҳамкорӣ кард ва бо сахткӯшии бисёр тавонист бо рафтан ба Омрико як давраи пажӯҳишии 6 моҳа дар NASA (Идораи миллии ҳавонавардӣ ва фазоӣ)-ро пушти сар бигузорад.

Ӯ дар зиндагиномаи худ бо унвони “Болҳои оташ” (Wings of Fire) навиштааст: “Ман назм ва инзиботро аз падарам омӯхтам ва имон ва хубӣ ва меҳрубониро аз модарам ба ирс бурдам ва аз се хоҳар ва бародарам ҳам фақат хубӣ ва меҳрубонӣ дидам, аммо ду нафар дигар ҳам таъсири мондагоре дар шаклгирии шахсиятам бар ҷой гузоштанд.”

Он ду фарди таъсиргузори дигар, яке писарамӯяш Шамсуддин буд, ки дафтари фурӯши рӯзнома дошт ва Абдулкалом барои аввалин бор барои вай кор кард. Дар воқеъ барои кӯмак ба Шамсуддин муддате ба рӯзномафурӯшӣ пардохт. Ӯ робитаи қалбии амиқе бо писарамӯяш дошт.

Фарди дигар Аҳмад Ҷалолуддин буд, ки дар сохти киштии падари Абдулкалом, ба вай кӯмак мекард. Замоне ки Абдулкалом 6 сола буд, падараш тасмим гирифт ба манзури кӯмак ба мардуме, ки қасди зиёрати Ромисвором, ки маъбади Шиво ва бисёр маъруфе дар наздикии маҳалли зиндагии онҳо буд-ро доштанд, як киштии чӯбӣ бисозад. Абдулкалом бо Аҳмад, ки баъдҳо шавҳари хоҳараш Зуҳра шуд, соатҳо дар бораи масоили маънавӣ сӯҳбат мекард.

Абдулкалом мегӯяд: “Ҷалолуддин бо он ки саводи олӣ надошт, аммо ба ангилисӣ мусаллат буд. Ӯ маро бо анвоъи донишҳо ошно ва алоқаманд кард ва ӯ касе буд, ки варои чорчӯбҳои танге, ки бар зиндагии мо дар он муҳит ҳоким буд, манро фарде шуҷоъ ва имрӯзӣ кард.”

Орун Тиворӣ, ҳамкори Абдулкалом дар Озмоишгоҳи дифоъ ва тавсиъаи Ҳайдаробод, ки беш аз як даҳа таҳти назорати Абдулкалом кор мекард, мушаввиқи аслии нигориши зиндагиномаи вай буд. Абдулкалом дар ин зиндагинома аз шикастҳо ва номулойимоти бисёре, ки дар зиндагӣ бо онҳо дасту панҷа нарм карда сухан гуфтааст. Вай дар бораи бархӯрд бо номулойимот мегӯяд: “Мушкил ин аст, ки мо ағлаб ба ҷои он ки бо воқеиятҳои зиндагӣ мувоҷеҳ шавем, онҳоро таҳлил мекунем. Мардум шикастҳояшонро ба манзури ёфтани иллату маълулҳо колбудшикофӣ мекунанд, аммо ба нудрат бо он шикастҳо бархӯрд мекунанд ва аз онҳо ба унвони таҷрибае барои парҳез аз такрори дубораашон истифода мекунанд. Ақидаи ман ин аст, ки Худованд дар хилоли мушкилот ва сахтиҳо, фурсате барои рушд ба мо ато мекунад. Бинобар ин, вақте умедҳо, орзуҳо ва ҳадафҳоятон нақши бар об мешаванд, дар харобае, ки аз орзуҳои бар бодрафтаатон ҷилави чашматон аст, он фурсати ноби тиллоиро, ки дар он вайрона пинҳон шуда биёбед.”

Тиворӣ дар муқаддимаи китоб овардааст, ки рӯзе аз эшон хостам, паёме барои ҷавонони Ҳинд аз таҷрубиёташ бигӯяд. Он чӣ ки гуфт, маро хеле таҳти таъсир қарор дод ва хостам, ки ин зиндагинома ҳатман навишта шавад, то мардуми маъмулӣ аз мутолеаи он панд бигиранд.

Абдулкалом худ дар бораи зиндагиаш мегӯяд: “Ман иддаъо намекунам, ки зиндагиям метавонад ба унвони улгуе барои ҳамаи афрод мавриди таваҷҷӯҳ бошад. Аммо мумкин аст бархе кӯдакони фақир дар муҳитҳои иҷтимоии маҳрум оромиши нисбиеро, ки дар масири зиндагиям шакл гирифт биёбанд ва мумкин аст чунин кӯдаконе бо мутолеаи зиндагии ман, қодир шаванд худро аз асорати ноумедӣ бираҳонанд ва аз ин шубҳа, ки ақибмондагӣ поёне надорад, раҳоӣ ёбанд. Ва сарфи назар аз ҷойгоҳи сахте, ки кӯдакони маҳрум дар зиндагиашон доранд, бояд бидонанд, ки Худо ҳамеша бо онҳост ва вақте Худо ёвари касе бошад, душмании чӣ касе метавонад дар он шахс асар кунад?

Дуктур Абдулкалом ақида дошт, дар гузаштаи дур, ҷангҳо бар сари масъалаи ғизо ва сарпаноҳ буд, сипас масоили динӣ ва ақидатӣ далоили аслии ҷангафрӯзиҳо шуд ва имрӯза даъво бар сари бартариҳои иқтисодӣ ва текнулужӣ аст, ки қудрати сиёсӣ ва контроли ҷаҳонро ба дунбол дорад.

Ӯ мегуфт: “Кишваре монанди Ҳинд бо ҷамъияти як милёрдӣ чӣ гуна метавонад ба ҳаёти худаш идома диҳад?” Ва посух медод: “Ҷуз тақвияти текнулужикӣ ҳеч гузинаи дигаре наметавонад барояш матраҳ бошад.”

Абдулкалом умедвор буд, Ҳинд дар соли 2020 ба ҷамъи кишварҳои тавсиъаёфта бипайвандад. Ӯ ба хотири корҳояш дар тавсиъаи фанноварии мушаки болистик, ба унвони “марди мушакки Ҳинд” шинохта мешавад. Вай дар заминаҳои созмондиҳӣ, фанноварӣ ва сиёсии озмоиши ҳастаии Пикрон 2-и Ҳинд дар соли 1998 нақше асосӣ ифо кард, ки аввалин озмоиши ҳастаии Ҳинд пас аз озмоиши Буса Будо дар 1974 буд.

Вай дилбастагии вижае нисбат ба кӯдакон дошт ва китоби “Зеҳни муштаъил”-ро дар посух ба кӯдаке, ки аз вай пурсида буд “Душмани мо кист?” ва Абудлкалом гуфта буд “фақр”, ба риштаи таҳрир даровард.

Дуктур Абӯбакр Зайнулобидин Абдулкалом, 27-уми июли 2015 дар синни 83 солагӣ ва дар ҳоле ки машғули суханронӣ буд даргузашт ва миллати Ҳинд 7 рӯз азои умумӣ дар андӯҳи аз даст додани вай эълом кардааст.

Руҳаш шод!

Рубрики:Машоҳир

Помечен как:, ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.