Перейти к содержимому

Вазири дифои Арабистон Кувайтро таҳдид ба ишғол кард

Муҳаммад бен Салмон, ҷонишини валиаҳд ва вазири дифои Арабистон, дар пайи эътирози Кувайт нисбат ба таваққуфи баҳрабардорӣ аз чоҳи нафтии муштараки ал-Хафҷӣ аз ҷониби Арабистон, Кувайтро ба ишғол ва илҳоқи он ба хоки кишвараш таҳдид кард.

Ба гузориши пойгоҳи хабарии Mepanorama, Муҳаммад бен Салмон бо таҳдид ба ишғоли Кувайт, на танҳо чоҳи ал-Хафҷӣ, балки кулли Кувайтро ба лиҳози торихӣ бахше аз сарзамини Арабистон донист.

Ин манбаъ ба вокуниши тунди Муҳаммад бен Салмон нисбат ба иддаои Кувайт барои ҷуброни хасоратҳои ношӣ аз таваққуфи баҳрабардорӣ аз чоҳи нафтии ал-Хафҷӣ тавассути Арабистон ишора карда ва афзуд: “Муҳаммад бен Салмон дар ҷаласа гуфт: мо Кувайтро аз чанголи Саддом наҷот додем ва алъон чӣ касе ӯро аз дасти мо раҳо хоҳад кард. Кувайт ҳеч далеле бар бартарӣ бар моро надорад ва кишваре аст, ки як чаҳоруми Риёз вусъат дорад.”

Аз сӯи дигари рӯзномаи Alraimedia (чопи Кувайт) низ навишт: “Ихтилофи нафтии Кувайт ва Арабистон вориди марҳалаи ҷадиде шудааст.” Ин рӯзнома иллати ин амрро посухи қотеъонаи Алӣ ал-Умайр, вазири нафти Кувайт ба номаи Алӣ ал-Нуаймӣ, ҳамтои арабистонии худ дониста, ки вай дар он ҳар гуна хасоратҳои моддиеро, ки дар натиҷаи баста шудан ва таваққуфи майдони нафтии ал-Хафҷӣ, ки мутаваҷҷеҳи кишвараш мешавад, бар ӯҳдаи Арабистон гузоштааст, чаро ки ин амрро мухолифи моддаи 6 тафоҳумномаи баҳрабардорӣ аз ин майдони нафтӣ дар соли 2010 медонад.

Ал-Умайр дар ин ҷавобия, ки нишонгари музокирот ва номанигориҳои густарда ва пушти парда байни ду кишвар аст, навиштааст: “Ман бо тавофуқоти муштараки ду ширкат, ки марҷаи қонунии он тавофуқи тақсими соли 1965 аст, мувофиқам.”

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: