Перейти к содержимому

Шунидан кай бувад монанди дидан!

Ду ёддошти бародари азизам ҷаноби Абдуманнон Шералиевро, ки дар посух ба мақолаи инҷониб бо унвони “Тақриб ҷойгузине ҷуз тақриб надорад” нигоштанд, хондам. Албатта эшон дар изҳори назар ва ибрози андешаи худ озоданд, чунон ки ҳар касе ҳам озод аст.

Ба ҳар ҳол, дар бораи вазъияти мусалмонони аҳли суннати Эрон на танҳо эшон, ки дигарон ҳам бисёр навиштаанд ва гуфтаанд; навиштанҳо ва гуфтанҳое, ки чандон тафовуте бо афсонаи “Абдуллоҳ ибни Сабо” — ки гӯӣ поягузори мазҳаби ташаюъ будааст ва мо тайи чанд мақола дурӯғ будани онро бо аснод ва мадорики мувассақи торихӣ собит кардем — надорад.

Яъне ин қиссабофӣ ва дурӯғ ва бӯҳтон, камокон идома дорад ва зоҳиран то рӯзи вопасин ҳам идома хоҳад дошт, модоме ки амсоли Сайф ибни Умарҳо (ки ровии афсонаи “Абдуллоҳ ибни Сабо” ба шумор меравад) дар ҷаҳони ислом ҷойи пое дошта бошанд. Албатта ҳамаи инҳо, пеш аз ҳар чизе дигар, долли бар беинсофӣ ва ноҷавонмардист, агар нагӯям ношӣ аз навъе кина ва буғз ва душманӣ аст.

Камина аммо, дар радди он дурӯғҳо, сазовор дидам, ба ҷои ин ки ба парокандани иддаъоҳои холӣ аз воқеият бипардозам, филми мустанадеро, ки таҳлилгар ва рӯзноманигори мисрӣ Аҳмад Мустафо бо сафар ба Эрон ва дидор ва гуфтугӯҳо бо аҳли суннати ин кишвар ба хусус руҳонияти аҳли суннат таҳия кардааст, пешкаши азизони хонандаи ин вебнавишт бикунам.

Ҳарчанд ин филм ба арабист ва ҳанӯз мутаассифона ба форсӣ тарҷума нашудааст, вале зернависи форсӣ дорад. Аз азизон хоҳиш мекунам ҳавсала ба харҷ диҳанд ва ин филмро то поён бибинанд, зеро чунон ки гуфтаанд: “Шунидан кай бувад монанди дидан!”

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: