Ҷомеа

Номаи Шокирҷон Ҳакимов ба муовини нахуствазири Тоҷикистон

Дуктур Шокирҷон Ҳакимов, донишманд ва фаъоли сиёсии тоҷик, дар номае ба профессор Марабо Ҷабборӣ, муовини нахуствазири Тоҷикистон, навиштааст, ки муддате аст ба донишгоҳҳо ва дигар марокизи илмии Тоҷикистон барои кор ва иштиғол муроҷеа мекунанд, вале “бо вуҷуди нарасидани олимони унвони илмӣ дошта, бахусус докторони илм дар донишгоҳҳо ва Академияи илмҳо ва дар аз ду то панҷ муассисаҳои олӣ ва илмӣ — тадқиқотӣ, инчунин дигар корхонаю ташкилотҳо кор кардани кормандони онҳо, аз қонеъ гардонидани хоҳиши ман, худдорӣ намуданд.”

Вай дар ин нома, ки дар сафҳаи худ дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук низ мунташир кардааст, бо ишора ба ин ки “соли 2012 баъд аз анҷоми бомуваффақияти кори илмӣ дар робита ба ҳимояи рисолаи докторӣ дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия бо мақсади идомаи фаъолияти илмию омӯзгорӣ ба шаҳри Душанбе баргаштам”, навиштааст: “Инак се сол мешавад, ки дар охири соли таҳсил ба Президенти Академияи илмҳо ва директори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, ректорони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи Тиҷорати Тоҷикистон, Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. С. Осимӣ, Донишгоҳи молия ва иқтисоди Тоҷикистон, Академияи вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, Донишгоҳи славянии тоҷики — русӣ ва ба ҳамаи филиалҳои Донишгоҳҳои Россия дар Тоҷикистон барои амалӣ намудани ҳуқуқҳои кониститутсионии худ ба меҳнат муроҷиат мекунам. Вале боиси таасуф аст, ки бо вуҷуди нарасидани олимони унвони илмӣ дошта, бахусус докторони илм дар донишгоҳҳо ва Академияи илмҳо ва дар аз ду то панҷ муассисаҳои олӣ ва илмӣ — тадқиқотӣ, инчунин дигар корхонаю ташкилотҳо кор кардани кормандони онҳо, аз қонеъ гардонидани хоҳиши ман, худдорӣ намуданд.”

Ҳакимов афзудааст: “Мавриди зикр аст, ки ду маротиба дар соли таҳсили 2014 — 2015 барои ишғоли вазифаи холии мудири кафедра бо риояи тартиби муқаррарнамудаи шартҳои эълон рӯзномаи «Омӯзгор» № 39, 2692014 ва рӯзномаи «Ҷумҳурият» № 78 , 1642015 ариза ва дигар ҳуҷҷатҳои заруриро ҳамчун довталаб ба Донишгоҳи тиҷорати Тоҷикистон ва Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. С. Осимӣ супоридам, вале бо сабабҳои субъективӣ, аз ҷумла мавқеи шаҳрвандӣ, мансубияти ҳизбӣ, тафсири нодурусти санадҳои меъёрию ҳуқуқии танзимкунандаи фаъолияти соҳаи маориф ва дарк накардани моҳияти онҳо, эҳсос нашудани зурурати ҷалби олимони унвони доктори илмдошта ҳамчун шарти муҳим дар тадбиқи стратегияи давлат ҷиҳати ислоҳот дар соҳаи маориф ба хусус беҳтар кардани сатҳ ва сифати таълим, интизоми меҳнат, рақобати носолим, набудани муҳити мусоид барои анҷоми кори илмӣ, маҳалгароӣ, бархилофи одоби касбӣ ва ба таври сунъӣ роҳ надодан ба донишгоҳҳо боиси он шудаанд, ки зимни моҳиятан баррасӣ намудани аризаи ман, маъмурияти донишгоҳҳои зикргардида на танҳо бесалоҳиятӣ карданд, балки берун аз доираи ваколатҳои хизматиашон низ баромаданд.”

Вай дар идома навиштааст: “Масалан, агар дар Донишгоҳи тиҷорати Тоҷикистон маро ба маҷлиси кафедра, шӯрои олимони факултет ва донишгоҳ даъват накарда, суханронии маро дар бораи барномаи пешазинтихоботӣ нашунида, қоидаҳои заруриро оид ба шаффофият ва ошкорбаёнӣ риоя накарда, бо додани имтиёз, имконият ва шароити мусоид ба дигар довталабон, ки номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ ва кормандани Донишгоҳи тиҷорати Тоҷикистон мебошанд озмунро ҷамъбаст карда, натиҷаи интихоботи одилонаи мудири кафедраро халалдор карданд. Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. С. Осимӣ бошад, бар хилофи Низомномаи кафедраи муассисаи таҳсилити олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарори мушовараи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 ноябри соли 2008 № 21/19 «Оид ба ворид намудани тағйироту иловаҳо ба қарори мушовараи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 13 апрели соли 2006 № 8/4 доир ба «Низомномаи кафедраи муассисаи таҳсилити олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар асоси қарори Комиссияи экспертӣ, Шӯрои олимон ба дар назардошти Низомномаи озмуни ишғоли вазифаҳои ҳайати профессорону омӯзгорони кафедраҳои Донишгоҳи техники Тоҷикистон ба номи академик М. С. Осимӣ номзадии манро ҳамчун довталаб ба бюлетени овоздиҳии пинҳонии Шӯрои олимони донишгоҳ ворид накард. Дар натиҷа номзадии ду довталаб, ки номзадҳои илмҳои фалсафа ва таърих — кормандони ҳамин донишгоҳ ба бюллетени овоздиҳии пинонӣ ворид карда шуд, аммо ягон тои онҳо аз се ду ҳиссаи аъзои Шӯрои олимонро нагирифтанд.”

Дуктур Ҳакимов афзудааст: “Ба таваҷҷӯҳи Шумо мерасонам, ки бо мақсади танзиму ҳалли масъала ба Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саидзода низ бо аризаи шикояти муроҷиат карда, умедвор будам, ки бо иштироки кормандони вазорат, раёсати Донишгоҳи Техникии Тоҷикистон академик М. С. Осимӣ ва ман Комиссияи босалоҳиятро таъсис дода, дар асоси таҳлилу омӯзиши масъалаи мавриди баҳс ва хулосаи коммисия мавқеи холисона ва дурусти вазир муайян мешавад.”

Вай идома додааст: “Рӯзи шанбе, якуми августи соли ҷорӣ, бо нияти гирифтани посухи хаттӣ дар қабули вазир будам. Зимни сӯҳбат бо вазир аён гардид, ки бар хилофи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аризаи шикоятии маро вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои моҳиятан баррасӣ намудан ба раёсати донишгоҳи зикргардида ирсол кардааст. Дар ҳузури муовинони вазир ва кормандони вазорат ба вазири маориф мантиқан нодуруст будани ирсоли аризаи шикоятиамро ба донишгоҳ баён карда, барои гирифтани посухи хаттӣ худи ҳамон рӯз ба ректори ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ муроҷиат кардам. Ректори донишгоҳ низ аз додани посухи хаттӣ худдорӣ карда гуфт, ки ҳамаи ҳуҷҷатҳои аз донишгоҳ вобаста бударо гирифтаам ва зарурати навиштани мактуби иловагӣ нест. Бинобар ин бо дар назардошти вазъияти ба амал омада, таваҷҷӯҳи Шуморо ба масъалаи бавуҷудомада ҷалб намуда, хоҳиш мекунам, ки дар ҳалли қазия мусоидат намоед.”

Ҳакимов дар поён навиштааст: “Ҳамчун замима ба аризаи мазкур аризаи шикоятии ман ба вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Нурриддин Саидзода, аз 11.07.2015с., Қарори мушовараи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 03 ноябри соли 2008, № 21/19 Оид ба ворид намудани тағйироту иловаҳо ба қарори мушовараи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13.04.2006 № 8/4 доир ба «Низомномаи кафедраи муассисаи таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва «Тартиби интихоб ва бозхонди мудирони кафедраҳои муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломӣ», ки бо қарори мушовараи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон 03 ноябри соли 2008 № 21/19 тасдиқ шуда аст, нусхаи иқтибос аз протоколи № 11-и Шӯрои олимони Донишгоҳи техники Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ аз 7.07.2015 ва иқтибос аз «Низомномаи озмуни ишғоли вазифаҳои ҳайъати профессорону омӯзгорони кафедраҳои Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. С. Осимӣ»-ро пешниҳод менамоям.”

Рубрики:Ҷомеа

Помечен как:

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.