Сиёсат

Рақобати Русия ва Туркия; аз Қафқоз то Осиёи Миёна

Ёддошти Бобоҷони Шафеъ дар хабаргузории Форс

Туркия тайи солҳои ахир дар фазои Шӯравии собиқ ва ба таври хосс Қафқоз фаъол шуда, ки ҳавзаҳои иқдомоти Онкоро фақат маҳдуд ба иқтисод ва тиҷорат набуда, балки бахшҳои низомӣ ва амниятиро низ фаро мегирад.

Ба унвони мисол, тайи моҳҳои ахир ҳамкориҳои низомӣ миёни Туркия, Озарбойҷон ва Гурҷистон афзоиш ёфтааст. Аз ҷумла дар 25 май Туркия ва Озарбойҷон дар Боку омӯзишҳои токтикӣ баргузор карда ва тайи 31 май то 9 июн нерӯҳои мусаллаҳи Гурҷистон ва Озарбойҷон дар шарқи Туркия тамриноти муштарак анҷом доданд.

Албатта бахши қобили таваҷҷӯҳе аз низомиёни озарӣ дар Туркия омӯзиш дида ва давраҳои мухталиферо низ сипарӣ кардаанд. Аз мавқеъе, ки дар соли 2010 Туркия ва Озарбойҷон қарордоди мушорикати истротежикро ба имзо расонданд, ҳамкориҳои низомӣ ба яке аз авлавиятҳои равобити Онкоро – Боку табдил шуд.

Бар асоси ин санад, дар сурати эҷоди таҳдид ба амнияти миллии яке аз тарафҳо, тарафи дигар кӯмакҳои лозимро ироа хоҳад кард.

Тайи ин марҳила буд, ки Гурҷистон низ ба ҳамкориҳои низомӣ ва амниятӣ бо Туркия ва Озарбойҷон таваҷҷӯҳи вижа нишон дод ва дар соли 2010 сарбозон ва афсарони артиши Гурҷистон дар тамриноти муштараки Онкоро – Боку – Тифлис ҳузур пайдо карданд.

Дар моҳи январи соли 2013, ба ибтикори Туркия иттиҳодияҳои интизомӣ ва амниятии Уруосиё эҷод шуд, ки ҳадафи он муқобила бо ҷиноятҳои созмонёфта, гурӯҳҳои ифротгарои мазҳабӣ ва теруристӣ муаррифӣ шуд.

Онкоро қабл аз расидан ба марҳилаи мушорикат дар арсаҳои низомӣ ва амниятӣ бо кишварҳои Қафқоз, ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷорӣ ва фарҳангиро дунбол кард ва дар ҷойгоҳи яке аз муҳимтарин шарикони тиҷории Тифлис ва Боку қарор гирифт.

Дар ҳоле ки Туркия шарики истротежики Гурҷистон ва Озарбойҷон мебошад, Русия фақат Арманистонро ба унвони шарики истротежик дорад, ки тайи солҳои ахир барои равобит байни Маскав ва Ереван низ як саре аз мушкилот ва мавонеъ пеш омадааст. Аз ҷумла тазоҳуроте, ки ахиран дар Арманистон иттифоқ афтод ва аз он ба унвони “талоши Ғарб барои роҳандозии инқилоби рангӣ” ёд шуд, ҳокӣ аз он аст, ки манофеи Русия дар ин кишвар пеш аз гузашта ба чолиш кашида хоҳад шуд.

Ҳамин тавр дар ростои идомаи ҳамкориҳои низомии Туркия бо кишварҳои Қафқоз, дар тобистони соли гузашта нишасти муштараки вазирони дифои Туркия, Озарбойҷон ва Гурҷистон баргузор ва қарор шуд, ба манзури баҳсу баррасии равобити низомӣ ва амниятӣ ва ҳамоҳангиҳои иқдомот, соле 2 дафъа чунин нишастҳо доир шаванд.

Аммо Туркия ва Озарбойҷон бо Арманистон, кишвари ҳаммарзи худ, мушкилоти ҷиддӣ доранд. Ереван Онкороро муттаҳам ба наслкушии арманиҳо дар сади сол пеш мекунад ва миёни Озарбойҷон ва Арманистон низ бар сари минтақаи худмухтори Қаробоғи кӯҳӣ беш аз дуву ним даҳа мунозиа идома дошта ва ҳанӯз роҳи ҳалли муносибе барои он пайдо нашудааст.

Намояндагони расмии 2 тараф дар ҳамаи нишастҳои байналмилалӣ якдигарро муттаҳам ба ишғолгарӣ мекунанд, ки аз ҷумла ҳафтаи қабл Муфтии аъзами Озарбойҷон зимни ширкат дар конфронси байналмилалии “Ислом алайҳи теруризм ва ифротгароии динӣ” дар Душанбе, Ереванро муттаҳам ба ишғолгарии қаламрави кишвараш кард.

Дар ин авохир мақомоти расмии Озарбойҷон низ рӯйи бартарии нерӯҳои мусаллаҳи худ бар артиши Арманистон таъкид мекунанд. Баргузории манёври муштараки низомии Озарбойҷон ва Туркия дар моҳи майи соли ҷорӣ дар минтақаи Нахҷавон, ки бо Арманистон ҳаммарз мебошад, бозгӯкунандаи иродаи Боку дар робита ба мавзӯи фавқ мебошад. Ереван низ сурат гирифтани ин манёвр дар наздикии марзи худро ба унвони “таҳдиди низомии Боку ва Онкоро” барои амнияти миллии худ арзёбӣ кард.

Арманистон аз он нигарон аст, ки ҳамкории муштараки низомии Гурҷистон бо Туркия ва Озарбойҷон метавонад мунҷар ба эҷоди эътилофи ҷадиде алайҳи Ереван шавад. Албатта дар баёнияи Вазорати дифои Арманистон, ки дар он мавқеъ ба ин муносибат пахш гардид, ибрози умедворӣ шуд, ки ҳамкориҳои сеҷонибаи ҳамсоягонаш ба ҳеч ваҷҳ рӯйи равобит бо Ереван таъсири манфӣ нахоҳанд гузошт.

Ба назар мерасад, ки фаъол шудани Туркия дар арсаҳои низомӣ ва амниятии Қафқоз боис шуда, то Русия иқдомоти худ дар ин минтақа ва куллан фазои Шӯравии собиқро ташдид кунад. Ба унвони мисол, Маскав аз омодагии худ барои вогузории таҷҳизоти низомӣ ба мизони 200 милюн дулор ба Ереван хабар дод. Ҳамчунин гуфта мешавад, ки истиқрори мушакҳои “Искандар” дар Арманистон низ дар дасти баррасӣ қарор гирифтааст. Ин иқдомотро метавон як навъ вокуниши Русия дар баробари ташдиди ҳамкориҳои низомии Туркия бо Озарбойҷон ва Гурҷистон арзёбӣ кард.

Чанде қабл Маскав ҳамчунин аз барномаи худ барои тақвияти ҳузури низомӣ дар Арманистон, Обхоз, Усетиёи ҷанубӣ, Қирғизистон ва Тоҷикистон иттилоъ дод. Агар зарурати тақвияти ҳузури низомии Русия дар Арманистон бо баҳси тавсиъаи ҳамкориҳои низомии Онкоро – Боку – Тифлис иртибот дошта бошад, пас дар Осиёи Миёна таҳдиди гурӯҳи теруристии ДОЪИШ мӯҷиби афзоиши таваҷҷӯҳи Кремлин ба арсаҳои низомӣ ва амниятӣ шудааст.

Бидуни тардид дар канори Қафқоз Осиёи Миёна низ аз манотиқе аст, ки Русия ва Туркия дар бештари заминаҳо якдигарро ба унвони рақиб мешиносанд. Албатта Осиёи Миёна дар қиёс бо Қафқоз барои Онкоро аз аҳаммияти нисбатан пойинтари низомӣ ва амниятӣ бархӯрдор мебошад.

Дигар ин ки Туркия аз назари нуфузи иқтисодӣ ва сиёсӣ наметавонад дар Осиёи Миёна бо Русия рақобат кунад.

Аммо ҳамзамон, аз ин воқеият низ наметавон чашм пӯшид, ки Онкоро дар баҳси истифода аз қудрати нарм дар минтақа ба ҳадди зиёде муваффақ будааст. Туркия тайи 2 даҳаи гузашта ба таври хосс дар заминаҳои омӯзишӣ ва фарҳангӣ иқдомоти қобили таваҷҷӯҳеро пиёда кардааст. Албатта Онкоро аҳдофи худро аз тариқи ниҳодҳои ғайри давлатӣ, ки дар асл аз ҳимояти давлат бархӯрдоранд, дунбол ва натоиҷи матлубе ҳам касб кардааст. Имрӯз дар бештари кишварҳои минтақа шабакаҳои омӯзишии туркӣ вуҷуд дошта ва бо ташвиқи Онкоро беш аз пеш дар ин кишварҳо хатти лотин ҷойгузини хатти сириллик мешавад, ки ин мавзӯъ Маскавро шадидан нигарон кардааст.

Албатта ин тасаввур, ки Туркия битавонад манофеи Русия дар 2 минтақаи ёдшударо ба сурати комилан ҷиддӣ ба чолиш бикашад, ҳаддиақал феълан чандон воқеӣ нест. Чаро ки Онкоро аз назари энержӣ ва ба вижа гоз, ба Русия вобастагӣ дорад ва зимни иқдомоти худ наметавонад аз ин воқеият сарфи назар кунад.

Эҳтимолан дар пайи тира шудани таъомули Онкоро бо ДОЪИШ ва афзоиши таҳдидоти теруристӣ алайҳи ин кишвар, мақомоти туркӣ барои ҳамкорӣ бо Русия дар амри муқобила бо нуфузи ҷараёни ифрот дар Қафқоз ва Осиёи Миёна омодагӣ нишон диҳанд, ки аз ин мавзӯъ ба таври хосс дар Осиёи Миёна истиқбол ба амал хоҳад омад.

Farsnews

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.