Сиёсат

Убомо ба раҳбарони яҳудии Омрико: “Агар ба Эрон ҳамла кунем, Ҳизбуллоҳ Исроилро мушакборон мекунад”

Раисиҷумҳури Омрико дар нишасти маҳрамонаи рӯзи сешанбе бо раҳбарони яҳудии Омрико дар Кохи Сафед тасреҳ кард, агар тавофуқи ҳастаӣ рад шавад ва мо ба Эрон ҳамла кунем, Ҳизбуллоҳ Телавивро мушакборон хоҳад кард.

Борок Убомо, раисиҷумҳури Омрико рӯзи сешанбе (04.08.2015) як нишасти маҳрамона дар Кохи Сафед бо раҳбарони яҳудӣ, ки бархе аз онҳо ҳомиёни тавофуқи ҳастаӣ бо Эрон ва бархе дигар мухолифи тавофуқ мебошанд, баргузор кард.

Бино ба гузориши сойти The Times Of Israel, бархе аз ин раҳбарони яҳудӣ, ки бо Убомо дидори хусусӣ доштанд, ҷузъи он даста афроде буданд, ки созмонҳои онҳо ҳанӯз тасмиме дар бораи ҳимоят ё мухолифат бо тавофуқи ҳастаӣ нагирифта буданд.

Ин нишасти маҳрамона дар ҳоле баргузор шудааст, ки давлати Борок Убомо, раисиҷумҳури Омрико, талош мекунад, то дар остонаи раъйгирии Кунгра (Конгресс) дар бораи тавофуқи ҳастаии Эрон ва 5+1, ҳимоятҳои бештареро барои ин тавофуқ ҷалб кунад.

Дар байни раҳбарони яҳудӣ, ки дар нишасти маҳрамона бо Убомо ҳузур доштанд, метавон ба Мойкел Косен (Michael Kassen) ва Ли Рузенберг (Lee Rosenberg) аз AIPAC (Кумитаи равобити умумии Омрико ва Исроил) ишора кард, ки ба шиддат мухолифи тавофуқ бо Эрон ҳастанд. Ҷерми бен Оми (Jeremy Ben Ami) аз Созмони либерол-яҳудии J Street низ, ки яке аз тарафдорони тавофуқ бо Эрон аст, дар ин нишаст ҳузур дошт.

Григ Рузенбоум (Greg Rosenbaum) – раиси Шӯрои миллии демукротики яҳудиён ва яке аз 20 раҳбари яҳудӣ, ки дар нишасти маҳрамонаи Кохи Сафед ширкат дошт, гуфт, ки раисиҷумҳури Омрико дар ин нишаст тасреҳ кардааст, ки агар низоъе, ки тавассути AIPAC ва дигари созмонҳо алайҳи тавофуқи ҳастаии Эрон ба роҳ афтодааст, канор гузошта нашавад, тафриқае байни ҷомеаи яҳудӣ ба вуҷуд хоҳад омад ва равобити Омрико ва Исроилро хадшадор мекунад.

Рузенбоум ба ҳайъате аз хабарнигорони сиёсии Исроил дар Вошингтун дар бораи ин нишаст гуфт: “Убомо истидлоли муҳкаме матраҳ кард ва гуфт, ҳеч тавофуқи комиле вуҷуд надорад. Ӯ ба мухолифони тавофуқ гуфт, ки метавонанд фишор биёваранд ва ба дунболи ишкол дар он бошанд. Мумкин аст ишколоти кучаке пайдо кунанд, аммо масъалаи муҳим ин аст, ки ин тавофуқ барои амнияти миллии Омрико ва Исроил хуб аст.”

Вай идома дод: “Убомо ба ҳозирон гуфта, ки вақте дар соли 2008 вориди Кохи Сафед шудааст, тасмим гирифта, ки таваққуфи барномаи ҳастаии Эрон барояш як авлавияти бартар бошад. Дар айни ҳол тасмим гирифта, то талош кунад аз ҷанг дурӣ кунад, аммо бо ин ҳол ба унвони охирин роҳи ҳалл, аз истифода аз зӯр дурӣ намекунад.”

Ин раҳбари яҳудӣ таъкид кард, ки Убомо хеле таъаҷҷуб карда вақте фаҳмида давлати Буш алорағми он ки аз гузинаи низомӣ алайҳи Эрон ҳарф мезад, ҳеч гуна тарҳи амалӣ дар ин робита омода накарда буд.

Убомо ба раҳбарони яҳудӣ гуфт: “Ман аз ҳамон ибтидо аз Пентогун хостам, то тарҳеро барои ҳамлаи низомӣ дар сурати лозим омода кунанд.”

Раисиҷумҳури Омрико таъкид кард, ки ҷанг бо Эрон барои Омрико ва ҳатто бештар аз он барои Исроил метавонад як фоҷеа бошад ва идома дод: “Иқдоми низомии Омрико алайҳи Эрон фақат ба ҷанг алайҳи Омрико мунҷар намешавад, зеро чунин иқдоме барои Омрико як худкушӣ аст. Посухи Эрон ба шакли ҳамалоти теруристӣ алайҳи Исроил ва Омрико хоҳад буд ва шумо шоҳиди ҳимояти бештар аз теруризм хоҳед буд ва мушакҳои Ҳизбуллоҳ ба самти Телавив сарозер хоҳанд шуд.”

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.