Перейти к содержимому

Омӯзиши фалсафа (16) – Собит ва мутағайир (2)

Собит ва мутағайир (2)

Аз ҷумлаи таҳаввулоти асосӣ, ки дар фалсафаи исломӣ ба василаи Садрулмутааллиҳин рух дод, исботи ҳаракати ҷавҳария буд. Садрулмутааллиҳин собит кард, ки ҳатто бар усули арастуии модда ва сурат низ, бояд қабул кунем, ки ҷавҳарҳои олам дар ҳоли ҳаракати доим ва мустамир мебошанд, як лаҳза саботе дар ҷавҳарҳои олам вуҷуд надорад ва аъроз (яъне 9 мақулаи дигар) ба табаъи ҷавҳарҳо дар ҳаракатанд. Аз назари Садрулмутааллиҳин, табиат мусовӣ аст бо ҳаракат ва ҳаракат мусовӣ аст бо ҳудус ва фанои мустамир ва доим.

Бино бар асли ҳаракати ҷавҳария, чеҳраи ҷаҳони арастуӣ ба куллӣ дигаргун мешавад. Бино бар ин асл, табиат ва модда мусовӣ аст бо ҳаракат, ва замон иборат аст аз: андоза ва кашиши ин ҳаракати ҷавҳарӣ, ва сабот мусовӣ аст бо мовароитабиӣ будан. Он чӣ ҳаст ё тағйири мутлақ аст (табиат) ва ё саботи мутлақ (моварои табиат). Саботи табиат саботи назм аст, на саботи вуҷуд ва ҳастӣ. Яъне бар ҷаҳон низоми мусаллам ва лоятағайяре ҳоким аст, вале муҳтавои низом, ки дар дохили низом қарор гирифтаанд, мутағайиранд, балки айни тағйиранд. Ин ҷаҳон, ҳам ҳастияш ношӣ аз моваро аст ва ҳам низомаш, ва агар ҳукумати ҷаҳони дигар намебуд, ин ҷаҳон, ки як порча лағзандагӣ ва дигаргунӣ аст, робитаи гузашта ва ояндааш қатъ буд.

Гашт мубаддал оби ин ҷӯ чанд бор,

Акси моҳу акси ахтар барқарор.

* * *

Дар яке аз баҳсҳои гузашта ишора карда будем, ки тақсимоти аввалияи ҳастӣ — яъне тақсимоте, ки мустақиман тақсими мавҷуд бимо ҳува мавҷуд аст — дар ҳавзаи фалсафаи уло аст.

Акнун мегӯем, ки баҳси собит ва мутағайир то қабл аз Садрулмутааллиҳин дар ҳавзаи табииёт шумурда мешуд, зеро ҳар ҳукм ва ҳар тақсиме, ки марбут ба ҷисм бимо ҳува ҷисм бошад, марбут ба табииёт аст. Чунин гуфта мешуд, ки ин ҷисм аст, ки ё собит аст ва ё мутағайир, ва ба таъбири дигар: ё сокин аст ва ё мутаҳаррик. Ва ба иборати дигар, ҳаракат ва сукун аз аворизи ҷисм аст. Пас, баҳси собит ва мутағайир сирфан бояд дар табииёт оварда шавад.

Арасту ва Ибни Сино ва пайравони онҳо мабоҳиси ҳаракат ва сукун-ро дар табииёт овардаанд.

Вале пас аз кашфи асолати вуҷуд ва кашфи ҳаракати ҷавҳария ба василаи Садрулмутааллиҳин ва равшан шудани ин ки ҷисм чизе нест, ки сирфан ҳаракат бар ӯ ориз шуда бошад ва аҳёнан ҳаракат аз ӯ салб шавад ва ҳолати адами ҳаракати ӯро сукун биномем, балки табиати олам айни ҳаракат мебошад. Нуқтаи муқобили ин ҳаракати ҷавҳарӣ сабот аст на сукун. Сукун дар мавриди ҳаракатҳои оризӣ содиқ аст, ки ҳолати набуд-и онро сукун мехонем, вале дар мавриди ҳаракати зотии ҷавҳарӣ сукун фарз надорад. Нуқтаи муқобили инчунин ҳаракати ҷавҳарӣ, ки айни ҷавҳар аст, ҷавҳарҳое ҳастанд, ки сабот айни зоти онҳост. Онҳо мавҷудоте ҳастанд мо фавқи макон ва замон ва орӣ аз қувва ва истеъдод ва абъоди маконӣ ва замонӣ. Бинобар ин, ин ҷисм нест, ки ё собит аст ва ё мутағайир, балки мавҷуд бимо ҳува мавҷуд аст, ки ё айни сабот аст (вуҷудоти мо фавқи моддӣ) ва ё айни саялон ва шудан ва сайрурат ва ҳудуси истимрорӣ аст (олами табиат). Пас, вуҷуд ва ҳастӣ ҳамчунон ки дар зоти худ ба воҷиб ва мумкин тақсим мегардад, дар зоти худ ба собит ва сайёл мунқасим мешавад.

Ин аст, ки аз назари Садрулмутааллиҳин, танҳо қисмате аз ҳаракот — яъне ҳаракоти оризии ҷисм, ки нуқтаи муқобилашон сукун аст — шоиста аст, ки дар табииёт зикр шавад ва аммо соири ҳаракот ва ё ҳамон ҳаракот на аз он ҳайс, ки ориз бар ҷисми табиӣ мебошанд, бояд дар фалсафаи уло дар бораи онҳо баҳсу таҳқиқ ба амал ояд. Садрулмутааллиҳин мабоҳиси ҳаракат-ро дар умури оммаи “Асфор” зимни баҳси қувва ва феъл овардааст, ҳарчанд ҳақ ин буд, ки якбора фасли мустақилле барои он қарор медод.

Аз натоиҷи бисёр муҳимми ин кашфи бузург — мабнӣ бар ин ки вуҷуд дар зоти худ ба собит ва сайёл тақсим мешавад ва ин ки вуҷуди собит наҳвае аз вуҷуд аст ва вуҷуди сайёл наҳвае дигар аз вуҷуд аст — ин аст, ки шудан ва сайрурат айни мартибае аз ҳастӣ аст. Ҳарчанд ба эътиборе метавонем шудан-ро таркиб ва омехтагии ҳастӣ ва нестӣ бидонем, вале ин таркиб ва омехтагӣ таркиби ҳақиқӣ нест, балки навъе эътибор ва муҷоз аст.

Идома дорад

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: