Перейти к содержимому

Вақте Арабистони Саудӣ ба Сурия наздик мешавад…

Ёддоште аз Абдулборӣ Атвон, сардабири пойгоҳи хабарӣ-таҳлилии Раъюл-явм

Тайи чанд рӯзи ахир хабарҳое мабнӣ бар дидори сарлашкар Алӣ Мамлук, раиси Созмони иттилоот ва амнияти Сурия бо Муҳаммад бен Салмон, вазири дифоъ ва писари подшоҳи Арабистон, бо миёнҷигарии Русия мунташир шуд, ки ин бад-ин маъност, ки Русия ва Омрико дар мавриди парвандаи Сурия барномаҳое доранд ва шояд ин амр кулли минтақаро таҳти таъсири худ қарор диҳад.

Мушаххас аст, ки дидори шоҳзода Муҳаммад бен Салмон, вазири дифоъ ва ҷонишини валиъаҳди Арабистон аз Маскав дар 29 июни гузашта ва дидор бо Владимир Путин, раисиҷумҳурии Русия, таъсири зиёде дар ин тарҳ дошта ва мумкин аст дар хусуси бақои низоми ҳоким бар Сурия ва шояд шахси Башшор Асад барои муддате тӯлонӣ, тавофуқе миёни кишварҳои минтақа ҳосил шавад.

* * *

Тарҳи ибтикории раисиҷумҳури Русия мабнӣ бар ташкили эътилофи чаҳоргона муташаккил аз кишварҳои Туркия, Арабистон, Сурия ва Ӯрдун барои мубориза бо теруризм дар минтақа ва ба вижа мубориза бо ДОЪИШ бо таъйиди Арабистон, бо мувофиқати Сурия ва адами мухолифати Туркия ва истиқболи шадиди Ӯрдун ҳамроҳ будааст. Ва дар ин миён дӯстии Русия — Арабистон ба ҷое расид, ки Русия қатъномаи 2216-и Шӯрои амниятро дар мавриди Яман, ки заминаро барои дахолати низомии Арабистон дар Яман фароҳам кард, вето накард ва Арабистон низ барои ҷуброни ин “лутфи бузург”-и Русия, бо миёнҷигарии русҳо дар қазияи Сурия мувофиқат кард ва ин гуна мақомҳои Арабистон бо Алӣ Мамлук, раиси Созмони иттилоот ва амнияти Сурия дидор карданд.

Алӣ Мамлук бисёр зирак зоҳир шуд ва дар гуфтугӯ бо мизбони арабистонии худ ибтидо аз сегонаи Миср, Арабистон ва Сурия сухан гуфт ва тасреҳ кард, ки се зилъи ин мусаллас (сегона) тайи 40 сол бар минтақа ҳукумат кардаанд ва сиёсати арабистониҳо ҳамеша ҳакимона ва уқалоӣ будааст, аммо шумо бо чунин собиқае чӣ гуна дунболарави шайхҳои қатарӣ шудаед!

Шояд ин сарзаниш ва ёдоварии мусалласи қудратманди арабҳо ва равобити қудратманди ду кишвари Сурия ва Арабистони Саудӣ бо ҳам дар гузашта боис шуд, ки Муҳаммад бен Салмон ба сурати ногаҳонӣ ба Миср биравад ва бо Абдулфаттоҳ Ассисӣ дидор кунад ва дар пайи он равобити Миср — Арабистон то ҳадди зиёде беҳбуд ёбад.

Сурия ба ҳеч унвон аз Эрон дур нахоҳад шуд ва Эрон низ Сурияро танҳо нахоҳад гузошт, зеро Сурия фирефтаи пешниҳодҳои иғвокунандаи бисёр бузурги хориҷӣ нашуда ва Эрон низ инро медонад ва албатта тасаввур намеравад, ки душмании Арабистон бо Эрон ба андозаи душмании Омрико бо Эрон бошад, аммо ба ҳар ҳол имкони гуфтугӯи Арабистон ва Эрон дар мавриди масоили минтақаӣ вуҷуд дорад ва ин эҳтимол бештар аз эҳтимоли даргирӣ аст.

Гила кардан кинаҳоро аз дилҳо мешӯяд ва албатта бояд донист бештари сиёсатҳои кишварҳои арабӣ эҳсосотӣ аст ва на мантиқӣ ва сиёсатҳои онҳо чӣ мусбат ва чӣ манфӣ бештар ҷанбаи шахсӣ дорад ва бар пояи манофеъ нест.

* * *

Дидори сарлашкар Алӣ Мамлук аз Риёз, ки Арабистон то ин лаҳза онро такзиб накардааст, шояд боиси гушоише дар равобити ду кишвар шавад ва албатта далоиле вуҷуд дорад, ки ин эҳтимолро тақвият мекунад. Ин далоил иборатанд аз:

  1. Муҳимтарин монеъ дар масири наздик шудани Арабистон ва Сурия, ду шоҳзодаи арабистонӣ яъне Бандар бен Султон, раиси собиқи дастгоҳи иттилоотӣ ва Сауд ал-Файсал, вазири умури хориҷаи собиқи Арабистон буданд, ки ин ду бо самоҷати тамом хостори сарнагунии низоми Сурия буданд ва албатта ин ду дигар қудрате дар Арабистон надоранд. Бандар, раиси собиқи дастгоҳои иттилоотии Арабистон, бо дастури подшоҳи қаблӣ аз кор барканор шуд ва вазири хориҷаи Арабистон низ ахиран пас аз канор гузошта шудан аз мақомаш, даргузашт;
  2. Агар нагӯем ҳамаи роҳбурдҳои низомии Омрико, бояд бигӯем, бештари ин роҳбурдҳо дар Сурия бо шикаст мувоҷеҳ шуда ва иқдоми ҷангҷӯёни Ҷабҳатун-нусра дар рабудан ва ба асорат даровардан ва шояд куштани 60 нерӯи лашкари 30-и мухолифон тайи чанд рӯзи ахир, ки фармондеҳони низомии Омрико онҳоро омӯзиш дода буданд, то ҳастаи аслии ташкили як нерӯи 5000 нафарӣ барои мубориза бо ДОЪИШ бошанд, охирин мавриди ин шикастҳо аст;
  3. Арабистон дар Яман шадидан гирифтор шудааст ва бо ин ки ахиран муваффақиятҳое дар Адан доштааст, аммо ба ҳар ҳол ин ҷанг ба эҳтимоли зиёд солҳо ва шояд даҳаҳо дар Яман идома ёбад. Арабистон ба зудӣ аз ин махмаса раҳоӣ намеёбад ва ба ҳамин далел, саудиҳо ниёз ба костани таниши сиёсӣ бо Сурия ва тақвияти равобит бо Маскав доранд, то баъдҳо бо Теҳрон дар мавриди ин парванда ва дигар парвандаҳои минтақа ба тавофуқоте бирасанд;
  4. ДОЪИШ аз контрол хориҷ шуда ва акнун Риёз ва бештари кишварҳои минтақаро низ таҳдид мекунад ва эъломи омодабоши комил ва густарда дар марзҳои Арабистон бо Ироқ ин ҳақиқатро таъйид мекунад;
  5. Бозгашти гуфтугӯи роҳбурдии Миср — Омрико ба даврони гузаштаи худ пас аз дидори Ҷон Керрӣ, вазири хориҷаи Омрико аз Қоҳира, нуктаи муҳимми дигар дар ин миён аст, ки Қоҳира дар хусуси бӯҳрони Сурия бисёр эҳтиёткорона рафтор мекунад ва чароғи хомӯш ва бо рӯйкарде мусбат ба Эрон наздик мешавад;
  6. Коҳиши нақшофаринии Туркия дар минтақа ва ғарқ шудани мақомҳои ин кишвари муттаҳид бо Арабистон дар ҷанге хунин бо курдҳо ва Ҳизби Коргарони Курдистон (П.К.К), мумкин аст боис шавад, то туркҳо дар мавқеъгирияшон дар хусуси Сурия ва талош барои сарнагун кардани низоми он, ақибнишинӣ кунанд.

Дидор миёни сарлашкар Алӣ Мамлук ва шоҳзода Муҳаммад бен Салмон вазири дифоъ ва писари подшоҳи Арабистон дар Риёз, дигар бар касе пӯшида нест. Ин дидор буд, ки заминаро барои дидори сеҷонибаи Арабистон, Русия ва Омрико дар Дуҳа фароҳам овард. Ин дидор пеш аз дидори Ҷон Керрӣ бо бақияи вузарои хориҷаи кишварҳои узви Шӯрои ҳамкории Халиҷи Форс барои итминон додан ба онҳо дар мавриди парвандаи ҳастаии Эрон анҷом шуд ва бояд мунтазири натоиҷи ин дидорҳо монд.

Raialyoum

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: