Перейти к содержимому

Омӯзиши фалсафа (17) – Собит ва мутағайир (3)

Собит ва мутағайир (3)

Ҳақиқат ин аст, ки кашфи асолати вуҷуд ва эътиборияти моҳият аст, ки моро ба дарки ин муҳим муваффақ медорад. Яъне агар асолати вуҷуд набуд, аввалан тасаввури ҳаракати ҷавҳария номумкин буд, ва сониян ин ки саялон ва шудан ва сайрурат айни мартибае аз вуҷуд аст, қобили тасаввур набуд.

Дар фалсафаи ҷадиди Урупо, ҳаракат аз тариқи дигар ҷои худро бозёфт ва ҷамъе аз фалосифа мӯътақид шуданд, ки ҳаракат рукни асосии табиат аст, ва ба иборати дигар — ба эътиқоди инон — табиат мусовӣ аст бо шудан. Аммо назар ба ин ки ин андеша бар пояи асолати вуҷуд ва инқисоми зотии вуҷуд ба собит ва сайёл набуд, ин фалосифа чунин тасаввур карданд, ки шудан ҳамон ҷамъ миёни нақизайн аст, ки қудамо маҳол медонистанд ва ҳамчунин гумон карданд, ки лозимаи шудан, бутлони асли ҳува ҳувият аст, ки қудамо онро мусаллам мепиндоштанд.

Ин фалосифа гуфтанд: асли ҳоким бар андешаи фалсафии қудамо асли сабот будааст ва қудамо чун мавҷудотро собит меангоштанд, чунин тасаввур мекарданд, ки амри ашё доир аст миёни будан ва набудан. Бинобар ин, аз ин ду яке бояд саҳеҳ бошад ва бас (асли имтиноъи иҷтимоъ ва иртифоъи нақизайн). Яъне ҳамвора ё будан аст ва ё набудан ва шиққи севвуме дар кор нест. Ҳамчунин, чун қудамо ашёро собит меангоштанд, чунин тасаввур мекарданд, ки ҳар чизе ҳамвора худаш худаш аст (асли ҳува ҳувият). Вале бо кашфи асли ҳаракат ва тағйир дар табиат ва ин ки табиат доиман дар ҳоли шудан аст, ин ду асл беэътибор аст; зеро шудан ҷамъ миёни будан ва набудан аст ва он ҷо ки шайъ, ҳам будан аст ва ҳам набудан, шудан таҳаққуқ ёфтааст. Шайъ дар ҳоли шудан, ҳам ҳаст ва ҳам нест. Шайъ дар ҳоли шудан дар ҳар лаҳза худаш ғайри худаш аст, худаш дар айни ин ки худаш аст, худаш нест, худаш аз худаш салб мешавад. Пас, агар асли ҳоким бар ашё асли будан ва набудан буд, ҳам асли имтиноъи иҷтимоъи нақизайн саҳеҳ буд ва ҳам асли ҳува ҳувият, вале чун асли ҳоким, асли шудан аст, ҳеч кадом аз ин ду асл саҳеҳ нест.

Ба иборати дигар, асли имтиноъи иҷтимоъи нақизайн ва асли ҳува ҳувият, ки бар андешаи қудамо ҳукумати берақибе доштааст, ношӣ аз асли дигаре будааст, ки он низ бидуни чуну чаро бар андешаи қудамо ҳукмронӣ мекардааст ва он, асли сабот аст. Бо кашфи бутлони асли сабот ба василаи улуми табиӣ, қаҳран он ду асл низ беэътибор аст. Он чӣ гуфтем, тасаввури бисёре аз фалосифаи ҷадид — аз Ҳегел то асри ҳозир — аст.

Вале мо мебинем, ки Садрулмутааллиҳин аз роҳи дигар ба бутлони асли сабот мерасад, ва ҳаракате, ки ӯ кашф мекунад, ба маънии ин аст, ки табиат мусовӣ аст бо адами сабот ва сабот мусовӣ аст бо таҷарруд. Ва дар айни ҳол, ӯ ҳаргиз монанди фалосифаи ҷадид натиҷагирӣ намекунад ва намегӯяд, чун табиат мусовӣ аст бо шудан ва ба таъбири худи ӯ, мусовӣ аст бо саялон ва сайрурат, пас асли имтиноъи ҷамъ ва рафъи нақизайн ботил аст. Ӯ дар айни ҳол, ки шудан-ро навъе ҷамъи вуҷуд ва адам медонад, онро ҷамъи нақизайн намешуморад. Чаро? Иллати матлаб ин аст, ки ӯ асли муҳимтареро кашф кардааст ва он ин ки вуҷуд ва ҳастӣ дар зоти худ тақсим мешавад ба собит ва сайёл. Вуҷуди собит мартибае аз ҳастӣ аст, на таркибе аз ҳастӣ ва ғайри ҳастӣ, ва вуҷуди сайёл низ мартибае дигар аз ҳастӣ аст, на таркибе аз ҳастӣ ва ғайри ҳастӣ. Таркиби шудан аз ҳастӣ ва нестӣ, ҷамъ миёни ду нақиз нест, ҳамчунон ки салби шайъ аз нафси худ низ нест.

Иштибоҳи фалосифаи ҷадид ношӣ аз ду ҷиҳат аст; яке адами дарки инқисоми ҳастӣ ба собит ва сайёл ва дигар ин ки тасаввури онон дар бораи асли таноқуз ва асли тазодд норасо будааст.

Идома дорад

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: