Перейти к содержимому

Омӯзиши фалсафа (18) – Иллат ва маълул (1)

Иллат ва маълул (1)

Куҳантарин масъалаи фалсафа, масъалаи иллат ва маълул аст. Дар ҳар низоми фалсафӣ номи иллат ва маълул бурда мешавад, бар хилофи асолати вуҷуд ё вуҷуди зеҳнӣ, ки дар бархе низомҳои фалсафӣ ҷойгоҳи баланде дорад ва бархе аз низомҳои фалсафии дигар кучактарин огоҳӣ аз он надоранд ва ё баҳси қувва ва феъл, ки дар фалсафаи Арасту нақши муҳимме ифо мекунад ва ё баҳси собит ва мутағайир, ки дар фалсафаи Садрулмутааллиҳин мақоми шоистае ёфтааст.

Иллият навъе робита аст миёни ду шайъ, ки якеро иллат ва дигареро маълул мехонем, аммо амиқтарини робитаҳо. Робитаи иллат ва маълул ин аст, ки иллат вуҷуддиҳандаи маълул аст. Он чӣ маълул аз иллат дарёфт мекунад, тамоми ҳастӣ ва воқеияти хеш аст, бинобар ин агар иллат набуд, маълул набуд. Мо чунин робитае дар ҷои дигар суроғ надорем, ки агар яке аз ду тарафи робита набуд, дигарӣ ҳам набуд. Аз ин рӯ, ниёзи маълул ба иллат, шадидтарини ниёзҳост; ниёз дар асли ҳастӣ. Бинобар ин, агар бихоҳем иллат-ро таъриф кунем, бояд бигӯем: “он чизе аст, ки маълул дар киён ва ҳастии худ ба ӯ ниёзманд аст.”

* * *

Аз ҷумлаи масоиле, ки дар боби иллат ва маълул ҳаст ин аст, ки ҳар падидае маълул аст ва ҳар маълуле ниёзманд ба иллат аст, пас ҳар падидае ниёзманд ба иллат аст. Яъне агар чизе дар зоти худ айни ҳастӣ нест ва ҳастӣ бар ӯ ориз шуда ва падид омадааст, ночор дар асари дахолати омиле будааст, ки онро иллат меномем. Пас ҳеч падидае бидуни иллат нест. Фарзияи муқобили ин назария он аст, ки фарз шавад, падидае бидуни иллат падид ояд. Ин фарзия ба номи судфа ё иттифоқ номида мешавад. Фалсафа асли иллиятро мепазирад ва ба шиддат назарияи судфа ва иттифоқ-ро рад мекунад.

Инки ҳар падидае маълул ва ниёзманд ба иллат аст, мавриди иттифоқи фалосифа ва мутакаллимон аст, вале мутакаллимон чунин падидаеро ба ҳодис таъбир мекунанд ва фалосифа ба мумкин. Яъне мутакаллимон мегӯянд, ҳар ҳодис маълул ва ниёзманд ба иллат аст ва фалосифа мегӯянд, ҳар мумкин маълул ва ниёзманд ба иллат аст. Ва ин ду таъбири мухталиф натиҷаҳои мухталиф медиҳанд, ки дар баҳси ҳодис ва қадим ба он ишора кардем.

* * *

Масъалаи дигар дар боби иллат ва маълул ин аст, ки ҳар иллате фақат маълули хосс эҷод мекунад, на ҳар маълулеро, ва ҳар маълуле танҳо аз иллати хосс содир мешавад, на аз ҳар иллате. Ба иборати дигар, миёни мавҷудоти ҷаҳон вобастагиҳои хоссе ҳаст, пас ҳар чиз маншаи ҳар чизе наметавонад бишавад ва ҳар чизе ношӣ аз ҳар чизе наметавонад бошад. Мо дар таҷрибиёти оддии худ ба ин ҳақиқат ҷазм дорем, ки масалан ғизо хӯрдан иллати сер шудан аст ва об нӯшидан иллати сероб шудан ва дарс хондан иллати босавод шудан. Аз ин рӯ, агар бихоҳем ба ҳар як аз маълулоти номбурда даст биёбем, ба иллати хосси худаш мутавассил мешавем. Ҳеч гоҳ барои сер шудан, ба об нӯшидан ё дарс хондан мутавассил намешавем ва барои босавод шудан ғизо хӯрданро кофӣ намедонем.

Фалсафа собит мекунад, ки дар миёни тамоми ҷараёноти олам чунин робитаи мусалламе вуҷуд дорад ва ин матлабро ба ин таъбир баён мекунад: миёни ҳар иллат бо маълули худаш синхият ва муносибати хоссе ҳукмфармост, ки миёни як иллат ва маълули дигар нест.

Ин асл муҳимтарин асле аст, ки ба фикри мо интизом мебахшад ва ҷаҳонро дар андешаи мо, на ба сурати маҷмӯае ҳарҷу марҷ, ки дар он ҳеч чизе шарти ҳеч чизе нест, балки ба сурати дастгоҳе муназзам ва мураттаб дармеоварад, ки ҳар ҷузъи он ҷойгоҳи махсус дорад ва ҳеч ҷузъе мумкин нест дар ҷои ҷузъи дигар қарор гирад.

Идома дорад

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: