Перейти к содержимому

Чӣ касе Оли Саудро идора мекунад?

Мақолае аз Simon Henderson дар нашрияи Foreign Policy

Раҳбарии ҷадиди саудӣ, ки бо ҳамалоти ДОЪИШ, ҷанги Яман ва нигаронии рӯзафзун аз нуфузи Эрон иҳота шуда, саргардон ба назар мерасад.

Гурӯҳҳои маҳаллии ДОЪИШ дар Арабистон, дар интихоби аҳдофи худ, миёни шиъа ва суннӣ табъиз қоил намешаванд. Дар моҳи май, ду масҷиди шиъӣ дар устони шарқии ин кишвар ҳадаф қарор гирифт ва мунҷар ба кушта шудани 16 нафар шуд. Дар 6-уми август, ин гурӯҳи теруристӣ як масҷиди сунниро дар ҷануби ғарбии ин подшоҳӣ – наздик ба марзи Яман — мунфаҷир кард ва 15 нафар, ки аксаран аз нерӯҳои амниятии Саудӣ буданд, ҷони худро аз даст доданд. Ин ҳодисаҳо барои подшоҳии саудӣ як ёдоварӣ буд мабнӣ бар ин ки ДОЪИШ дар айни бархӯрдорӣ аз гаройиши зиддишиъӣ, аз Оли Сауд ва ҳар чӣ ба он марбут мешавад, мутанаффир аст.

Ин иқдомот ҳамчунин нишон медиҳад, ки таъқиб ва дастгирии ДОЪИШ дар Арабистон ҳамчунон идома дорад. Мақомоти саудӣ моҳи гузашта эълом карданд, ки 431 аъзои ин гурӯҳро дастгир кардаанд. Бо вуҷуди он ки аксарияти қобили таваҷҷӯҳе аз 27 милюн шаҳрванди ин подшоҳӣ раҳбарии Малик Салмонро тарҷеҳ медиҳанд, вале бахши начандон ночизе аз ҷавонони саудӣ низ ҳастанд, ки зери таъсири дидгоҳҳои ДОЪИШ, ки ба таври доим аз тариқи расонаҳои иҷтимоӣ ба гӯшашон мерасад, қарор гирифтаанд.

Бомборони масоҷиди Арабистон танҳо яке аз нишонаҳои афзоиши бӯҳронҳои дохилӣ ва хориҷӣ аст, ки ин подшоҳӣ бо онҳо рӯ ба рӯст… Аммо мушаххас нест, ки бо таваҷҷӯҳ ба ҳамалоти теруристӣ, ки дар хоки Арабистон сурат мегирад ё мушкилоти фаровоне, ки бо онҳо рӯ ба рӯст, оё раҳбарии ин подшоҳӣ воқеан тавоноии муқобила бо бӯҳронро дошта бошад? Дар ҳоле ки ин подшоҳӣ ҳатто наметавонад як сафари тафреҳиро ба дурустӣ барномарезӣ кунад. Зоҳиран ҳафтаи гузашта Малик Салмон ногаҳон мутаваҷҷеҳ мешавад, ки аз ҷануби Фаронса хушаш намеояд, ҳатто бо вуҷуде, ки соҳили умумии муқобили маҳалли иқомати вай холӣ аз фаронсавиҳое шуда буд, ки офтоб мехӯрданд. Ӯ бо беш аз 600 ҳамроҳе, ки дошт, маҳалли иқомати худро тағйир дода ва ба кохи худ дар Марокаш меравад. Дар ин ҳангом, дар ҷабҳаи хонагӣ, давлат дар дастони Муҳаммад бен Ноиф, валиаҳд ва Муҳаммад бен Салмон, муовини валиаҳд ва писари мавриди алоқаи шоҳ аст.

Робита миёни Муҳаммад бен Ноиф ва Муҳаммад бен Салмон боиси шаклгирии баҳсҳое дар ҳалқаҳои сиёсати хориҷӣ дар саросари ҷаҳон шудааст. Тардиди чандоне вуҷуд надорад, ки салтанати саудӣ хостори подшоҳии Муҳаммад бен Салмон дар оянда аст; танҳо суоли боқимонда ин аст, ки оё Ноиф иҷоза хоҳад дошт, ки салтанат миёни ин падару писар бимонад? Бисёре аз нозирони саудӣ дар ҳоли ҳозир мӯътақиданд, ки Малик Салмон бознишастагии худро эълом хоҳад кард ва Муҳаммад бен Салмонро ба унвони ҷонишини худ интихоб хоҳад кард.

Аммо иттилооти мутаноқизе дар мавриди ин ки оё рақобате миёни ду валиаҳд вуҷуд дорад ё хайр низ ба чаш мехӯрад. Бархе мегӯянд, Муҳаммад бен Ноиф тарҳҳое барои ҷонишинии худ дорад. Гузоришҳои дигар низ вуҷуд дорад, ки мегӯяд, ин ду рақиб метавонанд ба унвони як тим ба хубӣ амал кунанд.

Ин шарокат ва ҳамкорӣ тайи моҳҳои оянда ба таври рӯзафзуне озмоиш хоҳад шуд. Ин ду мард масъули ба пеш рондани таъсисоти дифоии ағлаб лиҷомгусехтаи Арабистон ҳастанд, то ба як ҳадафи муштарак бирасанд. Муҳаммад бен Ноиф вазири кишвар ва масъули амнияти дохилӣ аст ва Муҳаммад бен Салмон вазири дифоъ ва дар натиҷа амалан фармондеҳи нерӯи заминӣ, ҳавоӣ ва дарёӣ маҳсуб мешавад. Ба таври суннатӣ, вазири кишвар ва артиши Арабистон ҳамкории хубе бо ҳам надоранд. Нерӯи севвум дар ин миён Горди салтанатии Арабистон ба фармондеҳии Митъаб бен Абдуллоҳ аст, ки орзуяш барои подшоҳӣ 6 моҳ пеш бо даргузашти падараш аз байн рафт ва дар моҳи апрел замоне ки подшоҳ Муҳаммад бен Салмонро ба унвони муовини валиаҳд интихоб кард, комилан нобуд шуд. Митъаб, ки муттаҳиди Муҳаммад бен Ноиф шумурда мешавад, ба нақши худ дар Горди салтанатӣ машғул аст, ва ин дар ҳоле аст, ки гузоришҳое вуҷуд дорад мабнӣ бар ин ки Муҳаммад бен Салмон мехоҳад, нерӯҳои асосан қабилаиро ҷазби нерӯи заминии саудӣ кунад ва аз ин тариқ ҳузури Митъаб зиёдатӣ хоҳад шуд.

Дар чунин шароите, илова бар муқобила бо душманони дохилӣ ва хориҷӣ, ҳокимони Арабистон бояд бо як махмасаи молӣ низ муқобила кунанд. Қимати нафт ба ҳудуди 50 дулор дар ҳар бушка расида ва Арабистон эълом кардааст, ки мехоҳад қарзе ба маблағи 27 милёрд дулор бигирад. Ҳазинаҳои сангин дар Яман ва тақсими 32 милёрд дулор барои ҳифзи ризояти мардум дар замони рӯи кор омадани Малик Салмон, ба хазонаи Арабистон фишори ҷиддиро ворид кард.

Чӣ касе дар ҳавзаи иқтисодӣ тасмимгирандаи аслии Арабистон аст? Ин шахс бояд Муҳаммад бен Салмони 29-сола дар нақши раиси Шӯрои иқтисодӣ ва тавсиъаи Арабистон бошад. Ва бори дигар ин масъала ба мушкиле, ки ин подшоҳӣ бо он рӯ ба рӯст, ишора дорад: он чӣ бояд анҷом шавад, бо манобеъе, ки дар дастрас ҳастанд, тавозун надорад.

Foreign Policy

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: