Перейти к содержимому

Омӯзиши фалсафа (19) – Иллат ва маълул (2)

Иллат ва маълул (2)

Масъалаи дигар дар боби иллат ва маълул ин аст, ки дар фалсафаи Арасту, иллат чаҳор қисм аст: иллати фоъилӣ, иллати ғоӣ, иллати моддӣ, иллати сурӣ. Дар маснуъоти башарӣ ин чаҳор иллат ба хубӣ содиқ аст: Масалан, агар хонае бисозем, банно ва коргарон иллати фоъилӣ аст ва сукунат дар он хона, иллати ғоӣ аст ва масолеҳи он хона иллати моддӣ аст ва шакли сохтмон — ки мутаносиб бо маскан аст, на масалан бо анбор ё ҳаммом ё масҷид — иллати сурӣ аст.

Аз назари Арасту, ҳар падидаи табиӣ — масалан як санг, як гиёҳ, як инсон — ҳам айнан дорои чаҳор иллати мазбур ҳаст.

* * *

Аз ҷумлаи масоили иллат ва маълул ин аст, ки иллат дар истилоҳи уламои табиӣ — яъне дар истилоҳи табииёт — бо иллат дар истилоҳи илоҳиёт ва уламои илми илоҳӣ андаке мутафовит аст. Аз назари илми илоҳӣ, ки акнун онро ба номи фалсафа мехонем, иллат иборат аст аз: вуҷуддиҳанда. Яъне фалосифа чизеро иллати чизи дигар мехонанд, ки он чиз вуҷуддиҳандаи чизи дигар буда бошад, вагарна онро иллат намехонанд ва аҳёнан онро муъидд (яъне фароҳамоваранда) мехонанд. Вале уламои улуми табиӣ ҳатто дар мавриде, ки робита миёни ду чиз сирфан робитаи таҳрик ва таҳаррук аст, калимаи иллат итлоқ мекунанд. Бар ҳамин асос, дар истилоҳи уламои табиӣ, банно ва сохтмонсоз иллати хона аст, зеро банно ба василаи як силсила нақлу интиқолҳо билохира маншаи сохтани як хона шуда, вале уламои илми илоҳӣ ҳаргиз банноро иллати хона намехонанд. Зеро банно ба вуҷудоварандаи хона нест, балки масолеҳи хона қаблан вуҷуд доштааст ва кори банно фақат ин буда, ки ба онҳо созмон додааст. Ҳамчунин падару модар нисбат ба фарзанд тибқи истилоҳи уламои улуми табиӣ иллат шумурда мешаванд, вале бар асоси истилоҳи фалсафа, онҳо муқаддима, муъидд ва маҷро номида мешаванд ва иллат шумурда намешаванд.

* * *

Масъалаи дигар дар боби иллат ва маълул ин аст, ки силсилаи иллатҳо (албатта иллат ба истилоҳи фалосифа, на иллат ба истилоҳи уламои табиӣ, яъне иллатҳои вуҷуд, на иллатҳои ҳаракат) мутаноҳӣ ва поёнпазир аст ва маҳол аст номутаноҳӣ ва бе поён бошад. Яъне агар вуҷуди як шайъ содир аз иллате ва қоим ба иллате бошад ва вуҷуди он иллат низ қоим ба иллати дигар, ва вуҷуди он иллат низ қоим ба иллати дигар бошад, мумкин аст ҳазорҳо ва милюнҳо ва ё милёрдҳо иллат ва маълул ба ин тартиб ҳар кадом содир аз дигарӣ бошад ва боло биравад, вале дар ниҳояти амр ба иллате мунтаҳӣ мегардад, ки он иллат қоим ба зот аст ва қоим ба иллате дигар нест. Зеро тасалсули иллатҳои ғайри мутаноҳӣ ва бе поён маҳол аст. Фалосифа бароҳини зиёде иқома мекунанд бар имтиноъи тасалсули иллатҳои ғайри мутаноҳӣ, ва ин таъбирро мухаффаф мекунанд ва мегӯянд: тасалсули иллатҳо маҳол аст. Ва ғолибан таъбирро аз ин ҳам мухаффафтар мекунанд ва мегӯянд: тасалсул маҳол аст, ва албатта мақсуд ин аст, ки тасалсули илали ғайри мутаноҳӣ маҳол аст.

Калимаи тасалсул аз моддаи салсала аст, ки ба маънои занҷир аст. Пас тасалсул яъне занҷира шудани илали ғайри мутаноҳӣ. Фалосифа низом ва тартиби илал ва маълулотро ба ҳалқаҳои занҷир, ки ба тартиб пушти сари якдигар қарор гирифтаанд, ташбеҳ кардаанд.

Идома дорад

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: