Перейти к содержимому

Коршиноси омрикоӣ: “Тоҷикистон тавони сохти нерӯгоҳи Роғунро надорад”

Ба гуфтаи Брюс Понер, коршиноси омрикоии Осиёи Марказӣ, Тоҷикистон бидуни ҷазби сармояи хориҷӣ тавони сохти нерӯгоҳи Роғунро надорад.

Ба гузориши Trend.az, Брюс Прнер (Bruce Pannier), коршиноси омрикоии Осиёи Марказӣ мӯътақид аст: “Тоҷикистон ба танҳоӣ тавони сохти нерӯгоҳи Роғунро надорад ва ин кишвар бояд барои сохти ин нерӯгоҳ аз сармоягузорони хориҷӣ баҳра гирад.”

Вай идома дод: “Дар соли 2009 Тоҷикистон барои шитоб бахшидан ба сохти нерӯгоҳи Роғун ва худкифоӣ дар таъмини энержӣ, тарҳи фурӯши саҳоми ин нерӯгоҳро иҷро кард.”

Ба гуфтаи Понер, “он замон гузоришҳои зиёде мабнӣ бар ин ки ҳатто шаҳрвандони ин кишварро маҷбур ба хариди саҳом карданд пахш шуд ва мақомоти ин кишвар дар ин муддат тавонистанд фақат 200 милюн дулор ҷазб кунанд. Дар ҳоле ки ҳазинаи сохти нерӯгоҳи Роғун байни 2 то 5 милёрд дулор баровард шудааст.”

Ин коршинос хотирнишон кард: “Ӯзбакистон мухолифи сарсахти сохти ин нерӯгоҳ аст ва сармоягузорони хориҷӣ аз тарси ин ки мумкин аст байни Тошканд ва Душанбе ихтилоф эҷод шавад, дар ин пружа сармоягузорӣ намекунанд.”

Ба гуфтаи Понер, далоили дигаре низ вуҷуд дорад, ки Ӯзбакистон бо сохти ин нерӯгоҳ мухолифат мекунад. Нахуст ин аст, ки Тошканд унвон мекунад, сохти ин садд дар минтақаи зилзилахез дар ҳоли сохт аст ва ин пружа дар оянда барои манотиқи шарқии Ӯзбакистон, ки поиндасти садд қарор доранд, хатарнок мебошад.

Илова бар ин, ба гуфтаи ин коршинос, Ӯзбакистон мӯътақид аст, бо эҷоди ин садд ҷараёни об дар рӯдхонаи Амударё ба таври қобили мулҳиза коҳиш пайдо мекунад ва ин барои кишоварзии Ӯзбакистон ва манотиқи поиндаст таъсири манфӣ дорад.

Ба гуфтаи вай, далели дигари мухолифати Ӯзбакистон бо сохти ин садд, худкифо шудани Душанбе ба энержӣ ва ҳамчунин содироти он ба Афғонистон ва Покистон аст, ки дар ин замина Тошканд, ки дар ҳоли ҳозир содиркунандаи энержӣ ба ин кишварҳост, ба сурати хосс мутазаррир мешавад.

Ин коршинос ёдоварӣ кард: “Аз тарафи дигар, Тоҷикистон таъкид дорад, сохти ин садд барои Ӯзбакистон ҳеч гуна зараре надорад ва вуқӯи зилзила ба ин садд осебе ворид намекунад.”

Ба гуфтаи вай, дар соли гузашта Бонки ҷаҳонӣ гузоришеро дар мавриди натоиҷи бозрасиҳои тарҳи сохти нерӯгоҳи Роғун мунташир кард. Дар ин гузориш оварда шуда, ки хатари ношӣ аз сохти нерӯгоҳи Роғун зиёд нест ва ин мавзӯъро метавон ба осонӣ ҳаллу фасл кард.

Ба эътиқоди ин коршинос, Ӯзбакистон натоиҷи бозрасиҳоро номуносиб бо меъёрҳои байналмилалӣ унвон карда ва таъкид мекунад, сохти нерӯгоҳи Роғун барои минтақа таҳдиди ҷиддӣ маҳсуб мешавад.

Вай идома дод: “Ҳамчунин Ӯзбакистон пешниҳоди Тоҷикистон барои назорат бар наҳваи сохти нерӯгоҳи Роғунро радд кард.”

Сохти нерӯгоҳи обии Роғун дар замони Шӯрави оғоз шудааст, вале пас аз фурӯпошии Шӯравӣ ва истиқлоли Тоҷикистон амалиёти иҷрои ин тарҳ дар соли 1991 ниматамом раҳо шуд. Пештар Рустам Азимов, муовини аввали нахуствазири Ӯзбакистон дар ин замина таъкид карда буд, Тошканд таҳти ҳеч шароите аз сохти нерӯгоҳи Роғун ҳимоят нахоҳад кард.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: