Перейти к содержимому

Омӯзиши фалсафа (20) – Вуҷуб, имкон ва имтиноъ (1)

Вуҷуб, имкон ва имтиноъ (1)

Яке дигар аз масоили муҳимми фалсафа, баҳси вуҷуб, имкон ва имтиноъ аст. Мантиқдонон мегӯянд, агар маҳмулеро ба мазвӯе нисбат диҳем, масалан бигӯем: “А Б аст”, робитаи Б бо А яке аз кайфиятҳои сегонаро хоҳад дошт: ё ин робита робитаи зарурӣ аст, яъне ҳатмӣ ва иҷтинобнопазир ва ғайри қобили тахаллуф аст, ва ба иборати дигар, ақл ибо дорад, ки хилофи онро қабул кунад. Ё баръакс, яъне робита робитаи имтиноъӣ аст, яъне маҳол аст, ки маҳмул оризи мавзӯъ гардад, ва ба иборати дигар, ақл аз қабули худи он ибо дорад. Ва ё ин робита ба гунае аст, ки мешавад мусбат бошад ва мешавад манфӣ бошад, яъне ҳам қобили исбот аст ва ҳам қобили нафй, ва ба иборати дигар, ақл на аз қабули худи он ибо дорад ва на аз қабули хилофаш.

Масалан, агар робитаи адади 4-ро бо “ҷуфт будан” дар назар бигирем ва бигӯем: “Адади 4 ҷуфт аст”, ин робита зарурӣ ва ҳатмӣ аст, ақл аз қабули хилофи он ибо дорад. Ақл мегӯяд, адади 4 ҷуфт аст заруратан, пас он чӣ бар ин робита ҳоким аст, вуҷуб ва зарурат аст.

Вале агар бигӯем: “Адади 5 ҷуфт аст”, робита робитаи имтиноъӣ аст. Яъне адади 5 аз “ҷуфт будан” имтиноъ дорад ва ақли мо ҳам, ки ин маъниро дарк мекунад, аз қабули он ибо дорад, пас робитаи ҳоким миёни адади 5 ва “ҷуфт будан” имтиноъ ва маҳол будан аст.

Аммо агар бигӯем: “Имрӯз ҳаво офтобӣ аст”, робита як робитаи имконӣ аст. Яъне табиати рӯз на иқтизо дорад, ки ҳатман офтобӣ бошад ва на иқтизо дорад, ки ҳатман абрӣ бошад, тибқи табиати рӯз ҳар ду тараф мумкин аст. Дар ин ҷо робита миёни рӯз ва офтобӣ будан, робитаи имконӣ аст.

Пас робита миёни ҳар мазвӯе бо ҳар маҳмуле, ки дар назар бигирем, дар воқеъ аз яке аз ин се кайфият, ки аҳёнан онҳоро ба мулоҳизаи хоссе модда низ меноманд, холӣ нест. Он чӣ мо ин ҷо гуфтем, сухани мантиқдонон буд.

* * *

Фалосифа, ки баҳсашон дар бораи вуҷуд аст, мегӯянд, ҳар маънӣ ва мафҳум-ро, ки дар назар бигирем ва мавзӯъ қарор диҳем ва вуҷуд-ро ба унвони маҳмул ба он нисбат диҳем, аз яке аз се қисм хориҷ нест: ё робитаи вуҷуд бо он мафҳум ва маънӣ, вуҷубӣ аст, яъне заруратан ва вуҷубан он чиз вуҷуд дорад. Мо онро воҷибулвуҷуд меномем.

Баҳси Худо дар фалсафа, таҳти унвони баҳси исботи воҷибулвуҷуд зикр мешавад. Бароҳини фалсафӣ ҳукм мекунад, ки мавҷуде, ки нестӣ бар ӯ маҳол аст ва ҳастӣ барои ӯ зарурӣ аст, вуҷуд дорад.

Ва агар робитаи вуҷуд бо ӯ манфӣ ва имтиноъӣ аст, яъне маҳол аст, ки мавҷуд бошад, балки заруратан ва вуҷубан бояд набошад, он чизро мумтанеъулвуҷуд меномем. Мисли ҷисме, ки дар они воҳид ҳам куравӣ бошад ва ҳам мукаъаб.

Ва аммо агар робитаи вуҷуд бо он маънӣ, робитаи имконӣ аст — яъне он маънӣ зоте аст, ки на аз вуҷуд ибо дорад ва на аз адам — мо он чизро мумкинулвуҷуд меномем. Ҳамаи ашёи олам монанди инсон, ҳайвон, дарахт, об ва ғайра, ки ба ҳукми як силсила иллатҳо падид меоянд ва сипас маъдум мегарданд, мумкинулвуҷуданд.

Идома дорад

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: