Перейти к содержимому

Нахустин рӯзномаи форсизабон дар Қазоқистон мунташир шуд

Рӯзномаи “Овози тоҷик”, нахустин рӯзномаи форсизабон дар Ҷумҳурии Қазоқистон аст, ки аз имрӯз интишори он оғоз шуд.

Ба гузориши хабаргузории Форс, рӯзномаи “Овози тоҷик”, нахустин рӯзнома бо забон ва хатти форсӣ дар Ҷумҳурии Қазоқистон аст, ки аз имрӯз интишори он оғоз гардид.

Ба гуфтаи коршиносони фарҳангӣ, интишори ин рӯзнома навидбахши зинда шудани забон ва хатти форсӣ дар миёни тоҷикон ва дигар форсизабонони муқими Қазоқистон аст.

Ба ақидаи коршиносони умури фарҳангӣ, тарвиҷи забон ва хатти форсӣ дар Қазоқистон, сабаби тақвият ва густариши пайванд ва равобити дуҷониба бо Эрон ва Афғонистон мешавад.

Яке аз далоили аҳаммияти интишори ин рӯзнома, ҳамгаро ва наздик шудани форсизабонон дар ин кишвар ва боло бурдани сатҳи огоҳии онҳо нисбат ба ҳувияти фарҳангӣ ва торихии худашон мебошад.

Қазоқистон дар Осиёи Марказӣ аз шимол бо Русия, аз шарқ бо Чин, дар ҷануби шарқӣ бо Қирғизистон, дар ҷануб бо Ӯзбакистон ва дар ҷануби ғарбӣ бо Туркманистон ҳамсоя аст. Савоҳили шимоли шарқии дарёи Хазар дар хоки ин кишвар қарор дорад, ки аз ин тариқ бо Ҷумҳурии Исломии Эрон низ ҳамсоя аст.

Пас аз инқилоби октябр ва ташкили Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ, Қазоқистон бо унвони Ҷумҳурии сусиёлистии Қазоқистон, ба яке аз ҷумҳуриҳои он табдил шуд ва бо фурӯпошии Шӯравӣ, Қазоқистон ба истиқлол даст ёфт.

Забони қазоқӣ забони мардуми қазоқ ва забони миллии ин кишвар аст ва забони русӣ бо таваҷҷӯҳ ба собиқаи торихӣ ва ҳузури густардаи худ, ҳамчунон ба унвони забони дуввуми расмӣ мавқеият дорад.

Забони форсӣ, забони олмонӣ, забони туркманӣ, теъдоде аз муҳимтарин забонҳое ҳастанд, ки бузургтарин ақаллиятҳои қавмии ин кишвар ба онҳо сухан мегӯянд.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: