Омӯзиши фалсафа

Омӯзиши фалсафа (21) – Баҳси поёнӣ

Вуҷуб, имкон ва имтиноъ (2)

Масъалаи дигар дар бораи вуҷуб ва имкон ин аст, ки ҳар мумкинулвуҷуди зотӣ ба василаи иллаташ воҷибулвуҷуд мешавад, аммо воҷибулвуҷуди ғайрӣ, на зотӣ. Яъне ҳар мумкинулвуҷуд агар маҷмӯи иллатҳо ва шароиташ мавҷуд шавад, ҳатман мавҷуд мешавад ва воҷибулвуҷуди ғайрӣ мегардад. Ва агар мавҷуд нагардад — ҳатто агар яке аз шароит ва яке аз аҷзои иллаташ мафқуд бошад – мумтанеъулвуҷуди ғайрӣ мегардад.

Аз ин рӯ, фалосифа мегӯянд: Ҳар чизе то вуҷудаш ба марҳилаи вуҷуб ва зарурат нарасад, мавҷуд намегардад.

Пас ҳар чизе, ки мавҷуд шуда ва мешавад, ба ҳукми зарурат ва вуҷуб ва дар як низоми қатъӣ ва тахаллуфнопазир мавҷуд мегардад. Пас низоми ҳоким бар ҷаҳон ва ашё, як низоми зарурӣ ва вуҷубӣ ва қатъӣ ва тахаллуфнопазир аст, ва ба истилоҳи фалосифаи имрӯз, низоми ҳоким бар ҷаҳон як низоми ҷабрӣ аст. Албатта ин ҷабр бо ҷабре, ки дар муқобили ихтиёр дар мавриди инсон ба кор бурда мешавад, яке нест. Ин ду набояд бо якдигар иштибоҳ шавад. Зарурӣ будани низоми ҷаҳон, бо ихтиёри инсон мунофот надорад.

Дар баҳси иллат ва маълул гуфта будем, ки асли синхият миёни иллат ва маълул ба фикри мо интизоми хосс мебахшад ва як пайвастагии хоссе миёни аслҳо ва фаръҳо, миёни иаллатҳо ва маълулҳо дар зеҳни мо муҷассам мекунад.

Акнун мегӯем, ин асл — ки ҳар мумкинулвуҷуд аз иллати худ зарурат касб мекунад, ки аз ҷиҳате марбут аст ба иллат ва маълул ва аз ҷиҳате марбут аст ба зарурат ва имкон — ба низоми фикрии мо дар бораи ҷаҳон, ранги хосс медиҳад. Ва он ин ки ин низом як низоми зарурӣ ва ҳатмӣ ва тахаллуфнопазир аст. Фалсафа ин матлабро бо иборати кӯтоҳи асли зарурати иллату маълулӣ баён мекунад.

Агар мо асли иллияти ғоиро дар табиат бипазирем — яъне бипазирем, ки табиат дар сайру ҳаракати худ ғоятҳоеро ҷустуҷӯ мекунад ва ҳамаи ғоятҳо ҳам ба як ғояти аслӣ, ки ғояти ғоятҳост мунтаҳӣ мегардад — боз низоми ҳоким бар ҷаҳон ранги тозаи дигаре пайдо мекунад. Мо дар ин ҷо вориди баҳси ғоятҳо, ки фавқулода ҷолиб ва муҳим аст, намешавем ва ба дарсҳои тахассусии фалсафа вогузор мекунем.

Баҳси мо дар бораи куллиёти фалсафа дар ин ҷо ба поён мерасад. Аммо тасмим дорам, баҳсҳои тахассусии фалсафаро низ матраҳ кунам. Барои ин манзур, қасд дорам китоби “Фалсафа ва равиши реализм”, таълифи Аллома Таботабоӣ бо шарҳи Устод Мутаҳҳариро аз оғоз то ба поён биёварам; китобе, ки ба назарам, беҳтарин китоб дар заминаи фанни фалсафа дар қарни 20-ум ба шумор меравад. Дар ин китоб, хонанда илова бар ин ки бо фалсафаи исломӣ ошно мешавад, бо фалсафаи ғарб ҳам ба хубӣ ошно хоҳад шуд. Иншоаллоҳ яке ду рӯзи дигар, агар умре боқӣ буд, ин баҳсҳоро хоҳам овард.

Поёни баҳсҳо

Саломат бошед

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.