Бишнав аз най...

Шарҳи Маснавӣ (52) — Қиссаи дидани халифа Лайлиро (1)

Достони он подшоҳи ҷуҳуд, ки насрониён мекушт аз баҳри таассуб (12)

* * *

Қиссаи дидани халифа Лайлиро (1)

* * *

Мавлоно дар васати “Достони он подшоҳи ҷуҳуд…”, ёде аз қиссаи Лайлӣ ва Маҷнун кардааст, чунон ки одати Мавлоно дар бештари ҳикоятҳои Маснавӣ ҳамин будааст. Ва он ин ки халифа ба Лайлӣ гуфт: тӯӣ он Лайлӣ, ки Маҷнун девонаи туст? Ту, ки аз дигар маҳрӯён ва зеборухсорон зеботар нестӣ! Лайлӣ посух медиҳад: сухан кӯтоҳ кун, ки ту Маҷнун нестӣ, то битавонӣ дар ин бора қазоват кунӣ.

Мавлоно бо ин тамсил, мехоҳад ин матлабро табйин бикунад, ки ҳақиқати навъияи авлиёуллоҳро ҳар касе наметавонад мушоҳида кунад. Ва зимнан, ин нуктаро ҳам мехоҳад ифода бикунад, ки ҳарчанд ҳақиқат зоҳир аст ва бо мост, вале ҳар кас аз як зовияи хоссе ба он нигоҳ мекунад, ва ба ҳамин ҷиҳат, шинохти одамиён аз ҳақиқат, нисбӣ аст. Масалан, бо он ки одамиён — аз ҳар тоифа ва қавме – толиби ҷамоланд, аммо бисёр иттифоқ меафтад, ки маворид ва мазоҳири ҷамол дар назди онон, мухталиф аст.

Яке масту шефтаи нағмае аст ва он дигарӣ аз шунидани он нағма дучори хастагӣ ва малол мешавад. Ё касе ба фарде иштиёқ нишон медиҳад ва дигарӣ аз ҳамон шахс нафрат ва инзиҷор изҳор мекунад.

Нуктаи дигаре, ки аз ин тамсил истифода мешавад ин аст, ки одамӣ бояд ба шинохти орифона даст ёзад, то битавонад ҳақиқати ҳастиро он чунон ки ҳаст мушоҳида кунад ва фиреби зоҳирро нахӯрад. Никелсун мегӯяд: “Маҷнун, ки бар асари ишқ басират ёфт, дар Лайлӣ бозтобе аз ҷамоли илоҳиро мушоҳида кард, ҳол он ки Лайлӣ ба чашми дигарон ҳамон гуна ки Саъдӣ мегӯяд: “Сияҳфоми борикандом намудор шуд.” (Шарҳи Маснавии Маънавии Мавлавӣ, ҷ.1, с.83)

Гуфт Лайлиро халифа, к-он туӣ,

К-аз ту Маҷнун шуд парешону ғавӣ?

Халифа ба Лайлӣ гуфт: он Лайлӣ ту ҳастӣ, ки аз ишқи ту Маҷнун парешон ва саргардон шудааст?

Ғавӣ: гумроҳ ва саргашта.

Аз дигар хубон ту афзун нестӣ

Гуфт: хомӯш, чун ту Маҷнун нестӣ.

Ту эй Лайлӣ, аз зеборӯёни дигар, ки зеботар нестӣ. Лайлӣ посух дод: хомӯш бош, ки ту ошиқ ва маҷнуни ман нестӣ, то ҷамоли ман ва мақоми Маҷнунро дарёбӣ.

Ҳар кӣ бедор аст, ӯ дархобтар,

Ҳаст бедориш аз хобаш батар.

Ҳар кас ки дар умури дунявӣ ва нафсонӣ бедор аст, ӯ хобтар ва ғофилтар аст, ва бедории чунин шахсе аз хоб буданаш бадтар аст.

Нукта: Мурод аз ин бедорӣ, ки мавриди накӯҳиши Мавлоност, бедории мусбат нест, балки бедорӣ ва ҳушёрӣ дар умури пасти дунявӣ ва нафсонӣ аст, ки чунин умуре дар назди орифон, аз синхи авҳом ва хаёлот аст. Албатта на ба ин маъно, ки орифон мухолифи кору касбу фаъолият бошанд, ҳаргиз, балки муродашон аз умури дунявӣ, ҳирси девонавор дар ҷиҳати макосиби дунявӣ аст; ба наҳве ки ҳамаи арзишҳои ахлоқӣ ва инсонӣ қурбонии манофеи шахсӣ гардад. Мавлоно худ шогирдон ва муридонашро ба кору касб ташвиқ мекард ва аз танбалӣ ва бекорӣ парҳез медод.

Чун ба Ҳақ бедор набвад ҷони мо,

Ҳаст бедорӣ чу дарбандони мо.

Агар ҷони мо дар бедории худ муттакӣ ба Ҳақ Таъоло набошад ва танҳо ба бедории ҳиссӣ иктифо кунад, ин бедорӣ барои мо ба манзилаи ҳабс ва зиндон аст. Ва бо чунин бедорӣ ба сарманзили ҳақиқат восил натавонем шуд. (Пас, бедорӣ дар умури нафсонӣ ва шаҳавонӣ, ҳамон хоби ғафлат аст, ки барои дунёпарастон чира омадааст.)

Дарбандон: амали бастани дар, дар муҳосира мондан. Маҷозан баста шудани роҳи вусул ба Ҳақ.

Ҷон ҳама рӯз аз лагадкӯби хаёл

В-аз зиёну суд в-аз хавфи завол.

Зеро ҷони одамӣ ба сабаби иштиғол ба умури нафсонӣ ва дунявӣ, ки хаёли маҳз аст ва низ ба хотири андешидан дар суду зиёнҳои косибкорона ва тарс аз заволи неъматҳои моддӣ, ҳамвора аз сафои ботини худ бозмемонад.

Лагадкӯб: исми масдар аст ба маънои лагадкӯбӣ, маҷозан ранҷу офат.

Не сафо мемонадаш не лутфу фар,

Не ба сӯйи осмон роҳи сафар.

Дар натиҷаи сайтараи хаёл, сафо ва латофати ҷон аз миён меравад ва роҳи вусул ба олами боло ба рӯяш баста мешавад, зеро ки болу пари ин тоири аршӣ ба гилу лойи шаҳавот ва ағрози палид оғушта шудааст.

Хуфта он бошад, ки ӯ аз ҳар хаёл

Дорад уммеду кунад бо ӯ мақол.

Дар ҳақиқат, хуфта он касе аст, ки ба ҳар хаёли бе асос умед бандад ва ба қадре ба он дил хуш дорад, ки бо он гуфтугӯ ва мусоҳибат кунад.

Мақол: гуфтор, гуфтугӯ.

Нукта: Он ки ба умури мубтазали дунявӣ саргарм мешавад, хуфтаи ҳақиқӣ аст. Чунин касе умри гаронбаҳои худро беҳуда бар бод медиҳад ва ба дунболи таҳаққуқи хаёлоти ёваи худ ба табу тоб меафтад.

Идома дорад

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.