Перейти к содержимому

Пахши тизери филми “Муҳаммад Расулуллоҳ (с)”

Ҳамзамон бо пахши тизер (огаҳии кӯтоҳи таблиғотӣ)-и филми “Муҳаммад Расулуллоҳ (с)” дар расонаҳои Эрон, Маҷиди Маҷидӣ, коргардони ин филми арзишманд гуфт: “Мо бояд дар расонаҳои исломӣ дар баробари қироати зишт ва ғалате, ки душманон аз дини мубини ислом ироа медиҳанд, қироати саҳеҳ аз исломро ба хубӣ ироа диҳем.”

Ба гузориши хабаргузории Форс, Маҷиди Маҷидӣ дар ҳошияи баргузории иҷлоси Иттиҳодияи байналмилалии радио ва телевизиюнҳои исломӣ афзуд: “Агар имрӯз тамомии расонаҳои исломӣ ва ҳунармандони мусалмон битавонанд вазифа ва рисолати худ дар баробари дифоъ аз исломро ба хубӣ ифо кунанд, шоҳиди шароити беҳтаре дар ҷаҳони ислом хоҳем буд.”

Коргардони филми “Муҳаммад Раслуллоҳ (с)” ёдовар шуд: “Имрӯз душманон алайҳи мактаби волои ислом ҳаҷмаи густардаеро дунбол мекунанд ва дар чунин шароите зарурӣ аст, ки расонаҳои кишварҳои исломӣ вуруди ҷиддитаре ба ин арса дошта бошанд ва бо ин ҳаҷма ба муқобила бархоста ва чеҳраи раҳмонии исломро ба дунё арза кунанд.”

Достони филми “Муҳаммад Расулуллоҳ (с)”, сохтаи Маҷиди Маҷидӣ, аз муҳосираи мусалмонон дар Шиъби Абитолиб оғоз мешавад ва ба пеш аз таваллуди Паёмбари Ислом (с) бозмегардад. Дар ин филм мухотаб шоҳиди воқеаҳое аст, ки пеш аз таваллуди Паёмбари Ислом (с) то 12 солагии эшонро дарбар мегирад. Саҳнаҳои вафоти модари Расули Акрам (с) дар рустои Абвоъ ва саҳнаҳои марбут ба даврони ширхорагӣ ва хурдсолии Паёмбар (с) дар рустои Саъдия ҳам, аз дигар бахшҳои филм аст.

Филм бо аввалин сафари Паёмбар (с) ба Шом ва расидан ба савмаъаи Буҳайро ба поён мерасад. Буҳайро роҳибе масеҳӣ аст, ки дар бораи зуҳури охирин паёмбар ба Абӯтолиб башорат медиҳад.

Ҳамон тавр ки Маҷиди Маҷидӣ борҳо ишора кардааст, ин филм дар пайи ироаи тасвире воқеӣ аз Паёмбари Ислом (с) аст. Он чӣ дар ин асари синамоӣ муқобили дидагони мухотабон қарор мегирад, ҳузури пурмеҳр ва саршор аз баракати Паёмбар (с) аст, ки ҳарҷо, ки ҳузур меёфтанд, мардумро ба меҳру дӯстӣ фаро мехонданд. Дар филм нишон дода мешавад, ки ҳазрати Муҳаммад (с) аз ҳамон кӯдакӣ ва навҷавонӣ сарманшаъи меҳру дӯстӣ будаанд.

Достони филм ба гунае тарроҳӣ ва иҷро шудааст, ки ин имкон фароҳам аст, то қисматҳои баъдии он низ сохта шавад ва албатта Маҷидӣ низ ба ин нукта ишора доштааст, ки қасди сохти қисматҳои дуввум ва севвуми онро дорад ва ба гунае метавон онро сегонае аз зиндагии ҳазрати Муҳаммад (с) донист.

Серж Лузик (Serge Losique), раиси Ҷашнвораи ҷаҳонии филми Мунтреоли Конодо, ки ин филм меҳмони ин ҷашнвора буд, гуфта: “Филмҳои зиёде дар бораи чеҳраҳои таъсиргузори адёни бузурги ҷаҳон монанди Исо (а), Мӯсо (а) ва Будо сохта шудааст, аммо ин дуввумин сохтаи ҳамосӣ дар бораи бунёнгузори Ислом аст.

Дар ин филм, илова бар авомил ва бозигарони эронӣ ҳамчунин чеҳраҳое чун Виторио Стораро (Vittorio Storaro), Роберто Перпинони (Roberto Perpignani), Скот Андерсон (Scott E. Anderson), Ҷианетто Де Росси (Gianetto De Rossi) ва А. Р. Раҳмон ҳузур доштаанд.

Алиризо Шуҷоънурӣ дар нақши Абдулмутталиб, падарбузурги Паёмбари Акрам (с), Маҳдии Покдил дар нақши Абӯтолиб, амуи Паёмбар (с), Сора Баёт дар нақши Ҳалима, дояи Паёмбар (с), Мино Содотӣ дар нақши ҳазрати Омина, модари Паёмбар (с), Мӯҳсини Танобанда дар нақши Сомуел, тоҷири яҳудӣ, Дориюши Фарҳанг дар нақши Абӯсуфён, Раъно Озодивар дар нақши Умми Ҷамил, ҳамсари Абӯлаҳаб, Ҳамидризо Тоҷдавлат дар нақши ҳазрати Ҳамза, амуи Паёмбар (с), Содиқи Ҳотифӣ дар нақши Буҳайро, роҳиби масеҳӣ, Муҳаммади Асгарӣ дар нақши Абӯлаҳаб, амуи Паёмбар (с) ва ҳудуди 500 бозигар ва ҳунарвар дар ин филм ифои нақш кардаанд.

Тизери филми “Муҳаммад Расулуллоҳ (с):

Қисматҳое аз ин филм:

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: