Фирқагаройӣ (1)

Силсилабаҳсҳои ислоҳи динӣ (1)

Аз ҳудуди як сол пеш, силсилабаҳсҳоеро таҳти унвони “Ислоҳи динӣ” шурӯъ карда ва чанд баҳсе аз онро дар сафҳаам дар Фейсбук гузошта будам, инак, ба назарам расид, ки он баҳсҳоро аз нав дар ҳаминҷо бикорам ва идомаашон ҳам бидиҳам.

Инак, баҳси аввал:

Фирқагаройӣ (1)

Ин баҳс ба фикрам хеле баҳси муҳим аст, ки дар борааш сӯҳбат бишавад. Имрӯза яке аз мушкилоти ҷаҳони ислом ин аст, ки мусалмонон, беш аз он ки пайрави ислом бошанд, пайрави фирқа ва мазҳаб ҳастанд. Исломгаро нестанд, балки фирқагаро ҳастанд. Исломро ҳамон медонанд, ки фирқа ва мазҳаби эшон нишон медиҳад ва бақияи мазоҳибро гумроҳ ва ҳатто берун аз доираи ислом мепиндоранд; гӯӣ ин ки мутаваҷҷеҳ нестанд, ки як фирқа ва як мазҳаб, ин як бардошт ва як тафсир аз ислом аст.

Албатта, ман гуфтанӣ нестам, ки ислом ғайр аз ин мазҳабҳост. Ҳаргиз! Суханам ин нест. Зеро мо имрӯз исломе минҳои мазоҳиб надорем. Ислом ҳамон аст, ки дар ин мазҳабҳо намуд пайдо карда ва дар ҳамин мазҳабҳо табалвур ёфта.

Аз ин рӯ, вақте мегӯям, мусалмонон беш аз ин ки исломгаро бошанд фирқагаро ҳастанд, манзурам ин нест, ки инҳо исломро раҳо карданд ва ба дунболи мазҳаб рафтанд. Муродам ин нест. Ҳар мусалмоне (модоме ки худаш соҳибназар нест) бояд пайрави мазҳаби хоссе бошад. Дар ин тардиде нест.

Аммо иштибоҳ ин ҷост, ки ҳар яке фикр мекунад, он чӣ ӯ дорад, воқеияти ислом ҳамон аст ва аммо дигарон ба назари вай, медонанд, ки ботил ҳастанд ва ҳақ пеши вай аст, вале рафтанд дунболи роҳҳои дигар… Иштибоҳи мо ҳамин ҷост.

Дар ҳоле ки он чӣ ту дорӣ, ин як бардошт ва як тафсир аз ислом аст, чунон ки ҳамаи “исломҳое” ғайр аз исломи ту ҳам, як бардошт ва як тафсир аз ислом аст. Вақте ин масъала барои ҳар як аз мо рӯшан мешавад, хеле аз ҷору ҷанҷолҳо ва даъвоҳо аз миён хоҳад рафт.

Пас, мо имрӯза як “ислом” надорем, балки “исломҳо” дорем. Ба сухани дигар, исломе, ки ту ба унвони пайрави як мазҳаби хосс, исломаш медонӣ, ин як бардошт ва тафсир аз ислом аст, ва исломе, ки пайрави он мазҳабе дигар ислом медонад, он ҳам як бардошт ва як тафсир аз ислом аст. Ҳоло каме возеҳтар ва бо овардани мисол матлабро баён хоҳам кард. (Албатта инро ҳам арз кунам, ки манзурам аз мазҳаб ва фирқа дар ин навиштор, бештар мазҳаби эътиқодӣ аст, то мазҳаби фиқҳӣ. Дар мавриди мазоҳиби фиқҳӣ, фаҳми матлаб андаке осонтар аст).

Мо дар ислом, дар мавриди эътиқодоти исломӣ, чанд мазҳаб ва фирқа дорем: ашоъира, мотуридия, мӯътазила, аҳли ҳадис (ки ҳам як мазҳаби фиқҳӣ аст ва ҳам як мазҳаби эътиқодӣ), зоҳирия, ибозия, ҷаъфариҳо ва ғайра… Хуб, пайравони ҳар як аз ин мазоҳиб ақоиди худро дуруст ва саҳеҳ ва исломро ҳамон медонанд, ки дар мазҳабашон табалвур пайдо кардааст. Дар ҳоле ки он чӣ ӯ онро ислом медонад, ин тафсир ва бардошти соҳиби мазҳаб аст.

Масалан, ақоиди мотуридия (ки дар Осиёи Миёна бештари мусалмонон пайрави ҳамин мактаби эътиқодӣ ҳастанд), исломашон исломе аст, ки Имом Абӯмансури Мотуридӣ аз Қуръон ва суннати Паёмбар (с) истинбот ва истихроҷ кардааст (ва дигар уламо ҳам албатта ба тафсир ва тавзеҳи ақоиди ӯ камар бастаанд мисли Имом Насафӣ ва Аллома Тафтозонӣ ва ғайра). Ва ё ақоиди аҳли ҳадис, исломашон исломе аст, ки Имом Аҳмади Ҳанбал ва уламои ҳанбалӣ аз Қуръон ва суннат истинбот ва истихроҷ кардаанд. Ва ҳамчунин ақоиди ашоъира, исломашон исломе аст, ки Имом Абулҳасани Ашъарӣ аз Қуръон ва суннати Паёмбар (с) истинбот карда… ва ба ҳамин сурат дигар мазоҳиб ва фирқаҳо…

Ҳақиқат он аст, ки ҳамаи ин бузургон, дар истинботи масоили эътиқодӣ аз Қуръон ва суннат, ниҳояти талош ва кӯшиши худро ба харҷ додаанд. Яъне, талоши ҳамаи онҳо ин буда, ки тобеъ ва пойбанди Қуръон ва суннат бошанд ва аз он пояшонро фаротар нагузоранд.

Бинобар ин, ҳеч кас гуфта наметавонад, ки инҳо ва пайравонашон тобеъ ва пайрави Қуръон ва суннат нестанд ва балки ин танҳо мо ҳастем, ки тобеъ ва пайрави Қуръон ва суннатем… Ин пиндор пиндори дурусте нест. Ҳама пайрави Қуръон ва суннат буданд ва ҳастанд.

Ҳоло ки чунин аст, пас чаро бо ҳам дар порае аз масоили эътиқодӣ ихтилоф доштанд?

Посух ин аст, ки ихтилофи онҳо дар ин нест, ки яке тобеъ ва пайрави Қуръон ва суннат буда ва яке дигар набудааст (зеро ҳамаашон тобеъ ва пайрави Қуръон ва суннат буданд), балки ихтилоф, дар фаҳми онҳо аз Қуръон ва суннат будааст.

Ихтилофи фаҳм ва бардошт аз як матн барои ду нафар донишманд, ин як масъалаи комилан табиӣ аст, ки бояд мутаваҷҷеҳи он бошем. Тамоми ихтилофҳо маншааш ҳамин ҷост, яъне дар ихтилофи фаҳмҳо ва бардоштҳо.

Бинобар ин, мо мусалмонон бояд ихтилофро як амри оддӣ талаққӣ кунем. Бале, ту ҳақ дорӣ исломи худро ҳақ бидонӣ вақте далелҳое, ки соҳиби мактаб ва мазҳабат барои гуфтаҳояш барпо кардааст, туро қонеъ сохта бошанд. Ин ҳақро комилан дорӣ. Аммо ҳақ надорӣ, дигаронро ва ғайри худат аз мусалмононро (ки тобеъи мазҳабе дигар ҳастанд) хориҷ ва берун аз ислом бипиндорӣ. Зеро, исломе, ки ӯ дорад, он ҳам як тафсир ва як бардошт аз ислом аст, чунон ки исломи ту ҳам як тафсир ва як бардошт аз ислом будааст. Шояд ақоиди ӯ ба назари ту, ноҳақ намоянд (ва далел ҳам барои ин дар даст дошта бошӣ), вале ҳаргиз ӯро беруншуда аз ислом мапиндор.

Ва ҳамеша мадди назарамон бошад, ки Паёмбари ислом (с) ихтилофи иҷтиҳодҳо ва тафсирҳо аз исломро пазируфтаанд (албатта модоме ки он иҷтиҳодҳо меъёрманд бошад) ва ҳамаи онҳоро мусалмон донистаанд, гарчӣ дар воқеъ чи басо яке барҳақ ва дигаре носаҳеҳ бошад. Инки фармудаанд: “Агар муҷтаҳид иҷтиҳод кунад ва иҷтиҳодаш дуруст аз об дарояд, ду подош хоҳад дошт ва агар иҷтиҳодаш нодуруст ва мутобиқ бо воқеъ набошад, як подош ва аҷр насибаш хоҳад шуд”, ин гуфтор фақат дар заминаи иҷтиҳод дар фиқҳ нест, балки иҷтиҳод дар маҷоли эътиқодотро ҳам шомил мешавад, чунон ки Имом Ғаззолӣ (р) дар рисолаи “Файсалут тафриқа”-и худ тасреҳ мекунад.

Ин гуфтор, ки мавриди қабули ҳамаи уламо ва донишмандони исломӣ аз ҳар мазҳабу маслаке мебошад, чӣ мехоҳад бигӯяд? Оё ғайр аз ин ки ихтилофи бардоштҳо ва фаҳмҳои муҷтаҳидҳо қобили қабул ҳастанд, ҳатто он ҷо ки муҷтаҳид дар иҷтиҳодаш хато карда бошад?

Пас, агар ба ин масъала андаке амиқтар таваҷҷӯҳ бикунем, мефаҳмем, ки ҷанҷолҳо ва даъвоҳои мазҳабӣ чӣ қадр бемаънӣ ва номаъқул ҷилва хоҳанд кард!

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Идома дорад

Реклама


Рубрики:Ваҳдати исломӣ, Ислом, Ислоҳи динӣ, Нақду назар

Метки: , , , , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: