Нақду назар

Лоббигарӣ; равиши тозаи худкомаҳо барои бақо дар арш

Яке аз роҳҳои эъмоли фишор бар ҳукуматҳои худкома ва диктотур дар ҷаҳон дар қарни 20-уми милодӣ ин буд, ки мухолифони саркӯбшуда ва бечораи ин ҳукуматҳо, бо навиштани мақолот дар рӯзномаҳои ғарбӣ ва ифшогарӣ дар бораи вазъи нобасомони кишварҳояшон ва ё бо барқарории иртибот бо сиёсатмадорон ва намояндаҳои порлумонҳои ғарбӣ, замири онҳоро бедор ва таваҷҷӯҳи ононро нисбат ба бебандубориҳои ҳокимон ва бадбахтиҳои мардумонашон ҷалб мекарданд. Ва ҳамин талошҳо сабаб мешуд, то ин сиёсатмадорон ва намояндагони порлумонҳои ғарбӣ ҳукуматҳои худро водор ба мавзеъгирӣ алайҳи диктотурҳо ва худкомаҳо дар ҷаҳон бикунанд. Аммо имрӯза ва дар қарни 21, зоҳиран вазъият тағйир карда ва ҳуккоми диктотур ба ҷойи мухолифони саркӯбшуда ва бадбахт нишастаанд. Эҷоди лоббӣ дар доираҳои сиёсӣ ва расонаии Ғарб, имрӯза ба яке аз равишҳои роиҷ ва мутадовали диктотурҳо ва худкомаҳо табдил ёфта.

Иҷоза бидиҳед, ибтидо вожаи лоббӣ ва лоббигариро таъриф бикунам. Лоббӣ дар луғат ба “толори вурудии меҳмонхона” гуфта мешавад ва дар истилоҳи сиёсӣ аммо, ба гурӯҳ ва ё ҷараёне гуфта мешавад, ки талош мекунад, бар ҳайъати ҳокимаи як кишвари таъсиргузор, дар ҷиҳати манофеи худ асар гузорад. Лоббигарӣ дар Иёлоти Муттаҳидаи Омрико беш аз ҳар ҷои дигаре ривоҷ дорад. Лоббигарон маҷмӯае аз гурӯҳҳои расмӣ ва ғайри расмие ҳастанд, ки бо дарёфти ҳимоятҳои молӣ аз сӯйи бархе давлатҳо, мекӯшанд, то сиёсатҳои Кохи Сафед ва Кунграи Омрикоро ба самте ҳидоят кунанд, ки манофеи он давлатҳоро таъмин намоянд. Албатта дар кишварҳои урупоӣ низ лоббигарӣ вуҷуд дорад, аммо на ба он шиддат ва ҳиддате, ки дар Омрико дида мешавад.

Эҷоди лоббӣ дар кишварҳои ғарбӣ ва таъсиргузор, бештар тавассути худкомаҳо ва диктотурҳои кишварҳои ҳошияи Халиҷи Форс сурат мегирад ва албатта ин охирҳо ҳокимони кишварҳои Осиёи Миёна ва Озарбойҷон низ рӯй ба ихтиёри ин равиш овардаанд. Андешкадаи “Бунёди Омрикои навин” (New America Foundation) тайи мақолае бо унвони “Фаротар аз лоббигарӣ; сохтани сиёсати Омрико дар қиболи Озарбойҷон”, бо ишора ба талошҳои махфиёнаи мақомоти ин кишвар дар ҷиҳати лоббигарӣ дар Омрико, навиштааст: “Ин талошҳо барои он будааст, ки то бад-ин тариқ масири таваҷҷӯҳот аз корномаи таассуфбори ҳуқуқи башар дар ин кишвар мунҳариф гардад.” Бар асоси ин мақола, “ин талошҳо шомили сафари лоббигарҳои сатҳи боло ва бархе аз аъзои Кунгра ва қонунгузорони давлатии Омрико ва дарёфти пулҳои ҳангуфт аз раисиҷумҳури Озарбойҷон будааст.”

Ин мақола меафзояд: “Мақолоте, ки дар расонаҳо бо ташвиқи лоббигарҳо дар бораи ин сафарҳо ба Озарбойҷон ва Боку пойтахти он навишта мешаванд, ағлаб ҷаззоб ва қонеъкунанда ҳастанд. Дар ин мақолот, Ҷумҳурии Озарбойҷон ба гунае ба тасвир кашида мешавад, ки гӯӣ рӯзноманигорон дар ин кишвар дастгир намешаванд ва озодии баён маҳдуд нест ва дар интихобот тақаллуб сурат намегирад ва фасоди идорӣ низ дар ин кишвар аслан маъдум аст. Дар ҳоле ки ҳақиқат дар ин кишвар, комилан баръакси инҳост.”

Ва ҳамчунин дар мақолае дар сойти Deutsche Welle-и Олмон дар торихи 25.01.2010 таҳти унвони “Ширкатҳои хориҷӣ диктотур месозанд” омадааст: “Ширкатҳои машҳури олмонӣ аз қабили Siemens, Mercedes-Benz ва даҳҳо ширкатҳои омрикоӣ, фаронсавӣ ва туркияӣ, барои инъиқоди қарордодҳои судовар, маҷбур шуданд китоби Сафармурод Ниёзовро ба забонҳои мухталиф тарҷума кунанд. Мухолифони давлати Туркманистон мегӯянд, ин ширкатҳо ба ҷойи тавсиъаи арзишҳои ғарбӣ, бо худкомагӣ, ришвахорӣ ва тамҷидҳои дурӯғин диктотур сохтанд.”

Ба навиштаи Deutsche Welle, “бар асоси гузориши солонаи “Созмони ҷаҳонии мубориза бо фасод”, Туркманистон дар замони ҳаёти Ниёзов, дар фасоди молӣ ва давлатӣ дуввумин кишвари дунё ба ҳисоб меомад. Холмурод Суинов, намояндаи собиқи порлумони Туркманистон, ширкатҳои ғарбиро муттаҳам мекунад, ки барои саркӯби мухолифин, дастгоҳи шунуд дар ихтиёри давлати Туркманистон қарор додаанд ва бо ин иқдом, сиёсатҳои саркӯбгаронаи Ниёзовро дар дохили кишвар таъйид ва ҳимоят карданд.”

Ва ё дар мақолае дар сойти Iran.ru дар торихи 08.05.2015 ба қалами Владимир Алексеев таҳти унвони “Арабистони Саудӣ ва Қатар чӣ гуна барои пешбурди манофеи худ дар Ғарб лоббигарӣ мекунанд?”, дар баёни тафовути лоббигарии исроилиҳо (ки бештар аз тариқи яҳудиёни муқими Омрико ва ё Урупо сурат мепазирад) бо лоббигарии ҳукком ва диктотурҳои кишварҳои ҳошияи халиҷи Форс, менависад: “Яке аз тафовутҳои қобили таваҷҷӯҳи лоббигарии исроилиҳо бо лоббии Арабистони Саудӣ ва кишварҳои дигари ҳошияи халиҷи Форс ин аст, ки арабҳо на аз тариқи ҷамъиятҳои қавмии худ дар Иёлоти Муттаҳида, Ангилис ва Фаронса, балки ба таври мустақим иқдом мекунанд. Давлатҳои арабӣ саъй мекунанд, дидгоҳ ва назари худро аз тариқи сафоратхонаҳои худ дар пойтахтҳои ғарбӣ ва сафоратхонаҳои ғарбӣ дар кишварҳои худ, аз роҳи муошират бо сиёсатмадорони омрикоӣ ва урупоӣ, қонунгузорон, тоҷирони бузург, диплумотҳо, маъмурони иттилоотӣ ва женеролҳо ба мақомоти давлатӣ бирасонанд. Вале дар Иёлоти Муттаҳида илова бар истифода аз конолҳои сиёсӣ, низомӣ, иттилоотӣ ва диплумотик, аз хадамоти ширкатҳои бонуфуз баҳра мегиранд.”

Ин нависанда дар идома меафзояд: “Лоббии саудӣ дар ҷиҳати эъмоли нуфуз дар созмонҳои мухталифи ҳуқуқи башар, аз хадамоти ширкати бонуфузи равобити умумии Podesta Group истифода мекунад. Ба гузориши созмони Lobbying Datebase, Арабистони Саудӣ ҳар сол бобати лоббии ақидатӣ беш аз 100 милюн дулор харҷ мекунад.”

Нависанда дар поёни мақолаи худ менависад: “Дар маҷмӯъ равшан аст, ки ҳокимони худкома ва диктотур муддатҳост, ки мутаваҷҷеҳ шудаанд, дар Ғарб ҳама чиз ба василаи пул таъйин мешавад. Онҳо бар ҳамин асос аз ҳеч пуле барои пешбурди манофеи худ дареғ намеварзанд. Онҳо бо пардохти ришва ва ҳадияҳо, саъй мекунанд, дар Ғарб чеҳраи мусбате барои худ эҷод кунанд, агарчӣ шахсиятҳо ва намояндаҳои порлумон, ки аз худкомаҳо пул мегиранд, нек мефаҳманд, бо чӣ касе сару кор доранд.”

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.