Сиёсат

Ду Чини мутафовит

Мақолае аз Ричорд Ҳос (RICHARD N. HAASS) дар Project Syndicate

Барои афроде, ки синнашон беш аз 60 сол аст, истилоҳи “ду Чини мутафовит”, ёдовари ҷидоли шаклгирифта пас аз соли 1949 миёни сарзамини аслии Чин (Чини сурх) ва Тойвон бар сари ба расмият шинохта шудан (тавассути ҷомеаи байналмилал) аст. Бо расидан ба аввалҳои даҳаи 1970, тақрибан ҳамаи кишварҳо дархости Ҷумҳурии халқи Чинро пазируфтанд ва ҳукумати онро ба унвони вориси машрӯъи подшоҳии собиқи Чин шинохтанд. Сарзамини аслии Чин аз назари иқтисодӣ ва роҳбурдӣ, бузургтар ва муҳимтар аз он буд, ки мунзавӣ шавад.

Баҳси “ду Чини мутафовит” имрӯз аммо самту сӯйи дигаре гирифтааст. Ҳоло вақте аз ду Чини мухталиф ҳарф мезанем, манзурамон ин аст, ки оё Чин як кишвари қудратманд бо ояндае бисёр умедворкунанда аст, ё кишваре аст, ки мушкилоти сохтории ҷиддӣ дорад ва чашмандози он дар дарозмуддат возеҳ нест? Ба баёни дигар, мешавад Чинро ба ду шакли комилан мутафовит дид. Аммо кадом тасвир ғолиб хоҳад шуд?

То солҳои ахир, пурсидани чунин суоле чандон лозим набуд. Барои се даҳа, иқтисоди Чин бо суръати шигифтангез даҳ дарсад ё бештар, дар ҳоли рушд буд. Чин ҷойгоҳи Жопунро ба унвони дуввумин иқтисоди бузурги ҷаҳон азони худ карда буд. Садҳо милюн шаҳрванди Чин ба табақаи мутавассит пайваста буданд. Улгуи ҳукуматдории Чин — яъне иқтидоргаройии коромад — барои бисёре аз кишварҳои дар ҳоли тавсиъа, ҷаззоб ба назар меомад; ба хусус баъд аз бӯҳрони иқтисоди ҷаҳонӣ дар соли 2008, ки аз Омрико шурӯъ шуд ва эътибори сармоядории либероли ин кишварро коҳиш дод.

Аммо акнун пурсиш аз ояндаи Чин табдил ба суоле иҷтинобнопазир шудааст. Омори расмӣ ҳокӣ аз он аст, ки нархи рушди иқтисодӣ ба 7 дарсад коҳиш ёфтааст, аммо ба эътиқоди бисёре, рақами воқеӣ 5 дарсад аст. Бо ин ки коҳиши шитоби рушди иқтисоди Чин набояд аҷиб бошад, зеро тамоми кишварҳои дар ҳоли тавсиъа чунин таҷрибаеро дар ҳангоми такомул ва пухтагӣ аз сар мегузаронанд, аммо бо ин ҳол, суръат ва шиддати ин тағйирот мақомоти кишвари Чинро ғофилгир карда ва ин ҳаросро дар миёни онҳо эҷод кардааст, ки мабодо нархи рушд камтар аз ҳадди лозим барои пеш бурдани барномаҳои мудернсозии кишвар бошад!

Аз дахолати ҷиддии ҳукумат дар бозори бурс, метавон мутаваҷҷеҳи ҳассосияташ ба коҳиши беш аз ҳадди рушди иқтисод шуд. Иқдоми давлат дар моҳи июл бо коҳиши таъаҷҷубовари арзиши воҳиди пули расмии ин кишвар ҳамроҳ шуд, ки нишон медиҳад, рушди иқтисодии мубтанӣ бар содирот, он қадрҳо, ки умед мерафт, таъсиргузор набудааст.

Дар ҳамин ҳол, корзори зидди фасоди Ши Ҷинпинг, раисиҷумҳури Чин, ба ҷойи он ки талоше барои ислоҳи ҳукумати Чин ва таъмини манофеи иқтисод ва ҷомеаи ин кишвар ба назар биёяд, беш аз пеш ба истротежии таҳкими қудрат шабеҳ мешавад. Фасод дар Чин фарогир аст ва корзори раисиҷумҳури ин кишвар аз маҳбубияти зиёде бархӯрдор аст. Аммо мавҷи муҷозотҳое, ки Ши Ҷинпинг роҳ андохтааст, боиси тазалзули қудрати тасмимгирии мақомоти Чин шудааст. Онҳо метарсанд, ки дар оянда ба хотири тасмимоти худ бо муҷозоти кайфарӣ рӯ ба рӯ шаванд.

Дар натиҷаи ин таҳаввулот, ин рӯзҳо дигар камтар сӯҳбат аз “улгуи Чин” мешавад ва бештар дар бораи “воқеиятҳои Чин” шунида мешавад. Ба ғайр аз коҳиши рушди иқтисодӣ, муҳити зисти ин кишвар дар натиҷаи чандин даҳа фароянди санъатӣ шудани сареъ ва муттакӣ бар энержии ҳосил аз зуғолсанг, мутаҳаммили осебҳои ҷиддӣ шудааст. Бар асоси як таҳқиқ, солона 1.6 милюн чинӣ бар асари олудагии ҳаво ҷон месупоранд.

Дар натиҷаи сиёсати бисёр сахтгиронаи такфарзандӣ, ҷамъияти Чин акнун рӯ ба пирӣ меравад. Ҳамин масъала таҳдиде алайҳи рафоҳи Чин дар баландмуддат аст. Бо афзоиши нархи мустамаррибигирон ба ҷамъияти фаъоли бозори кор, рушди иқтисодӣ пойин хоҳад монд ва ҳазинаи хадамоти дармонӣ ва мустамаррӣ боло хоҳад рафт. Дар натиҷа, давлат бо мушкили будҷа мувоҷеҳ хоҳад шуд.

Чизе, ки мушаххас аст ин аст, ки раҳбарони Чин мехоҳанд аз имтиёзҳои рушди иқтисодии низоми сармоядорӣ баҳраманд шаванд, бидуни ин ки дучори осебҳои он гарданд. Онҳо мехоҳанд мизони ибтикор ва навоварӣ дар сатҳи як ҷомеа озод бошад, бидуни он ки озодии андешаро фароҳам кунанд. Ба ҳар ҳол бояд аз яке сарфи назар кард.

Бархе аз нозирон, ки аз зуҳури Чини қудратманд нигарон ҳастанд, бо дидани гирифториҳои ахири ин кишвар, нафаси роҳате хоҳанд кашид, аммо чунин вокунише кӯтаҳбинона аст. Рушди кунди иқтисоди Чин суръати беҳбуди иқтисоди ҷаҳониро коҳиш хоҳад дод. Ин масъала ҳамчунин боис хоҳад шуд, ки Чин барои мушорикат дар ҳалли мушкилоти ҷаҳонӣ монанди гарм шудани кураи замин алоқаи камтаре нишон бидиҳад. Аз ҳама хатарнок он аст, ки Чин барои сарпӯш гузоштан бар ноумедии мардум аз коҳиши рушди иқтисодӣ ва набуди озодии сиёсӣ, рӯ ба моҷароҷӯӣ дар арсаи сиёсати хориҷӣ биёваранд. Дар ҳақиқат, бархе нишонаҳо ҳокӣ аз он аст, ки мақомоти Чин дақиқан ҳамин роҳбурдро дар баҳри Чини ҷанубӣ ба кор гирифтаанд. Барои ҳизби ҳокиме, ки дигар наметавонад афзоиши сареъи меъёрҳои зиндагиро ба рухи дигарон бикашад, миллигаройӣ метавонад манбаи машрӯият бошад.

Омрико ва дигарон бояд бо эъмоли фишор, мутмаин шаванд, ки Чин асири чунин васвасае нахоҳад шуд. Аммо кори оқилонаи дигаре, ки метавонанд бикунанд ин аст, ки ба Чин нишон бидиҳанд, агар масъулона ва бар асоси қавонини роиҷ амал кунад, метавонад ҷойгоҳе дар миёни раҳбарони ҷаҳон дошта бошад, аммо тасмимгириҳои сахттарро Чин бояд анҷом бидиҳад. Давлат бояд миёни манофеи ҳукумат ва ҳуқуқи шаҳрвандон, миёни рушди иқтисодӣ ва ҳифозат аз муҳити зист, ва миёни нақши бозор ва ҳукумат таъодул барқарор кунад. Интихобҳои Чин ҳам душвор ҳастанд ва ҳам ғайри қобили иҷтиноб. Имкони вуқӯи нооромии иҷтимоиро ҳам набояд дастикам гирифт. Нуктаи қатъӣ ин аст, ки се даҳа баъд мисли се даҳа қабл нахоҳад буд.

Project Syndicate

Рубрики:Сиёсат, Таҳлилот

Помечен как:

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.