Ваҳдати исломӣ

Посухи эроде дар робита бо баҳси “фирқагаройӣ”

Силсилабаҳсҳои ислоҳи андешаи динӣ (3)

Дар поёни баҳси пешин ваъда дода будам, дар баҳси имрӯз ба посухи ин пурсиш бипардозам, ки вақте мани мусалмон эҳтимол бидиҳам, ки “он чӣ ба он мӯътақид ҳастам” шояд мутобиқ бо воқеъ набошад, оё худи ҳамин эҳтимол сабаб намегардад, то дар имони ман тазалзул эҷод шавад ва дар шакку тардид воқеъ бишавам? Оё ин эҳтимол, дар амали ман ба дастуроти исломӣ, асари манфӣ намегузорад?

Ва ин пурсиш замоне бароямон матраҳ мешуд, ки ҳар як аз мо бипазирад, “он чӣ ӯ онро ислом медонад”, ҳосили талош ва кӯшиши муҷтаҳид ва соҳиби мазҳаб аст, на худи “он чӣ Қуръон ва суннат дарбар дорад” ва албатта, эҳтимол дорад он чӣ муҷтаҳид гуфта мутобиқ бо воқеъ бошад ва эҳтимол ҳам дорад, бо он мутобиқ набошад. Аммо хушбахтона Худо аз мо мепазирад ҳатто он ҷо, ки бо воқеъ мутобиқ нест. Албатта гурезе аз қабули ин ҳақиқати возеҳ надорем; зеро пурравшан аст, ки агар “он чӣ мо онро ислом медонем”, айни “он чӣ Қуръон ва сунат дарбар дорад” мебуд, ҳеч ихтилофе миёни муҷтаҳидҳо дида намешуд, дар ҳоле ки ихтилофи дидгоҳи онон амре инкорнопазир аст.

Хуб, ҳоло мепардозам ба посухи он пурсиш:

1. Аввалан, бояд таваҷҷӯҳ дошта бошем, ки муҷтаҳидҳо ва соҳибони мазоҳиб фақат дар порае аз маорифи исломӣ (чӣ эътиқодӣ ва ё фиқҳӣ) бо ҳам ихтилофи дидгоҳ доранд, на дар ҳамаи маориф ва балки тақрибан дар ҳаштод дарсади маорифи исломӣ бо ҳам иттифоқи назар доранд. Масалан, ҳаштод дарсади он чӣ макотиби эътиқодии аҳли суннат ба унвони “маорифи исломӣ” ба он мӯътақиданд, айни ҳамон эътиқодоте аст, ки макотиби эътиқодии шиъа ба унвони “маорифи исломӣ” матраҳ мекунанд. Аммо шӯрбахтона мусалмонон одат кардаанд, ба якдигар фақат аз зовияи ихтилофоташон нигоҳ кунанд, на аз зовияи иштирокот.

Хуб, ҳамин иттифоқи назари муҷтаҳидҳо дар бисёре аз маорифи исломӣ, метавонад худ таъйидкунандаи ин бошад, ки он ҳаштод дарсад аз маориф, ки ба он мӯътақиданд, мутобиқ бо воқеъ – яъне мутобиқ бо он чӣ Қуръон ва суннат дарбар дорад – бошад. Албатта, фақат ба унвони як таъйидкунанда, на беш аз он. Зеро чи басо дар масъалае, ҳама бо ҳам иттифоқи назар дошта бошанд, вале он масъала мутобиқ бо воқеъ набошад. Ин аз эҳтимол дур нест.

2. Сониян, вақте ту ин эҳтимолро бидиҳӣ, ки “он чӣ ту онро дуруст мешуморӣ” (масалан дар мавриди масоили ихтилофӣ) шояд мутобиқ бо воқеъ набошад, ин эҳтимол на ин ки рӯйи ту асари манфӣ хоҳад гузошт, балки иттифоқан асари мусбат дорад. Зеро, вақте ту нисбат ба як масъала эҳтимоли дурустӣ ва нодурустӣ медиҳӣ, ин эҳтимол туро водор ба ҷустуҷӯ аз ҳақиқат мекунад ва дар пайи ковиш ва таҳқиқ ва мутолеа мешавӣ; ковишҳо ва таҳқиқоте, ки уфуқҳои тозаеро пеши рӯят хоҳад гушуд. Аммо агар пеши худат бипиндорӣ, ки ҳақ ҳамон аст, ки ту мӯътақидӣ ва ҷуз он нест, ин пиндор бароят як навъ “хотирҷамъӣ” эҷод мекунад; “хотирҷамъие”, ки ҷуз бар рукуд ва истоии шахс намеафзояд.

Асосан, пеши мо бисёре аз мафоҳим халт шуда. “Хотирҷамъӣ”-ро “яқин” мешуморем ва “шаккеро, ки моро водор ба пайдо кардани ҳақиқат кунад”-ро “шакку тардиди манфӣ” меҳисобем. Вақте як шак ва тардид боис шавад, ту ба дунболи ёфтани ҳақиқат бишавӣ, ин шак бисёр хуб ва арзишманд аст. Асосан, ҳамин шакку тардидҳост, ки инсонҳоро водор ба мутолеа ва таҳқиқ ва пажӯҳиш мекунад, вагарна хобида будем. Ва баръакс, ин “хотирҷамъӣ”-ҳост, ки моро рокид ва исто ва танбал ба бор меоварад. Аз ин рӯ, набояд халт кунем ва “хотирҷамъӣ”-ро “яқин” биҳисобем.

3. Нуктаи севвум ин ки: шояд нигароние, ки бароямон дар натиҷаи он эҳтимол эҷод мешавад, ношӣ аз ин бошад, ки бипиндорем, агар як вақт “он чӣ ман дуруст мешуморам” нодуруст ва мутобиқ бо воқеъ набошад, сазовори муҷозот дар охират хоҳам шуд. Дар ҳоле ки ҷойе барои ин нигаронӣ вуҷуд надорад.

Зеро ҷойгоҳи инсон дар охиратро мизони талош ва кӯшиши ӯ дар дунё ва адами кӯшиши ӯ дар дунё таъйин мекунад, на чизе дигар. Бибинед, Қуръони Карим чӣ мегӯяд:

وَأَنْ لَيْسَ لِلْإِنْسَانِ إِلَّا مَا سَعَى

Ва барои инсон ҷуз ҳосили талоши ӯ нест.” (Сураи Наҷм, ояти 39)

Яъне, агар як инсон (ҳол, чӣ мусалмон бошад ва ҳатто ғайри мусалмон), дар ин дунё тамоми саъю талоши худро барои ёфтани ҳақиқат ва роҳи дуруст ба харҷ дода, вале ба ҳақиқат даст наёфта бошад, Худованд бо ӯ ба мизони ҳамин талош ва кӯшишаш рафтор хоҳад кард. Худованд одил аст ва ба инсон чизеро фавқи тоқат ва тавони ӯ бор намекунад. Агар як инсон мусалмонзода буда ва бипиндорад, ки ҳамин ки исломро аз обо ва аҷдод ба ирс бурдааст кофист ва дар боварҳо ва ақоиди хеш ҳеч таҳқиқ ва ковише ҳам накунад, оё дар пешгоҳи Худованд, якчунин мусалмоне бо он ғайри мусалмоне, ки тамоми саъю кӯшиши худро барои ёфтани роҳи дуруст ба харҷ дода, баробар аст? Худованд бо аҳаде қавму хешӣ надорад.

Бинобар ин, он чӣ барои мо муҳим аст ин аст, ки бояд ҳамеша дар роҳи пайдо кардани ҳақиқат саъй ва кӯшиш бикунем. Агар дастрасамон шуд, ки чӣ хуб, вагарна ба мизони ҳамин талош ва кӯшишҳоямон, дар охират бо мо рафтор хоҳад шуд, на фавқи тоқат ва тавони мо. Аз ин рӯ, вақте дар як масъала эҳтимол бидиҳӣ, ки “он чӣ дуруст мешуморӣ” шояд бо воқеи амр мутобиқ набошад, ту саъйи худатро бикун ва таҳқиқ ва ковиш намо, аммо нигарон мабош, ки як вақт агар нодуруст бошад, чӣ хоҳад шуд?! Бале, дар як сурат, бояд нигарон бошӣ, ва он замоне аст, ки ҳеч талош ва кӯшиш накунӣ, зеро дар ин сурат, ҳатто агар “он чӣ ба он мӯътақид ҳастӣ” мутобиқ бо воқеъ ҳам бошад, ба хотири адами талош ва кӯшиш ва танбалият муҷозот хоҳӣ шуд.

Иншоаллоҳ дар баҳси баъдӣ, ба посухи шубҳаи дуввум хоҳам пардохт.

Идома дорад

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.