Перейти к содержимому

Овардани Толибон ба саҳнаи сиёсии Афғонистон, беҳтар аз ҳузури ДОЪИШ

Таҳлиле аз Ҷеф Егерз (JEFF EGGERS) дар нашрияи Foreign Policy

Раҳбари ҷадиди Толибон шояд охирин фурсат барои ҳалли сиёсии бӯҳрони Афғонистон бошад. Дар ғайри ин сурат, ДОЪИШ Афғонистонро Ироқ ё Сурияи дигаре хоҳад кард.

Пас аз таъйиди хабари марги Мулло Умар, сарусадоҳо фурӯкаш кардаанд, аммо ғубори он ба ин зудӣ фурӯ нахоҳад нишаст. Раванди ҷонишинӣ аз Мулло Умар ба муовинаш Ахтар Муҳаммад Мансур нисбатан нарм ва ором сурат гирифт, ҳарчанд танишҳое дар даруни аъзои хонаводаи Мулло Умар вуҷуд дошт. Бо ин ҳол, дурнамои Афғонистон ором нахоҳад буд.

Мулло Умар барои Толибон, фаротар аз як нерӯи муттаҳидкунанда буд. Ӯ халифа низ эълом шуда буд ва ин, миёни Толибон ва ДОЪИШ монеъ эҷод мекард (Толибон Абӯбакри Бағдодиро “халифаи қуллобӣ” медиданд). Дар воқеъ, он идда аз аъзои Толибон, ки ба гурӯҳи ДОЪИШ пайваста буданд, шойеаи марги Мулло Умарро бовар карда буданд ва аз ин рӯ пайваста буданд.

Марги Мулло Умар шикофҳои ҷадидеро дар миёни Толибон, ки ҳамвора муттаҳид пиндошта мешуданд, эҷод кардааст. Ба ин далел, Мансур барои сулҳ ангезаи андаке дорад. Ӯ талош мекунад, то ваҳдати Толибонро ҳифз кунад. Бад-ин тартиб, ба назар мерасад, ки Мансур пояшро аз гуфтугӯҳои сулҳ паскашида ва талошҳояшро дар майдони набард шиддат бахшида ва рӯйдодҳои шадидан хушунатомез дар Кобул ба авҷ бирасанд. Тайиб Оғо, раиси дафтари сиёсии Толибон дар Қатар ва барҷастатарин чеҳраи мӯътадил ва тарафдори гуфтугӯҳои сулҳ, аз симаташ дар гурӯҳи Толибон истеъфо кард. Дар ҳамин замон, Айман Завоҳирӣ, раҳбари кунунии Алқоъида, бо раҳбари ҷадиди Толибон эъломи байъат кардааст.

Пас аз арзёбии тағйироти ахир, сиёсатсозони Омрико ду гузина дар пеши рӯй доранд: эҷоди шикофҳои бештар дар миёни Толибон ба манзури расидан ба дастовардҳои низомӣ ё пайгирии мусолиҳаи сиёсӣ бидуни дар назар гирифтани иттиҳод ё парокандагии раҳбарии Толибон. Бо таваҷҷӯҳ ба суъуди сареъи гурӯҳи ДОЪИШ, ин хатар вуҷуд дорад, ки дар ин фурсат натавон мухолифони давлати Афғонистонро ба гуфтугӯҳои сулҳ кашонд. Бо вуҷуди он ки раҳбарии ҷадиди Толибон идомаи ҳамон Толибони қаблӣ аст, шояд охирин фурсат барои роҳи ҳалли сиёсии бӯҳрони Афғонистон бошад.

Омрико пас аз ҳамлаи 11 сентябр, бо канори ҳам қарор додани Толибон ва Алқоъида, душмани худро бузургтар кард. Дар Ироқ ва Сурия, шӯриши дохилӣ ва таҳдидҳои теруристии хориҷӣ яке шудаанд ва натиҷаи он зоҳиран як мушкили печида ва ғайри қобили контрол аст. Бо ин ҳол, дар Афғонистон ҳанӯз метавон бо шӯришиён ва теруристҳо ҷудогона бархӯрд кард. Мусолиҳа ё овардани Толибон ба саҳнаи сиёсӣ, беҳтарин роҳ барои ҷилавгирии Афғонистон аз табдил шудани ин кишвар ба Ироқ ё Сурия аст ва метавон аз суқути давлат ҷилавгирӣ кард.

Фурсатҳои нахустин барои сулҳ замоне аз даст рафтанд, ки истротежии Омрико дар ибтидо “шикаст додан”-и Толибон буд. Ин истротежӣ то соли 2009 побарҷо буд ва замоне тағйир кард, ки Вошингтун сиёсати худро бозбинӣ кард ва онро ба истротежии “интиқол”-и масъулиятҳои амниятӣ ба нерӯҳои амниятии Афғонистон тағйир дод ва шароити мусолиҳаи сиёсиро таъйин кард. Имрӯз он “интиқол” такмил шудааст, аммо раванди сиёсӣ ҳамчунон шикананда аст. Ҳар чӣ қадр ҳам оафторҳо ва ҳанҷорҳои Толибон нафратовар бошанд, шуморе дар дохили Афғонистон мусолиҳаро бар давоми бӯҳрон дар кишварашон тарҷеҳ медиҳанд ва мусолиҳа метавонад манофеи ғарбиҳоро низ таъмин кунад. Барои мисол, далели хубе вуҷуд дорад, ки Толибон ҳозир шаванд, ки равобити худро бо Алқоъида қатъ кунанд ва дар ҷараёни мусолиҳаи сиёсӣ, низоми “Ҷумҳурии Исломӣ”-ро бипазиранд ва аз сохтори “Аморати Исломӣ”-ашон бигзаранд ва ба манзури мушорикат дар ислоҳи қонуни асосӣ, мусолиҳа кунанд.

Бинобар ин, акнун давлати Афғонистон бо эҳтиёт душманашро интихоб кунад. Бо он ки далоили муваҷҷаҳ вуҷуд дорад, ки Толибон саркӯб шаванд, аммо дар муқоиса бо он чӣ ДОЪИШ бар сари Афғонистон хоҳад овард, Толибон мӯътадил дониста хоҳанд шуд. Ба сурати умум, Толибон мусалмонони ҳанафимазҳабанд, ки аз мактаби Девбандӣ пайравӣ мекунанд. Бар хилофи онҳо, ДОЪИШ пайрави салафият аст, ки хеле сахтгир ва мутаассиб аст. Илова бар ин, Толибон то кунун як шӯриш бо аҳдофи дохилӣ аст, дар ҳоле ки ДОЪИШ як таҳдиди байналмилалӣ аст. Толибон пешопеш бо ДОЪИШ даргир шуда ва дастикам бо мардуми Афғонистон дар мухолифат ва истодагӣ дар баробари ДОЪИШ, баъзе манофеи муштарак доранд.

Пеш аз марги Мулло Умар умедвориҳо барои сулҳ зиёд шуда буданд. Пеш аз он дидорҳое байни мақомҳои давлати Афғонистон ва касоне аз Толибон дар Чин, Нурвеж ва Покистон анҷом шуда буд. Қарор буд, даври дуввуми дидорҳо низ дар Покистон анҷом шавад, аммо бо марги Мулло Умар ин гуфтугӯҳо то ояндаи номаълум ба таъвиқ афтодааст.

Фишор овардани Ғанӣ бар Покистон барои ҳамкории бештар, кори дурусте аст. Аммо бар хилофи он чӣ аксари мардуми Афғонистон фикр мекунанд, ба ҳамин содагӣ хушунатҳо дар Афғонистон таъйинкунандаи сиёсати хориҷии Покистон нест. Дар ҳоле ки Покистон метавонад ва бояд барои мумкин сохтани гуфтугӯҳои сулҳ кори бештар анҷом диҳад, аммо нуфузи ин кишвар бар Толибон барои водор кардани онон ба муомилаи сиёсӣ, ба эҳтимоли зиёд кофӣ нест. Марги Мулло Умар ин корро барои Покистон душвортар кардааст. Покистон бар Толибони он қадр фишор нахоҳад овард, ки барои худ душмани ҷадиде халқ кунад. Агар Омрико то он ҳадд бар Покистон фишор биёварад, ҳамкорӣ байни ду кишварро барои авлавиятҳои дигар тазъиф хоҳад кард. Толибон дар баробари нақши қавии Покистон барои мумкин сохтани гуфтугӯҳои сулҳ, муқовимат хоҳанд кард, зеро онҳо намехоҳанд олати дасти Покистон дониста шаванд.

Сулҳ дар Афғонистон мумкин аст. Аммо ниёз ба талошҳои мутамаркизи фароминтақаӣ дорад. Бештари он чӣ Толибонро нигарон месозад, дар дасти бозигарони байналмилалӣ аст. Омрико ба навбаи худ, бояд нақшашро возеҳ кунад. Ин кишвар дигар наметавонад ҳам нақши миёнҷиро бозӣ кунад ва ҳам нақши шарики ҷангро ва бояд як тарафи сеюмро ташвиқ кунад, ки по пеш бигузорад ва миёнҷӣ шавад. Омрико бояд бар ҳимоят аз ҳукумати Афғонистон ва раванди сулҳ ба раҳбарии мардуми Афғонистон, мутамаркиз гардад.

Foreign Policy

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: