Перейти к содержимому

Шарҳи Маснавӣ (55)

Достони он подшоҳи ҷуҳуд, ки насрониён мекушт аз баҳри таассуб (15)

* * *

Қиссаи дидани халифа Лайлиро (4)

* * *

Ақбае з-ин саъбтар дар роҳ нест,

Эй хунук он к-иш ҳасад ҳамроҳ нест.

Дар роҳи сулук гарданае сахттар ва душвортар аз ҳасодат нест. Хушо ба ҳоли касе ки ҳасуд нест! Ё: саодатманд он касе аст, ки аз ҳасодат дур бошад.

Ақба: роҳи саъбулубур, гардана. Саъб: сахт ва душвор. Хунук: хушо, хуб ва хуш.

Нукта: Ҳасад аз сахттарин амрози руҳӣ ва ахлоқӣ аст, ки маншаи он эҳсоси нақси худ ва эҳсоси камоли дигарон аст. Яъне ҳасуд ҳамеша дар ин дағдаға ба сар мебарад, ки аз дигарӣ камтар аст. Ин эҳсоси худкамтарбинӣ тавъам аст бо бадхоҳӣ ва кинатӯзӣ, ки ҳамаи инҳо аз шарорати нафс нашъат мегирад. Бад-ин сон, ҳасуд ба ҷойи он ки дар садади рафъи навоқиси худ барояд, ҳамвора орзу медорад, ки неъмат ва камол аз маҳсуд завол ёбад. Дар таърифи ҳасад гуфтаанд: орзу бурдан бар заволи неъмати ғайр. Бинобар ин, ҳасад мураккаб аз чанд сифати зишт назири тангчашмӣ, бадхоҳӣ, хашм ва кинатӯзӣ аст. Мавлоно мефармояд, ки дар тариқи сулук, гарданае сахттар аз ҳасад нест, зеро камтар касе тавони раҳоӣ аз онро дорад.

Ин ҷасад, хонай ҳасад омад, бад-он,

Аз ҳасад олуда бошад хонадон.

Бидон, ки ин колбади башарӣ ҷойгоҳи ҳасодат аст. Ҳасодат хонадони туро меолояд.

Гар ҷасад хонай ҳасад бошад, валек

Он ҷасадро пок кард Аллоҳ нек.

Агарчӣ колбади одамӣ ҷойгоҳи ҳасодат аст, вале ин колбадро Ҳақ Таъоло ба хубӣ пок кардааст, назири колбади паёмбарон ва авлиё.

“Таҳҳиро байтӣ” баёни покӣ аст,

Ганҷи нур аст, ар тилисмаш хокӣ аст.

Қисмате аз ояи 125 сураи Бақара, ки мефармояд:

وَعَهِدْنَا إِلَى إِبْرَاهِيمَ وَإِسْمَاعِيلَ أَنْ طَهِّرَا بَيْتِيَ لِلطَّائِفِينَ وَالْعَاكِفِينَ وَالرُّكَّعِ السُّجُودِ

Ва мо ба Иброҳим ва Исмоил амр кардем, ки хонаамро пок кунед барои тавофкунандагон ва муҷовирон ва рукӯъкунандагон ва саҷдакунандагон” ишора дорад ба ин нукта, ки хонаи дилро бояд аз палидиҳо пок кард. Колбади одамӣ ганҷинаи анвори илоҳӣ аст, гарчӣ тилисми он ҷисме хокӣ аст. Яъне агар бо дидаи ботинӣ нигоҳ кунӣ, мутаваҷҷеҳ мешавӣ, ки ҳамин колбад дарбардорандаи ганҷинаи анвори маънавӣ аст, ҳарчанд ки ба зоҳир пайкаре хокӣ ва моддӣ аст.

Чун кунӣ бар беҳасад макру ҳасад,

З-он ҳасад дилро сиёҳиҳо расад.

Агар бар он ки дарунаш аз сифоти зиште ҳамчун ҳасодат пок аст ва ҳеч ғиллу ғишше надорад ҳасад биварзӣ ва ба ӯ найранг занӣ, бар асари ин ҳасодат дилат тираву тор мешавад.

Хок шав мардони Ҳақро зери по,

Хок бар сар кун ҳасадро ҳамчу мо.

Зери пойи авлиёуллоҳ хок шав ва монанди мо хок бар сари ҳасад кун. Яъне ин сифатро маҳву нобуд кун ва ҳаргиз фурсат мадеҳ, ки ҳасад дар дилат вуҷуд пайдо кунад.

Идома дорад

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: