Перейти к содержимому

Он чӣ гуфта шуд, оё ҳамон плюролизми диние, ки донишмандони ғарбӣ мегӯянд нест?

Силсилабаҳсҳои ислоҳи андешаи динӣ (4)

Масъалаи дигари қобили тарҳ дар баҳси пешин (фирқагаройӣ) ин буд, ки оё он чӣ гуфта шуд, ҳамон плюролизми диние, ки донишмандони ғарбӣ мегӯянд нест? Агар на, пас тафовуташ бо дидгоҳи онҳо кадом аст?

Иҷоза бидиҳед, ибтидо манзури донишмандони ғарбӣ аз “плюролизми динӣ”-ро тавзеҳ бидиҳам, то сипас тафовути он бо он чӣ банда арз кардам, равшан бишавад.

Манзури донишмандони ғарбӣ аз плюролизми динӣ, ҳаққонияти ҳамаи адён – чӣ осмонӣ ва чӣ ғайри осмонӣ – мебошад; бо ин баён, ки ҳеч дине ботили маҳз ва ё ҳаққи мутлақ нест, балки ҳар дине дорои омӯзаҳои саҳеҳ ва омӯзаҳои нодуруст аст ва ҳар як аз адён роҳе ба сӯйи Худо ба шумор меравад.

Албатта, қобили ёдоварӣ бошад, ки дар калимоти бархе аз урафо ва сӯфияи худамон, шабеҳи ин муддаъо дида мешавад. Аммо ба ҳар ҳол, ин муддаъо бо он чӣ мо арз кардем, аз замин то ба осмон фарқ мекунад.

Эрод ва ишколи мо бар ин муддаъо

Дар оғоз, ишкол ва эродеро, ки бар ин муддаъо ворид аст, матраҳ бикунам. Бибинед, инки бисёре аз адён, кам ё беш дорои омӯзаҳои ҳаққе мебошанд, мавриди пазириш аст. Ин сухан сухани дурусте аст, мо ботили сад дар сад дар олам надорем. Аммо инки ҳамаи адёни мавҷуд дар олам, аз ҷумла ислом, дорои ақоиди ботил ҳам ҳастанд, ин сухан албатта мавриди пазириш нест. Мо мӯътақидем, ки дини ислом як дини комилан ҳақ аст ва ҳеч ботиле дар он роҳ надорад.

Албатта ин сухан бад-он маъно ҳам нест, ки омӯзаҳо ва таълимоте, ки дар назди мазоҳиб ва макотиби мухталифи исломӣ ҳаст, ҳама сад дар сад ҳақ мебошанд (ҳақ ба маънои мутобиқ бо воқеъ). Намехоҳам якчунин иддаъое бикунам. Зеро — чунон ки пештар ва дар баҳсҳои қаблӣ ҳам гуфта будам — он чӣ дар назди мазоҳиб ва макотиби исломӣ мавҷуд аст, бардоштҳо ва тафсирҳост, на айни он чӣ манзури шореъ бошад (ки албатта ин бардоштҳо метавонанд мутобиқ бо манзури шореъ ҳам бошанд). Бинобар ин, дар мавриди масоили ихтилофӣ, ки миёни мазоҳиб ва макотиби исломӣ дида мешавад, метавон гуфт, қатъан яке ҳақ (мутобиқ бо воқеъ) аст ва дидгоҳҳои дигар ботил (ботил ба маънои ғайри мутобиқ бо воқеъ).

Балки манзури мо — вақте мегӯем, дини ислом як дини комилан ҳақ аст ва ҳеч ботиле дар он роҳ надорад — ин аст, ки ислом ба монанди адёни дигар мисли масеҳият ё яҳудият ё зартуштӣ ва ё ҳар дине дигар, дастхуши таҳриф ва тағйир ва дигаргунӣ нашуда. Қуръони Карим, ки ҳаминак пеши рӯй дорем, ҳамон аст, ки ҳазрати Ҷабраил (а) ба ҳазрати Муҳаммад (с) нозил карда, на як калима ва ҳатто ҳарф бар он афзуда шуда ва на як калима ва ҳарфе аз он коста шуда. (Ва аммо инки бардоштҳо мухталиф ва мутафовит ҳастанд, ин як баҳси дигар аст ва набояд халт бикунем).

Бар ҳамин асос аст, ки мегӯем: ҳатто бар фарзи ин ки тамоми омӯзаҳо ва таълимоти макотиб ва мазоҳиби мавҷуди исломиро мутобиқ бо воқеъ надонем (ки албатта чунин нест), боз ҳам наметавон гуфт, ки дар ислом ботил роҳ ёфта. Зеро манбаъ ва сарчашма, ба сурати аввалӣ ва бидуни он ки дар он таҳрифе рух дода бошад, мавриди дастрасӣ аст. Бар хилофи динҳои дигар мисли масеҳият, ки агар мегӯем, фалон омӯза ва таълимоти ин дин ботил аст, чунин нест, ки ин бутлон танҳо натиҷаи бардошт ва тафсири ғалати як олими масеҳӣ бошад (чунон ки бардошти як олим ва муҷтаҳиди исломӣ ҳам метавонад нодуруст бошад), балки чи басо ин бутлон ба далели харобии манбаъ ва сарчашма бошад. Агар “таслис”-и масеҳиятро нодуруст ва носаҳеҳ медонем, на ба ин хотир аст, ки ин ақида натиҷаи бадошт ва тафсири нодурусти уламои масеҳӣ аз сарчашма (китоби муқаддас) будааст, балки дар манбаъ ва сарчашма якчунин ақидаи ботиле мавҷуд аст. (Албатта, дар натиҷаи роҳ ёфтани таҳриф ва тағйир дар китоби муқаддас).

Ва аммо манзури мо

Ҳол, вақте манзури уламои ғарбӣ аз “плюролизми динӣ” равшан шуд, инак он чӣ дар баҳси пешин гуфтем-ро баён бидорам. Инки гуфтем: “Он чӣ як нафар мусалмон онро ислом медонад, ҳосили талош ва кӯшиши муҷтаҳид ва соҳиби мазҳаб аст, на худи он чӣ Қуръон ва суннат дарбар дорад ва эҳтимол дорад он чӣ муҷтаҳид гуфта мутобиқ бо воқеъ бошад ва ё набошад, вале ба ҳар ҳол, Худо аз ӯ инро мепазирад (яъне чӣ мутобиқ бо воқеъ бошад ва чӣ набошад, мепазирад)”, ин сухан ба ҳеч ваҷҳ ба маънои “ҳақ ва мутобиқ бо воқеъ” донистани ду дидгоҳи мухталиф нест. Ҳақ яке беш нест. Аз ин ду ё яке ҳақ ва дигарӣ ботил аст ва ё чи басо ҳар ду ботил ва мутобиқ бо воқеъ нестанд. Аммо инки Худо аз ҳар ду мепазирад, ба ин маъност, ки Худо барои иҷтиҳоди муҷтаҳид (албатта агар тамоми саъю талоши худро ба харҷ дода бошад) ҳуҷҷият қоил аст. Ба сухани дигар, Худо онро ҳуҷҷат медонад. Ва ба истилоҳи уламои усули исломӣ, “лозимаи ҳуҷҷат донистани дидгоҳи муҷтаҳид ин аст, ки агар он дидгоҳ мутобиқ бо воқеъ буд, мухолифат бо он дидгоҳ мусталзими уқубат ва ҷазост, аммо агар мутобиқ бо воқеъ набуд, тамассук ба он барои муқаллид узр маҳсуб шуда ва ӯро аз иқоб ва ҷазо мераҳонад.”

Пас, ҳақ ва воқеъ яке беш нест, ва муҷтаҳид, ки тамоми саъю талоши худро ба харҷ медиҳад то ба он бирасад, як вақт ҳаст, ки ба он дастрасӣ пайдо мекунад ва як вақт ҳаст, ки ба он даст намеёбад. Вале ислом дар ҳар ду сурат дидгоҳи муҷтаҳидро ҳуҷҷат донистааст. Тамоми ҳарфи мо ҳамин аст. Ва ин ба ҳеч ваҷҳ ба маънои плюролизми мавриди назари уламои ғарбӣ нест.

Фақат як масъала дар ин миён боқӣ монд, ки иншоаллоҳ дар баҳси баъдӣ дар бораи он сӯҳбат хоҳам кард. Ва он ин ки: оё роҳи манъи бурузи ҷанҷолҳо ва кашмакашҳои мазҳабӣ ин аст, ки дари ҷомеа бар рӯйи ҳар дигарандеши мазҳабӣ баста бишавад? Ҳамин коре, ки баъзеҳо дар кишварамон мӯътақид ба он ҳастанд? Агар роҳаш ин нест, пас кадом аст?

Идома дорад

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: