Сиёсат

Тамдиди муддати боздошти Собир Валиев тавассути Додгоҳи Кишинев

Бахши Буюкани додгоҳи шаҳри Кишинев муддати боздошти Собир Валиев, муовини раҳбари Анҷумани нерӯҳои созандаи Тоҷикистонро барои 20 рӯзи дигар тамдид кард. Собир Валиев дар торихи 11 августи соли ҷорӣ дар фурудгоҳи пойтахти Мулдовӣ бо дархости Тоҷикистон боздошт шуда буд.

Ба гузориши сойти News Maker, додгоҳ дар тавзеҳи тасмими худ гуфтааст, Мулдовӣ мунтазири дархости мақомоти тоҷик барои истирдоди Валиев ба Тоҷикистон мебошад.

Бар пояи ин гузориш, вукалои мудофеъи ин мухолифи тоҷик таъкид доранд, ки ҳеч далеле барои тамдиди муддати боздошти Валиев вуҷуд надорад ва онҳо қасд доранд, ба додгоҳи таҷдиди назар шикоят бибаранд, то додгоҳ дар ин тасмими худ таҷдиди назар кунад.

Дмитрий Слюсаренко, вакили мудофеъи Собир Валиев, дар гуфтугӯ бо News Maker гуфтааст: “Валиев дар хоки Ҷумҳурии Мулдовӣ ҳеч ҷурму ҷинояте муртакиб нашудааст, ӯ “хатарнок” маҳсуб намешавад. Ҳамчунин, Валиев дорои иқомати муваққат дар Ҷумҳурии Мулдовӣ мебошад.”

Ҷаласаи додгоҳ қарор буд дирӯз (27.08.2015) дар соати 13.30 баргузор шавад, вале бо андаке таъхир дар соати 14.00 шурӯъ ва эълом шуд, ки ҷаласаи додгоҳ ба сурати баста баргузор хоҳад шуд.

Вакили Валиев ҳамчунин ёдовар шуд, ки раиси додгоҳ дар раванди ҷаласа гуфт, ки Валиев таҳти таъқиби пулиси байналмилал (Интерпол) қарор дорад. Слюсаренко дар ин хусус гуфтааст: “Ман аз додгоҳ дархост кардам, то ин иттилоот баррасӣ бишавад, зеро фикр намекунам, ин воқеият дошта бошад.” Бар асоси гуфтаи Слюсаренко, Тоҷикистон ҳанӯз дархости расмӣ барои истирдоди Валиев нафиристодааст.

Слюсаренко ҳамчунин таъкид кард, ки қазияи Собир Валиев мавриди таваҷҷӯҳи вижаи Созмони амният ва ҳамкории Урупо, намояндагии Кумисориёи Олии Созмони Милали Муттаҳид дар умури паноҳандагон ва ҳамчунин Созмони афви байналмилал (Amnesty International) ва Созмони Promo-Lex мебошад.

Ҳамчунин, яке аз наздикони Собир Валиев, ки нахост номаш фош бишавад, дар гуфтугӯ бо News Maker гуфт, баъд аз он ки Валиев тасмим ба тағйири вакили мудофеъи худ гирифт (қаблан Светлана Мазур дифоъи ӯро ба ӯҳда дошт), Дидабони ҳуқуқи башар (Human Rights Watch) барояш тавсия кард, ки ба Созмони Promo-Lex муроҷеа кунад; созмоне, ки ҳозир аст ройгон ба ӯ кӯмак намояд.

Наздикони Валиев ҳамчунин гуфтанд, ки чанд рӯз пеш Траян Суркану, раиси Кумисориёи Олии Созмони Милали Муттаҳид дар умури паноҳандагон дар Мулдовӣ, бо Собир Валиев дидор ва гуфтугӯ ва дар ҷараёни қазияи вай қарор гирифта. Ва ҳамчунин Надежда Атаева, раиси бахши Урупо ва Осиёи Миёнаи Созмони Human Rights Watch, бо ирсоли номае ба мақомоти Мулдовӣ, дар бораи истирдоди Валиев ба Тоҷикистон ҳушдор додааст.

News Maker менависад, ки натавониста бо Собир Валиев дидор ва гуфтугӯ кунад. Кормандони нигаҳбонии додгоҳ ӯро аз гуфтугӯ бо рӯзноманигорон ва посух ба пурсишҳои онон манъ кардаанд.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.