Перейти к содержимому

Шарҳи Маснавӣ (56)

Достони он подшоҳи ҷуҳуд, ки насрониён мекушт аз баҳри таассуб (16)

* * *

Баёни ҳасади вазир

* * *

Он вазирак аз ҳасад будаш нажод,

То ба ботил гӯшу бинӣ бод дод.

Он вазири пуртазвир нажоду сиришташ аз ҳасодат буд. Ва саранҷом бар асари ҳасодат гӯшу бинии худро бар бод дод.

Маънои байт ба таъвил ин аст, ки сифати ҳасодат боис мешавад, ки одамӣ гӯшу шоммаи ҳақиқатёбашро аз даст диҳад.

Бар уммеди он ки аз неши ҳасад

Заҳри ӯ дар ҷони мискинон расад.

Он вазири ҳасуд гӯшу бинии худро аз даст дод ба ин умед, ки заҳри неши ҳасадашро ба ҷони бечорагони масеҳӣ ворид кунад ва ононро дучори ҳалокат ва табоҳӣ намояд.

Ҳар касе, к-ӯ аз ҳасад бинӣ кунад,

Хешро бегӯшу бебинӣ кунад.

Ҳар кас аз рӯйи ҳасодат бинии худро биканад — яъне ҳар кас аз рӯйи ҳасодат ба худ садма занад — ба ин умед, ки ба дигарӣ садма занад, дар воқеъ худро бебинӣ ва бегӯш кардааст. Яъне душмании ҳасудона боис мешавад, ки одамӣ қувваи тамйиз ва ташхиси худро аз даст бидиҳад. Устод Фурӯзонфар “бинӣ кардан”-ро киноя аз такаббур кардан донистааст.

Бинӣ он бошад, ки ӯ бӯйе барад,

Бӯй ӯро ҷониби кӯйе барад.

Бинии ҳақиқӣ он узве аст, ки бӯйеро бибарад ва он бӯй ӯро ба ҷойе бикашад. (Шоммаи ҳақиқатёб шоммае аст, ки роиҳаи ҳақиқатро истишмом кунад ва тавассути он роиҳа ба кӯйи ҳақиқат дарояд.)

Ҳар кӣ бӯяш нест, бебинӣ бувад,

Бӯй он бӯй аст, к-он динӣ бувад.

Ҳар кас роиҳаи ҳақиқатро набӯяд, дар воқеъ шоммаи ботинӣ надорад. Роиҳаи ҳақиқӣ роиҳае аст, ки бӯйи дин ва ирфон диҳад. Яъне, ҳамон тавр ки шахси мубтало ба зуком наметавонад роиҳаҳоро бибӯяд, инон низ шоммаи ботиниашон дучори зукоми хашму ҳасодат шудааст ва наметавонанд роиҳаи дилнавози ҳақиқатро бибӯянд.

Чунки бӯйе бурду шукри он накард,

Куфри неъмат омаду биниш х(в)ард.

Ҳар кас роиҳае аз ҳақиқат бибӯяд ва шукри онро баҷой наёварад, чунин касе ба хотири ношукрӣ шоммаи ҳақиқатёбашро аз даст бидиҳад.

Яъне ҳар маърифате мавҳибати илоҳӣ аст ва бояд поси Ваҳҳоб дошт, вагарна он мавҳибат ба завол равад.

Шукр кун, мар шокиронро банда бош,

Пеши эшон мурда шав, поянда бош.

Шукргузор бош ва таслими шукргузорони ҳақиқӣ бош ва дар баробари онон бимир, то ба ҳаёти ҷовидона расӣ.

Нукта: Ин байт гӯшзад мекунад, ки толиби ҳақиқат бояд дар баробари авлиёуллоҳ таслими маҳз бошад ва аз ҳамаи амёл ва ҳавасҳои шахсии худ бигзарад ва мутеъи иршодоти онон гардад.

Чун вазир, аз раҳзанӣ моя масоз,

Халқро ту бармаёвар аз намоз.

Ту монанди он вазири пуртазвир мабош, ки гумроҳ кардани дигаронро сармояи худ кард ва мардумро аз ибодат боз мадор. Агар ту худ гумроҳӣ, дигаронро гумроҳ масоз.

Носеҳи дин гашта он кофир вазир,

Карда ӯ аз макр дар лузина сир.

Он вазири найрангбоз, ки ботинан кофир ва ҳақситез буд ва ба зоҳир хайрхоҳӣ дар дин ва имони мардум мекард, дар масал ба касе монад, ки сирро даруни лузина қарор диҳад.

Лузина: навъе ҳалвост, ки бо мағзи гирду мепазанд. Ва таъбири “сир дар лузина кардан” киноя аз ботилро ба ҳақ даромехтан ва зиштиро ҷомаи зебо пӯшондан аст.

Идома дорад

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: