Сиёсат

ҲНИТ: “Ҳукумат кишварро ба як давлати худкомаи асримиёнагӣ табдил додааст”

Шӯрои сиёсии ҲНИТ дар баёнияе, ки дар нишасти матбуотии дирӯзи худ қироат кард, хотирнишон намуд: “Ҳукумати ҶТ бо роҳандозии сиёсатҳои саркӯбгароёна алайҳи нерӯҳо ва шахсиятҳои мустақил ва қавии сиёсӣ, ривоҷ додани фасоди идорӣ ва молӣ, ҷамъ намудани қудрати сиёсӣ, низомӣ ва молии кишвар дар дасти як гурӯҳ, шикастани ғурур ва каромати инсонҳо, дахолат ба умури шахсӣ, мазҳабӣ ва фарҳангии шаҳрвандон, амалан кишварро ба як давлати худкомаи асримиёнагӣ табдил дод, ки бояд ҳама инсонҳо тибқи хоста ва фармони як гурӯҳи хурд ё як нафар зиндагӣ намоянд.”

Ба гузориши сойти ҲНИТ, Шӯрои сиёсии ҲНИТ дар ин ҷаласа, ки дирӯз баргузор гардид, бо баррасии вазъи сиёсии кишвар, ба хусус фишору ҳуқуқпоймолкуниҳои рӯзҳои ахири мақомоти давлатӣ алайҳи ҲНИТ, ин иқдомотро “идомаи татбиқи протоколи маъруфи 32-20” донист ва хотирнишон кард: “Ҳадафи аслии ин иқдомот, бо роҳҳои ғайриқонунӣ заъиф ва аз саҳна берун кардани ҳамаи нерӯҳо ва афроди гуногунандеш, аз ҷумла, ҲНИТ мебошад. Ҳукумати ҶТ бо роҳандозии сиёсатҳои саркӯбгароёна алайҳи нерӯҳо ва шахсиятҳои мустақил ва қавии сиёсӣ, ривоҷ додани фасоди идорӣ ва молӣ, ҷамъ намудани қудрати сиёсӣ, низомӣ ва молии кишвар дар дасти як гурӯҳ, шикастани ғурур ва каромати инсонҳо, дахолат ба умури шахсӣ, мазҳабӣ ва фарҳангии шаҳрвандон, амалан кишварро ба як давлати худкомаи асримиёнагӣ табдил дод, ки бояд ҳама инсонҳо тибқи хоста ва фармони як гурӯҳи хурд ё як нафар зиндагӣ намоянд.”

Дар идома афзудааст: “Ва ин дар ҳоле аст, ки Конститутсияи кишвар Тоҷикистонро як кишвари демократӣ, ҳуқуқбунёд, ягона ва дунявӣ эълон кардааст, ки дар он ҳуқуқ ва озодии инсон болотарин муқаддасот ҳисобида мешавад ва давлат вазифадор аст, ки пеш аз ҳама озодӣ ва ҳуқуқи инсонҳо ва созмону иттиҳодияҳоро таъмин ва ҳимоят намояд. Аммо, имрӯз ниҳодҳои давлатӣ худ табдил ба василаи асосии қонуншиканӣ алайҳи шаҳрвандон ва поймол кардани ҳуқуқи онҳо ва ба ҳамин тартиб, вайронкунандаи аслии Конститутсия дар кишвар гаштаанд.”

Шӯрои сиёсии ҲНИТ дар идома ёдовар шудааст: “Агарчи чунин қонуншиканиҳои ошкору пинҳон солҳои ахир пайваста анҷом мешуданд, вале бастани дафтари марказии ҲНИТ шоми 24-уми августи 2015, нишонаи равшани ворид гаштани кишвар ба як марҳилаи беҳуқуқии шаҳрвандон ва ҳизбу созмонҳои гуногунандеш дар кишвар гаштааст, ки ҳар ниҳоди давлатӣ метавонад бо як амру фармони шифоҳии мақомоти боло дастури маҳдуд, бастан ва ҳабс карданро содир намояд.”

Дар идома омадааст: “Таҳқиқи ин ҳодиса нишон дод, ки тасмими бастани дафтари марказии хизб, дар як муддати кӯтоҳ ва шитобзада гирифта шудааст, ки бевосита ба қарори Раёсати Олии ҲНИТ дар бораи баргузор кардани анҷумани навбатии ҳизб рабт дорад. Чун натавонистанд, ҳизбро қабл аз анҷуман бо барномаҳои анҷомдодаашон фалаҷ намоянд ва вонамуд созанд, ки ҳизб худаш аз дохил пароканда гашту натавонист анҷуманро баргузор намояд, ночор даст ба чунин як амали ғайриқонунӣ ва ғайриахлоқӣ заданд, ки баёнгари шикасти комили тарҳҳои қаблӣ ва ноком гаштани ин барномаи зиддимиллӣ ва зиддидинӣ мебошад.”

Шӯрои сиёсии ҲНИТ дар идома бо таъкид бар ин ки “соҳибони ин андеша бовар доштанд, ки бо фишору тарс додан, гирифтани амвол ва шикастани ҳаёти иқтисодии шаҳрвандон, таҳқир ва дахолат ба ҳаёти хусусии мардум, ҳабсу куштор, метавон пеши роҳи озодихоҳӣ, адолатҷӯӣ ва талош барои зиндагии беҳтари мардуми тоҷикро гирифт” афзуд: “Аммо, таҷрибаи таърихӣ ва муосир нишон дод, ки на ҳама фарзандони ин миллати ғаюр ва мӯъмину такякунанда ба қудрати Худованд ва фитрати озодманишии миллӣ рӯҳан ва ҷисман шикаста мешаванд. Устуворӣ, субот ва идомаи фаъолияти аксари аъзо ва ҷонибдорони ҲНИТ нишонаи равшани ин воқеъияти таърихӣ мебошад. Бо зулму зӯроварӣ, бо ҳабсу куштор ва шикастану бастан касе натавонистааст, болои ин миллат тӯлони ҳукмронӣ намояд.”

Ин шӯро меафзояд: “ҲНИТ ҳамчун ҳизби сиёсии дар асоси қонунгузории кишвар ва бар пояи андеша ва афкори миллӣ ва мазҳабӣ бино ёфта, тавассути заҳматҳо ва ҷонбозиҳои таърихии муассиси он марҳум устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, ёри вафодору ҳамкори содиқи ишон марҳум устод Муҳаммадшариф Ҳимматзода ва ҷамъи ҳамроҳони дирӯзаву имрӯза табдил ба як мактаби фикриву сиёсӣ, роҳ ва нерӯи мардумии решадору асил гаштааст, ки дигар наметавон онро бо қароре, дастуре ё ҳатто шикастану бастан аз байн бурд. Мавҷудияти ҲНИТ аз хоҳишу орзуи инсоне ё гурӯҳе вобастагӣ надорад ва танҳо иродаи Худованд, мардум ва аъзову тарафдорони ин роҳ меъёр буд ва хоҳад монд.”

Дар идома омадааст: “Манфиати миллат ва давлат, қонунмеҳварӣ ва эътидол дар ҳама ҳолат аз рукнҳои аслии фаъолияти ин нерӯи мардумӣ будаанд ва хоҳанд буд. ҲНИТ ҳамеша ба муколама, гуфтугӯ, ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳтироми якдигар эътиқод дошт ва дорад ва ин фарҳангро танҳо роҳи ҳалли масоил байни кишрҳо, гурӯҳҳо, андешаҳо ва нухбагон дар кишвар медонад. Бо доштани чунин таҷриба ва омодагӣ ба ҳама ҳолатҳо, аъзо ва масъулини ҲНИТ роҳи интихобкардаашонро дар чорчӯби қонунҳои мавҷудаи кишвар ва меъёрҳои байналмилалӣ ва мутобиқ ба шароити замониву маконӣ идома хоҳанд дод ва бовар доранд, ки ин ҷуз марҳилае дар таърихи ҳизб беш нест.”

Дар поёни ин ҷаласа, Шӯрои сиёсии ҲНИТ аз мақомоти давлатӣ тақозо кардааст, ки аз амалҳои ғайриқонунӣ ва моломол аз асабонияту хушунат даст бикашанд ва фазои сиёсиву иҷтимоии кишварро ба ҳолати табиӣ дар чорчӯби қонун ва фарҳанги сиёсӣ баргардонанд. Дар чунин шароити сангини сиёсӣ ва иқтисодии минтақа ва кишвар даст задан ба чунин амалҳои ғайриқонунӣ ва провокатсионӣ кори оқилона ва созанда дар баробари миллату давлат нест.

Ҳамчунин ин шӯро аз мақомот тақозо карда, ки ҳарчӣ зудтар дафтари кории ҲНИТ-ро боз намуда, монеъи фаъолияти рӯзмарраи як ҳизби сиёсӣ дар кишвар нагарданд. Ва вазифаи конститутсионии худро анҷом дода, ба дархости ҲНИТ дар бораи ҷудо кардани толори муносиб барои баргузори анҷуман мусоидат намоянд.

Шӯрои сиёсии ҲНИТ аз тамоми аъзо ва ҷонибдорони ҳизб барои устуворӣ ва суботашон дар муқобили ин ҳама зулм, фишор ва таҳдид миннатдорӣ баён намуда, барои онҳо дар идомаи роҳи интихобнамуда дар ҳама ҳолат ва шароит бурдборӣ хоҳон аст.

Гуфтанист, нишасти матбуотии роҳбарияти ҲНИТ бо хабарнигорони дохиливу хориҷӣ қарор буд зуҳри дирӯз (27.08.2015) соати 14.00 дар толори меҳмонхонаи «Shereton” баргузор гардад, вале пеш аз вақти муқарраршуда, аз меҳмонхонаи мазкур иттилоъ медиҳанд, ки азбаски барқ хомӯш шудааст, имкони иҷозати баргузории нишастро дода наметавонанд. Аммо хабарнигори сойти ҲНИТ бо истинод ба гуфтаҳои шоҳидон ва рӯзноманигороне, ки дар саҳни меҳмонхонаи мазкур гирдиҳам ҷамъомада буданд, менависад: “Ошкор гашт, ки ин суханон воқеъият надошта, балки боз ҳам дастуре аз «боло”-ст. Ба навиштаи хабарнигори радиои «Озодӣ”, ки дар саҳни меҳмонхона қарор дошт, телефонӣ гуфтааст, ки масъулини меҳмонхона ба нафарони барои ширкат дар ин нишасти матбуотӣ ҷамъшуда эълон карданд, ки «бо сабаби хомӯш шудани барқ» дар меҳмонхона нишастро лағв мекунанд, вале «аз дур дар долонҳои меҳмонхона дида мешавад, ки чароғҳо рӯшананд». Баъдтар бо талоши роҳбарияти ҲНИТ нишасти хабарии ҳизб дар қароргоҳи муваққатии ҲНИТ оғоз ба кор кард.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.