Перейти к содержимому

Раҳбари ҷадиди Толибон алайҳи ДОЪИШ дар Афғонистон эъломи ҷиҳод кард

Раҳбари ҷадиди Толибон бо эъзоми 600 нафар ба вилояти Зобул дар ҷануби Афғонистон, алайҳи гурӯҳи “Маҳози фидоӣ” — гурӯҳи вобаста ба ДОЪИШ — эъломи ҷиҳод кардааст.

Ба гузориши хабаргузории Тасним, Мулло Ахтар Муҳаммад Мансур, раҳбари ҷадиди Толибони Афғонистон, бо эъзоми 600 нафар ба шаҳристони “Хоки афғон” дар вилояти Зобул дар ҷануби ин кишвар, алайҳи гурӯҳи “Маҳози фидоӣ” эъломи ҷиҳод кардааст.

Мулло Додуллоҳ, саркардаи гурӯҳи “Маҳози фидоӣ”, аз гурӯҳи Толибони Афғонистон ҷудо шуда ва пас аз аланӣ шудани музокироти соли 2013-и Толибон ва омрикоиҳо дар Қатар, эъломи мавҷудият кард.

Гуфта мешавад, ки се рӯз қабл низ бархе аз уламои афғон алайҳи гурӯҳҳои мухолифи раҳбари ҷадиди Толибон ва мутамойил ба гурӯҳи теруристии ДОЪИШ, эъломи ҷиҳод кардаанд.

Мулло Ахтар Муҳаммад Мансур низ тасмим гирифта, то алайҳи касоне ки аз гурӯҳи Толибони афғон ҷудо шудаанд, эъломи ҷиҳод кунад.

Се ҳафта қабл низ расонаҳои ғарбӣ аз ҷумла ВВС форсӣ ва расонаҳои наздик ба женеролҳои артиши Покистон, хабари марги Мулло Умар, раҳбари собиқи Толибони Афғонистонро ба нақл аз гурӯҳи “Маҳози фидоӣ” мунташир карданд.

Ин сароғози интишори хабари марги Мулло Умар, он ҳам дар остонаи баргузории даври дуввуми музокироти сулҳ миёни ҳукумати Афғонистон ва Толибони ин кишвар буд.

Сипас “Маҳози фидоӣ” дар баёнияе эълом кард, ки Мулло Умар бар асари беморӣ намурда, балки Мулло Ахтар Муҳаммад Мансур, раҳбари ҷадиди Толибон вайро ба василаи доруҳое масмум кардааст.

Ба назари коршиносон, “Маҳози фидоӣ” бештар аз Шӯрои Кувайта, ба Созмони иттилооти низомии Покистон (ISI) наздик аст. Он чӣ аз саргузашти “Маҳози фидоӣ” бармеояд ин аст, ки ин гурӯҳ ба раҳбарии Мулло Мансур Додуллоҳ аз ду сол пеш ташкил шудааст ва то кунун мавозеъи густардае алайҳи Толибони Афғонистон дошта, аммо то имрӯз ин гурӯҳ то ин ҳадд мавриди таваҷҷӯҳи расонаҳо қарор нагирифтааст.

Коршиносон бар ин боваранд, акнун ин “Маҳози фидоӣ” аст, ки метавонад мавозеъи Покистонро дар Афғонистон таъмин кунад, аммо ин гурӯҳ дорои чунон исму расме нест, ки битавонад шибҳинизомиёнеро ба истихдоми худ дароварад ва кори худ дар Афғонистонро оғоз кунад.

Ба назари ин коршиносон, “Маҳози фидоӣ” худ дорои собиқаи тӯлонӣ нест, ки битавонад афроди зиёдеро ба даври худ ҷамъ кунад, аммо ба назар мерасад, ин гурӯҳ бо ҳимоят аз ДОЪИШ, шояд битавонад таҳаррукотеро анҷом диҳад.

Ва бо таваҷҷӯҳ ба бархе баёнияҳои ин гурӯҳ ва бархе аносури вобаста ба ДОЪИШ дар Афғонистон, навъе ҳамбастагӣ миёни онҳо мушоҳида мешавад.

Баҳси ихтилоф миёни раҳбарони ҷадиди Толибони имрӯз низ аз сӯйи ҳамин гурӯҳи “Маҳози фидоӣ” дунбол мешавад; зеро ин гурӯҳ ба хубӣ медонад, ки ин ихтилоф аст, ки метавонад роҳро барои густариши фаъолияти он дар Афғонистон боз кунад.

“Маҳози фидоӣ” ва чандин гурӯҳи кучаки монанди он, чанде пеш зимни эъломи ҷудоӣ аз Толибон ва пайвастан ба гурӯҳи теруристии ДОЪИШ, хостори намоён шудани чеҳраи Мулло Умар шуда ва мегуфтанд, агар раҳбари Толибон чеҳраи худро нишон надиҳад, бештари шибҳинизомиён ба ДОЪИШ хоҳанд пайваст.

Бархе коршиносони афғон мӯътақиданд, ки бо таваҷҷӯҳ ба талоши равобити англисӣ–покистонӣ, “Маҳози фидоӣ” акнун ба дунболи ташкили ҳастаи аслии ДОЪИШ дар Афғонистон буда ва ҳимоятҳои пушти парда барои анҷоми ин корро низ ҷазб хоҳад кард.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: