Перейти к содержимому

Роҳи ҷилавгирӣ аз даргириҳои мазҳабӣ (2)

Силсилабаҳсҳои ислоҳи андешаи динӣ (6)

Дар баҳси пешин, дар бораи ду роҳ аз се роҳе, ки ба унвони роҳҳои ҷилавгирӣ аз даргириҳои мазҳабӣ ироа шудааст, сӯҳбат кардем ва гуфтем, ки ихтиёри он ду роҳ барои ҷомеаҳои исломӣ, на танҳо лозим нест, балки коре нодуруст аст; зеро бо бӯҳронҳое рӯ ба рӯ хоҳанд шуд, ки имрӯза ҷомеаи Ғарб бо онҳо дасту панҷа нарм мекунад; бӯҳронҳое, ки зарару зиёнашон агар нагӯем бештар аз даргириҳои мазҳабӣ аст, камтар аз онҳо нест.

Дуруст ба ҳамин далел аст, ки баъзе аз донишмандони исломӣ ва ҳатто кишварҳо, имрӯз роҳи севвумеро барои ҷомеаҳои исломӣ ҷиҳати раҳоӣ аз даргириҳои мазҳабӣ пешниҳод мекунанд. Мегӯянд, ҷомеае, ки мусалмононаш қоъидатан пайрав ва тобеъи мазҳаб ва маслаке воҳиданд, бояд ҳисоре дар пиромуни худ кашида ва монеъи вуруди андеша ва афкори мазоҳиби ба истилоҳ ғайри бумӣ ба дохили ҷомеаи худ бишаванд. Ба унвони мисол, Тоҷикистон, ки ағлаби мусалмононаш дар ақида пайрави мактаби мотуридӣ ва дар фиқҳ тобеъи мазҳаби ҳанафӣ ҳастанд, дар якчунин ҷомеа ва шабеҳи он, тибқи тавсияи ин донишмандон, набояд гузошт, ки афкор ва андешаҳои ғайри мотуридӣ ва ғайри ҳанафӣ – масалан, андешаи салафигарӣ ё шиъагарӣ ё ҳар андешаи дигари исломӣ — вориди ҳавзаи динии ин ҷомеа бишавад. Лозим ба ёдоварӣ аст, ин роҳ, ки пешниҳод мешавад, мубтанӣ бар ин пиндор аст, ки иллат ва сабаби бурузи таниш миёни мусалмонон, ихтилофи онон дар мазҳаб ва маслак аст.

Хуб, оё ин роҳ роҳи мантиқӣ ва дурусте аст ва метавонад монеъи бурузи даргирии мазҳабӣ дар ҷомеа бишавад?

Посух ин аст, ки аввалан, ин роҳ таҳаққуқпазир ва шуданӣ нест, ба хусус дар ин рӯзгор, ки кураи хокӣ ба масобаи “деҳкадаи кучаке” гардида, ки табодули афкор ва андешаҳо байни инсонҳо ва таъсиргузорӣ ва таъсирпазирӣ аз якдигар, мисли об хӯрдан барояшон муяссар шуда. Масалан, шумо наметавонед монеъи гаройиши як нафар ҷавони мусалмон ба як ақида ва андешаи хоссе бишавед, ки аз тариқи тамошои як барномаи динӣ ва мазҳабӣ дар телевизиюн барояш ҳосил шуда. Ва ё фарз кунед, як ҷавони мусалмон китоберо мутолеа карда ва пешаш қаноат ҳосил шуда, ки он чӣ дар он китоб омада ҳақ аст ва дар натиҷа ба он гаройиш пайдо карда, оё метавон аз ӯ интизор дошт, ки он андешаро ҳақ надонад ва ба он нагаравад? Асосан, оё ин имконпазир аст, ки касе ки андешаеро ҳақ мешуморад, онро ҳақ нашуморад? Бале, агар бо ӯ вориди баҳс бишавед ва бутлони он андешаро – агар нодуруст ва ботил аст — барояш собит бикунед, ин як баҳси дигар аст, ин имкон дорад, аммо баҳси мо ин нест, балки он аст, ки вақте ки як нафар инсон ақидаеро дуруст ва ҳақ мешуморад ва барояш ҳам хилофи он собит нашуда, оё метавон аз ӯ таваққӯъ дошт, ки онро нодуруст ва ботил ангорад?

Ва сониян, ин роҳ ҳатто аз назари исломӣ ҳам дуруст нест; зеро хилофи ду асли мусаллами қуръонӣ мебошад. Асли аввал, асли “Ло икроҳа фид-дин”, яъне дар дин иҷборе нест мебошад. Шумо вақте бихоҳед ҷомеаро бар бақо ва мондан бар як андешаи хосс – ҳатто он андеша ҳам, ки аз обо ва аҷдод ба ирс расида – маҷбур бисозед, ин хилофи асли мазкур аст. Ва асли дуввум, асли “табаият ва пайравӣ аз некӯтарини суханон” аст. Дар ояти 18 аз сураи Зумар мефармояд:

الَّذِينَ يَسْتَمِعُونَ الْقَوْلَ فَيَتَّبِعُونَ أَحْسَنَهُ أُوْلَئِكَ الَّذِينَ هَدَاهُمُ اللَّهُ وَأُوْلَئِكَ هُمْ أُوْلُوا الْأَلْبَابِ

Касоне ки суханонро мешунаванд ва аз некӯтарини онҳо пайравӣ мекунанд, онҳо касоне ҳастанд, ки Худо ҳидояташон карда ва онҳо хирадмандонанд.”

Бар ҳамин асос, агар як нафар инсон гӯш ба далелҳои мухталиф ва гуногун фаро бидиҳад ва ҳамаро баррасӣ бикунад ва сипас яке аз он далелҳо барояш муҳкамтар ва устувортар бинумояд, тибқи ин дастури қуръонӣ, таклифи ӯ чист? Бояд ба ин далел пушт кунад, ба ин хотир, ки мавриди писанди ҷомеа нест?

Ва солисан ва аз ҳама муҳим, асосан худи ин пиндор, ки иллат ва сабаби бурузи таниш миёни мусалмонон, ихтилофи онон дар мазҳаб ва маслак аст, пиндоре нодуруст ва ғалат аст. Агар нек баррасӣ бишавад, равшан хоҳад шуд, ки сабаби даргириҳои мазҳабӣ, ҳаргиз ихтилофи мусалмонон дар мазҳаб ва маслак набудааст, балки сабаб ва иллат дар ҷойе дигар наҳуфтааст.

Иҷоза бидиҳед, барои исботи ин муддаъо як мисоли зинда биёварам. Фарз кардем, далели даргириҳои мазҳабӣ дар Сурия ва ё Ироқро дар имрӯз, ихтилоф дар мазҳаб ва маслак бидонем ва бигӯем, шиъа ва суннӣ дар ин ду кишвар бо ҳам даргиранд (дар ҳоле ки далелаш ин нест, ҳол фарз кунем), аммо оё метавон далели даргириҳои мазҳабӣ, ки дар Либӣ миёни ҷараёнҳои ба ном исломӣ воқеъ аст, ва ё ҳатто далели даргириҳое, ки миёни ДОЪИШ ва Аннусра дар Сурия – ки ҳар ду дорои мазҳаб ва маслаки воҳид ҳастанд – ҷорӣ аст, ихтилоф дар мазҳаб ва маслак донист? Дар Либӣ, ки даргириҳо дар ҷараён аст, миёни шиъа ва суннӣ нест, ҳама дар Либӣ суннимазҳабанд.

Пас маълум мешавад, далели даргириҳои мазҳабӣ, ихтилоф дар мазҳабу маслак набудааст, балки чизе дигар аст. Диққат ва баррасӣ дар ангезаҳо ва решаҳои ин ҷангҳо, нишон медиҳад, ки далели онҳо, аввалан, сиёсӣ аст, ва сониян, таассуб аст.

Роҳи дурусти ҷилавгирӣ аз даргириҳои мазҳабӣ:

Пас, роҳи ҷилавгирӣ аз даргириҳои мазҳабӣ ин нест, ки навъе аз таассуб ҷойгузини навъе дигар аз таассуб бишавад. Ба сухани дигар, роҳаш ин нест, ки ба баҳонаи раҳоӣ аз даргирии мазҳабӣ, ҷомеаро водор ба таассуб ба як мазҳаби хосс, масалан мазҳаби ҳанафӣ, бикунем. Вақте таассуб ҳаст, даргирӣ ҳам ҳаст, ҳатто миёни пайравони мазҳаби воҳид, чунон ки дар Либӣ шоҳидаш ҳастем. Бинобар ин, барои раҳоӣ аз бурузи даргирии мазҳабӣ, бояд таассуб решакан бишавад. Таассуб ҳам, мазҳабу маслак надорад. Як нафар мутаассиб, метавонад салафӣ бошад, метавонад ҳанафӣ бошад, метавонад ҳанбалӣ бошад, метавонад шиъа бошад… Чунин нест, ки таассуб, махсуси як мазҳаби хосс аз мазоҳиби исломии мавҷуд бошад, ки агар масалан салафӣ буд, пас ӯ ҳатман муттассиб аст, вале агар ҳанафӣ буд, пас ӯ мутаассиб нест. Чунин нест.

Албатта, лозим ба тазаккур аст, ки лозимаи мутаассиб набудан, ин ҳам нест, ки ту плюралист (ба маънои мавриди назари ғарбиҳо, ки дар баҳси пешин дар ин борааш сӯҳбат кардем) бошӣ. Ҳаргиз! Мутаассиб набудан ин аст, ки ту барои дигарандеш эҳтиром қоил бошӣ. Дар истилоҳи исломӣ, ба ин тасомуҳ мегӯянд.

Тасомуҳ иборат аст аз ин ки: ду мусалмоне, ки дар мазҳаб бо ҳам мухталиф ҳастанд ва ё як мусалмон ва як ғайри мусалмон, ки дар дин бо ҳам ихтилоф доранд, дар айни ҳол, ки гаройишҳои хосс ва мутафовит аз ҳам доранд, ба ҳам эҳтиром мегузоранд ва амалан бо якдигар даргир намешаванд, ва дар айни ҳол ки ҳар касе назари худашро саҳеҳ ва назария бақияро нодуруст медонад, аммо дар амал бародарона зиндагӣ мекунанд.

Тасомуҳ як асли қуръонӣ аст. Дар Қуръони Карим оятҳои бисёре дорем, ки мӯъминонро ба ороста шудан ба сифати тасомуҳ даъват кардааст, ҳатто нисбат ба ғайри мусалмонон хусусан бо аҳли китоб аз масеҳиён ва яҳуд, то чӣ расад ба пайравони мазоҳиби дигари исломӣ. Ин навиштор гунҷоиши баёни так-таки он оятҳоро надорад, бояд дар мақолае ҷудо роҷеъ ба онҳо пардохт.

Дар ин навиштор, ба ҳамин андоза икттифо мекунам, иншоаллоҳ дар мақолаи баъдӣ вориди баҳси дигаре мешавам.

Идома дорад

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: