Перейти к содержимому

Шарҳи Маснавӣ (57)

Достони он подшоҳи ҷуҳуд, ки насрониён мекушт аз баҳри таассуб (17)

* * *

Фаҳм кардани ҳозиқони насоро макри вазирро

* * *

Ҳар кӣ соҳибзавқ буд, аз гуфти ӯ

Лаззате медиду талхӣ ҷуфти ӯ.

Ҳар он масеҳие, ки завқ ва маърифате дошт ва аҳли тамйиз буд, ибтидо суханони ороста ва андарзгунаи он вазири пуртазвирро, ки мешунид, лаззат мебурд, вале баъдан мутаваҷеҳи талхӣ ва ногувории он мешуд ва ба шарорати он вазир пай мебурд.

Нуктаҳо мегуфт ӯ омехта,

Дар ҷулоби қанд заҳре рехта.

Он вазир зимни насиҳат, нуктаҳоеро омехта бо ағрози нафсонӣ мегуфт. Дуруст мисли ин буд, ки қанди заҳрогинро дохили шарбати гулоб мекард.

Ба матлаби дақиқ ва борик ва сухани зариф нукта мегӯянд ва нукта маҷозан сирр ва латифа аст. Ҷулоби қанд: шарбати гулоб.

Зоҳираш мегуфт: дар раҳ чуст шав

В-аз асар мегуфт ҷонро: суст шав.

Вазир зоҳиран ба масеҳиён мегуфт, ки дар тариқи дини худ чусту чолок бошед. Аммо фаҳвои калом ва умқи мақсудаш руҳ ва ҷони шунавандаҳоро суст мекард ва ононро дар сулуки ойини худ дармонда месохт.

Зоҳири нуқра гар испед асту ну,

Дасту ҷома месияҳ гардад аз ӯ.

Ба унвони мисол: агарчӣ зоҳири нуқра сафед ва пурравнақ аст, вале дасту либосро сиёҳ мекунад, зеро хоссияти нуқра инчунин аст.

Оташ арчи сурхрӯй аст аз шарар,

Ту зи феъли ӯ сияҳкорӣ нигар.

Мисоли дигар: агарчӣ оташ сурх ва пуршӯъла аст, аммо усулан оташ ин хоссиятро низ дорад, ки ба ҷони ҳар чиз афтад, онро сиёҳ ва табоҳ месозад. (Ҳамин тавр суханони он вазири пуртазвир агарчӣ зоҳире ороста дошт, вале дар ботин мӯҷиби тирагии дил ва табоҳии дин ва имон мешуд.)

Шарар: пораҳои оташ, ки биҷаҳад.

Барқ агар нуре намояд дар назар,

Лек ҳаст аз хосият, дузди басар.

Мисоли дигар: агарчӣ соъиқа ба назар дурахшон ва нуронӣ мерасад, вале ин хоссиятро низ дорад, ки биноии чашмро аз байн мебарад. (Чунон ки он вазир низ бо равнақи зоҳирии худ, дар басирати масеҳиён халал дармеовард.)

Ҳар кӣ ҷуз огоҳу соҳибзавқ буд,

Гуфти ӯ дар гардани ӯ, тавқ буд.

Ҳар он масеҳие, ки огоҳӣ надошт ва соҳиби завқ ва маърифат набуд, суханони оростаи вазир ҳамчун қаллодае бар гардани ӯ меафтод ва руҳу ҷонашро мафтун мекард.

Тавқ: баргирифташуда аз тозӣ ба маънои гарданбанд.

Мудатти шаш сол дар ҳиҷрони шоҳ

Шуд вазир атбоъи Исоро паноҳ.

Он вазири маккор муддати шаш сол ба дур аз шоҳ, паноҳгоҳ ва маъвои масеҳиён буд.

Атбоъ: пайравон.

Дину дилро кул бад-ӯ биспурд халқ,

Пеши амру ҳукми ӯ мемурд халқ.

Масеҳиён ҷумлагӣ дилу дини худро ба он вазири маккор таслим карданд ва дар баробари фармон ва ҳукми ӯ комилан ба итоат даромаданд ва дар баробари ҳукми ӯ ҷон медоданд.

Идома дорад

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: