Мо ва тасаввуф (1)

Силсилабаҳсҳои ислоҳи андешаи динӣ (7)

Яке аз мабоҳисе, ки дар ростои силсилбаҳсҳои ислоҳи андешаи динӣ шоистаи тарҳ аст, баҳси тасаввуф ва ҷойгоҳи он дар ислом ва нигоҳи мо мусалмонон ба он мебошад. Пештар дар чанд қисмат дар ин мавзӯъ баҳс карда ва дар сафҳаам дар Фейсбук гузошта будам. Бо таваҷҷӯҳ ба ин ки он баҳсҳо комил набуданд, ба назарам расид, ҳамон баҳсҳоро бо изофаҳое аз нав дар вебгоҳам бигузорам. Саъй мекунам, комилтар дар ин мавзӯъ баҳс биёроям.

* * *

Ибтидо, лозим аст, ба ин нукта ишора бикунам, ки бо коста шудан аз ҷойгоҳи тасаввуф дар ҷомеаи исломӣ, зарару зиёне, ки ба сабаби он домангири мусалмонон шуд, ба ҳадде аст, ки шумо дар ҳеч мавриди дигаре мисли онро пайдо намекунед. Ҳоло инро каме тавзеҳ медиҳам.

Бибинед, баъзеҳо мегӯянд, тасаввуф магар чист? Оё ҷуз тазкия ва тарбияи нафс? Хуб, тазкия ва тарбияи нафс, ки бе тасаввуф ва бе пириву муршидиву муридӣ ҳам ҳосил мешавад, худамон метавонем ин корро анҷом бидиҳем, чаро дуконе барои ин кор боз бишавад? Ниёзе нест!

Аммо масъала ба ҳамин содагӣ ҳам нест. Ин як сатҳинигарӣ аст. Шумо бибинед, имрӯза магар Қуръон ва суннат пеши мо нест?.. Ҳаст!.. Магар мусалмонон оятҳои Қуръон ва ҳадисҳои Паёмбар (р)-ро намехонанд?.. Мехонанд!.. Магар дар ин оятҳо ва ин ҳадисҳо наомадааст, ки мусалмон дар дараҷаи аввал бояд мисли паёмбараш ороста ба ахлоқи некӯ ва писандида ва дур аз ахлоқи зишт ва нописанд – мисли ҳасодат, кинаварзӣ, ғайбат, суханчинӣ ва ғайра — бошад?.. Омадааст!.. Пас, чаро бисёре аз мусалмононро мисли ҳазрати Паёмбар (с) инсоне хушахлоқ, хушбархӯрд, худсохта ва ба дур аз ахлоқи зишт ва нописанд намебинем?.. Имрӯза дурӯғ дар миёни мусалмонон мисли об хӯрдан шудааст, бӯҳтон ва тӯҳмат задан ҳам инчунин. Шумо ҳазор бор барояшон такрор кунед, ки оқо! Худо ғайбатро ҳаром кардааст ва ин ҳам ояти қуръонӣ дар мазаммати он, ғайбат накун!.. Вале мебинед, боз ҳам ғайбат мекунад. Тараф шояд ҳазорон бор дар Қуръони Карим хондааст, ки бар асоси гумон, дар бораи одамҳо ҳукм накунед, вале мебинед, тараф бо як занн ва гумон, дигариро муттаҳам ба ҷосусӣ, душманӣ ва чизҳои дигар мекунад… Чаро?..

Далелаш ин аст: тарбият, тазкияи нафс ва худсозӣ, фақат бо хондани сирф ҳосил намешавад, балки барои он ниёз ба як нафар мураббӣ ва тарбияткунанда, ки худаш инсоне худсохта аст, вуҷуд дорад; касе ки дасти шуморо бигирад ва марҳила ба марҳила ва зина ба зина шуморо тарбият кунад, то ҷойе ки ахлоқи некӯ ва писандида дар нафсатон росих ва устувор гардад ва ҳамчунин дурӣ ҷустан аз ахлоқи зишт ва нописанд ҳам бароятон малака шавад. Зеро мураббӣ медонад, роҳи тарбия чӣ гуна аст… Ин кор бо хондан ва донистани хушку холӣ ҳосил намешавад… Инки мусалмонони садри ислом (саҳоба) одамони худсохтае буданд, сабабаш он аст, ки ҳазрати Паёмбар (с) худашон камар ба тарбияти онҳо баста буданд.

Тоза, тарбияти як нафар то як нафари дигар фарқ мекунад. Дар амри тарбият, мураббӣ пеш аз ҳар чизе дигар, бояд як равоншинос бошад. Бояд бидонад, ки оқои “А” бо чӣ роҳу равише бояд тарбият шавад ва оқои “В” бо кадом роҳ; коре, ки ҳазрати Паёмбар (с) бо саҳоба ва ёрони худ мекарданд. Масалан, наҳваи тарбияти ҳазрати Салмон (р), ки як одами ҷаҳондида ва таҳсилкардае буд, ҳаргиз бо гунаи тарбияти ҳазрати Абӯзар (р), ки як бодиянишин буд, барои Паёмбар (с) яксон набуд. Инҳоро бо муроҷеа ба ривоятҳо метавон ёфт…

* * *

Ҳол, барои рӯшан шудани масъала як ривоят нақл кунам: дар садри ислом ва дар замони Паёмбар (с), рӯзе як аъробӣ (араби биёбонӣ) вориди Мадина шуд ва яксара ба масҷид омад, то аз Паёмбар (с) симу заре бигирад. Ҳангоме ворид шуд, ки Расули Акрам (с) дар миёни анбӯҳи асҳоб ва ёрони худ буд. Аъробӣ ҳоҷати хешро изҳор кард ва атое хост.

Расули Акрам (с) чизе ба ӯ дод, вале ӯ қонеъ нашуд ва бештар хост, ба илова сухани дуруште ҳам бар забон овард ва нисбат ба Расули Акрам (с) беадабӣ кард.

Асҳоб ва ёрон сахт дар хашм шуданд ва чизе намонда буд, ки озоре ба ӯ бирасонанд, вале Расули Худо (с) монеъ шуд.

Расули Акрам (с) сипас аъробиро бо худ ба хона бурд ва миқдоре дигар ба ӯ кӯмак кард. Зимнан, аъробӣ аз наздик мушоҳида кард, ки вазъи Расули Акрам (с) ба вазъи руасо ва ҳуккоме, ки то кунун дида буд, шабоҳате надорад ва чандон зару зеваре ҳам надорад.

Аъробӣ калимаи ташаккуромез бар забон ронд. Дар ин вақт Расули Акрам (с) ба ӯ фармуд: ту дирӯз сухани дурушт ва ноҳамворе бар забон рондӣ, ки сабаби хашми асҳоб ва ёронам шуд. Ман метарсам, аз ноҳияи онҳо ба ту газанде бирасад. Ҳол, ки дар ҳузури ман ин ҷумлаи ташаккуромезро гуфтӣ, оё мумкин аст ҳамин ҷумларо дар ҳузури ҷамъият бигӯӣ, то хашм ва нороҳатие, ки онон нисбат ба ту доранд, аз байн биравад?

Аъробӣ гуфт: монеъе надорад.

Рӯзи дигар аъробӣ ба масҷид омад, дар ҳоле ки ҳама ҷамъ буданд. Расули Акрам (с) рӯ ба ҷамъият кард ва фармуд: ин мард изҳор медорад, ки аз мо розӣ шуда, оё чунин аст?

Аъробӣ гуфт: чунин аст ва ҳамон ҷумлаи ташаккуромез, ки дар хилват гуфта буд-ро такрор кард. Асҳоб ва ёрони Расули Худо (с) хандиданд.

Ҳол, шоҳиди ман дар мавзӯи мавриди назар, идомаи ин достон ва суханони ҳазрати Паёмбар (с) ба асҳоб аст. Расули Акрам (с) рӯ ба ҷамъият кард ва фармуд: масали ман ва ин гуна афрод, масали ҳамон марде аст, ки шутураш рамида буд ва фирор мекард ва мардум ба хиёли ин ки ба соҳиби шутур кӯмак бикунанд, фарёд карданд ва ба дунболи шутур давиданд. Он шутур бештар рамид ва фироритар шуд. Соҳиби шутур мардумро бонг зад ва гуфт: хоҳиш мекунам, касе ба ман коре надошта бошад, ман худам беҳтар медонам, ки аз чӣ роҳ шутури хешро ром кунам.

Соҳиби шутур ҳамин ки мардумро аз таъқиб боздошт, рафт ва як мушт алаф бардошт ва ором-ором аз ҷилави шутур берун омад бидуни он ки наърае бизанад ва фарёде бикашад ва бидавад. Тадриҷан дар ҳоле ки алафро нишон медод, ҷилав омад. Баъд бо камоли суҳулат маҳори шутури хешро дар даст гирифт ва равон шуд.

Паёмбар (с) дар идома фармуд: агар дирӯз ман шуморо озод гузошта будам, ҳатман ин аъробии бадбахт ба дасти шумо кушта шуда буд ва дар чӣ ҳоли баде кушта шуда буд; дар ҳоли куфру бутпарастӣ, вале монеъи дахолати шумо шудам ва худам бо нармӣ ва мулойимат ӯро ром кардам.

* * *

Хуб, ин ривоятро ба унвони шоҳид бар матлабе, ки дар боло гуфта будам, овардам. Яъне шоҳид бар ин матлаб, ки тарбият ва тазкия ва худсозӣ ниёз ба як мураббӣ, ки худаш одами худсохтае аст ниёзманд аст.

Тасаввуф, чунон ки гумон меравад, фақат ин нест, ки шуморе мардум ба унвони муридҳо пеши як пир ва муршид гирд оянд ва ҳаракоте аз худ ба намоиш бигузоранд ва зикру авроде ба забон биёваранд ва аҳёнан рақс бикунанд ва ба гумони худашон фонӣ шаванд ва аз ин қабил чизҳо (ки албатта ин ҳам худ як мусибат аст, ки мутаассифона сӯфинамоҳо тасаввуфро ба якчунин чизе табдил додаанд, ки дар баҳсҳои оянда дар ин хусус бештар баҳс хоҳам кард). Тасаввуф фақат инҳо нест, балки тасаввуф ин як мактаби тарбиятӣ аст, як мактаби тазкия ва худсозӣ аст бо як барномаи комилан муназзам.

Пир ва ё ҳамон муршид, ки як одами худсохта ва комилан тарбиятдида ва инсоне комил аст, дар воқеъ идомадиҳандаи рисолати Паёмбар (с) дар амри тарбият ва тазкияи нуфуси мардумон аст. (Албатта, манзурам, муршид ва пири воқеии тариқат аст — на муддаиёни тариқат ва тасаввуф — ки имрӯза хеле андак ва шояд дар кулли дунё ангуштшумор бошанд).

Касоне ки камобеш бо тасаввуф ошноӣ доранд, медонанд, ки пир, кораш тарбияти зина ба зина ва марҳила ба марҳилаи мурид аст. Ӯ як равоншинос ба тамоми маъност (агарчӣ ба ҳеч як аз истилоҳот ва вожаҳои имрӯзаи равоншиносӣ, ки дар донишгоҳҳо тадрис мешавад, ошноӣ надорад). Ӯ дар гоми аввал, бо руҳияи мурид ошно мешавад ва ташхис медиҳад, ки ин мурид чӣ зарфияте дорад, то мутаносиб ба зарфиятҳои вай, ба ӯ таклиф диҳад, ва дар ҳар як аз марҳила аз мароҳили тарбият ӯро ҳамроҳӣ мекунад; аз як манзили тарбият то манзили баъдӣ, то он ки ӯро мерасонад ба охирини манозил (ки ҳоло баҳсаш муфассал аст ва ҷояш ҳам инҷо нест ва шояд дар мабоҳиси баъдӣ роҷеъ ба манозили сайру сулук сӯҳбат бикунам) ва дар натиҷа аз ӯ як инсони комил месозад.

Ин тарбият ва ин тазкия ва ин худсохтагӣ, ҳаргиз бидуни роҳнамоӣ ва ҳидояти як пир ва як муршиди ҳақиқӣ ҳосил намешавад ва тақрибан маҳол аст.

Дар баҳси баъдӣ дар ин хусус боз ҳам бештар сӯҳбат хоҳам кард.

Идома дорад

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Реклама


Рубрики:Ваҳдати исломӣ, Ислом, Ислоҳи динӣ, Нақду назар

Метки: , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: